Зиёд мешунавем, ки шиносе, ҳамкоре ва ё хешу пайванде ба саратони ғадудҳои шир дучор гашта, дар ҳолати ҳаяҷони шадиду изтироб аз ҳар кӯю дар ба ин дарди ваҳмангез даво меҷӯянд. Иддае ба саратоншиносон, бархе ба табибони халқӣ муроҷиат карда, ҷамъе бо маслиҳати ҳамсояе, шиносе ё ғайре ба худтабобатӣ мепардозанд. «Ба омос теғ задӣ, тамом», - мегӯянд баъзеҳо. Дар ин бобат бо чанд суол аз мудири шуъбаи мамологӣ ва ҷарроҳиҳои реконструктивию барқарорсозии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наргис Ғайратова посух ҷустем.
Саратони ғадуди шир чӣ гуна беморист ва ҳолати гирифторшавӣ ба он чӣ гуна аст?
- Бемории саратони ғадуди шир дар натиҷаи тағйирёбӣ (мутатсия)-и ҳуҷайраҳо ва бофтаи эпителияҳое, ки дохили ширроҳаро мепӯшонанд, ба вуҷуд меояд. Ҳуҷайраҳои патологӣ дар бофтаҳои ғадуди шир босуръат афзоиш ёфта, омосро ба вуҷуд меоранд. Дар ҳолати табобат накардан омос ба дигар қитъаҳои бадан паҳн гардида, метавонад ба марг орад.
Ҳолатҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар тамоми дунё ва, ҳамчунин, дар Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор дорад. Ҳамасола дар ҷаҳон ҳудуди 1 млн нафар ва дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар зан бо саратони ғадуди шир ба қайд гирифта мешаванд. Асосан аз синни 45-сола боло хатари бештари гирифторшавӣ вуҷуд дорад. Мутаассифона, ҳоло бонувон дар синни ҷавонтар ба он дучор меоянд ва ҷавонтарин синне, ки бо саратони ғадуди шир ба қайд гирифтем, 20-сола аст. Ҳатто дар давраи ҳомиладорӣ низ гирифторони саратони ғадуди шир ба назар мерасанд.
Кадом омилҳо боиси пайдоиши ин беморӣ мегарданд?
- Саратони ғадуди шир бемории системавӣ буда, омилҳои ба вуҷудорандаи он гуногунанд: ғизои носолим, ирсият, вайроншавии фаъолияти ҳормонӣ дар организм қатъи назар аз синну сол, стресси пайваста. Тарсу ҳаяҷон ва низоъҳои пайвастаи хонаводагӣ занро ба стресс мерасонад, ки он метавонад вайроншавии кори ҳормонҳои ҷинсиро ба вуҷуд орад. Ҳормони стресс, яъне кортизол дар натиҷаи ҳосилшавии зиёд метавонад кори узвҳои репродуктивӣ, аз қабили бачадон ва зоидҳои он ва ғадудҳои ширро хароб созад.
Омили дигаре, ки зиёд дучор меояд, ғизост. Истифодабарии зиёди ғизои носолим, маводҳои серравған, хамириву қаннодӣ, синтетикӣ, нӯшокиҳои ширини газдор, маҳсулоти дар равған чанд маротиба бирёншуда ва чарбуи ҳайвонот, ки дар ҳарорати баланд чанд маротиба коркард ва гарм шуда, аз худ консерогенҳо ҳосил менамоянд. Ин консерогенҳо на танҳо ба саратони ғадуди шир, балки ба саратони сурхрӯда, меъда, рӯдаи ғафс ва рӯдаи рост меоранд. Истифодаи нодурусти ҳабҳои ҳормонӣ барои исқоти ҳамл, ё пешгирии ҳамл низ яке аз омилҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ мебошад. Инчунин, бемориҳои пешазсаратоние, аз қабили озах (паппиломаи дохили ширроҳа) мавҷуданд, ки намуде аз бемориҳои хушсифати пешазсаратонӣ буда, вируси паппиломаи одам барангезандаи он мебошад.
Вазни барзиёди бадан низ ба бофтаҳои ҳам ғадуди шир ва узвҳои репродуктивӣ, инчунин ба эпителияи бофтаҳои узвҳои ҳозима низ таъсири манфӣ мерасонад, ки метавонад ба барзиёд ҳосилшавии ҳормонҳои ҷинсӣ ва гирифторӣ ба саратон орад.
Чӣ гуна метавон мавҷудияти саратони ғадуди ширро муайян намуд?
- Ҳар як зани аз 20-сола боло бояд аз 6 то 12-ум рӯзи давраи ҳайз, ки рӯзҳои мувофиқ барои худмуоинакунист, бо нӯги ангуштон шуруъ аз зери бағал, нӯги пистонак ва зери онро бояд ламс карда, муайян созад, ки ягон ғуддача ва ё омосе ҷой надошта бошад. Ғадудҳои шири бонувоне, ки кӯдакони ширмак надоранд, набояд тарашшуҳот (моддаҳои аз бадан бароянда)-и сабзтоб ва ё хунобранг дошта бошанд. Омоси саратонӣ, сарфи назар аз ҳаҷм, аксаран бидуни дард аст ва ҳамон вақт дард пайдо мегардад, ки он ба бофтаҳои атрофи ғадуди шир - қафаси сина ва пӯсти ғадуди шир мегузарад. Дар ҳолати ҷо доштани саратон, агар аз берун сирояте ба он дохил шавад, дар натиҷа фасодгирии омос ба вуҷуд омада, дар он дард, фасодравӣ, тарашшуҳоти хунин ва бӯйи бад пайдо мегардад. Ин ба марҳалаҳои баъдӣ (ниҳоӣ)-и саратони ғадуди шир ишора менамояд.
Гуфтаи мардум: «Ба омос корд задан мумкин нест» то куҷо асос дорад?
- Дарвоқеъ, ҳаст ҳолате, ки табиб ба омоси саратонӣ корд намезанад, яъне ҷарроҳӣ намегузаронад ва ин марҳалаи сеюм ва чоруми бемории саратон аст. Бояд бемор аввал табобати махсусгардондашударо аз рӯи стандартҳои ташхис ва табобати саратони ғадуди шир гирад, ки на кам аз 3 - 6 моҳро фаро мегирад. Баҳогузорӣ ба ҳолати бемор ва суди табобати махсусгардондашударо танҳо мутахассиси соҳа метавонад муайян созад. Дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани чунин усули табобат, мутахассис гузарондани ҷарроҳиро тавсия медиҳад. Дар марҳалаҳои аввали беморӣ танҳо мутахассис баъди аз ташхиси пурра гузаштан, усули дурусти табобатро муайян месозад.
Мутаассифона, вақте дар занон ин беморӣ муайян мешавад, баъзан роҳбаладоне дар нохунак пайдо мегарданд, ки бо маслиҳати худсарона ҳолати беморро ба вазнинӣ меоранд. Дар марҳалаи 3–4-уми беморӣ, вақте зан табобати махсусгардондашуда намегирад, дар хориҷи кишвар, дар муассисаҳои ғайрисоҳавӣ ба онҳо ҷарроҳӣ мегузаронанд, ки баъди бозгашт ба Ватан ҳолати онҳо вазнин гашта, омоси саратонӣ аз нав пайдо мегардад. Ё ин ки ба табобатҳои ғайримеъёрӣ, аз қабили истифодаи нодурусти рустаниҳо, гузоштани шулук, ё ҳиҷомаро ба роҳ мемонанд, ки ҳуҷайраҳои омос рӯ зада, ба пӯсти қафаси сина паҳн мешавад. Ё худ дар болои омоси ғадуди шир гармӣ мегузоранд, ки дар натиҷа зери таъсири гармӣ ҳуҷайраҳои омоси саратонӣ зуд инкишоф ёфта, бузург мешаванд ва ба узвҳои ҳаётан муҳим паҳн мегарданд.
Аз ин маризӣ пурра сиҳат ёфтан имконпазир аст?
- Кафолати дурнамои зисти беморон аз муроҷиати саривақтии онҳо вобаста аст. Ҳар қадаре ки бемор ба мутахассисони соҳа барвақт муроҷиат намуда, табобат гирад, ҳамон қадар кафолати сиҳатёбӣ зиёд мегардад. Дар байни беморони мо нафароне ҳастанд, ки аз солҳои 2006 - 2010 бо саратони ғадуди шир ба қайд гирифта шуда, ҳоло сиҳату саломатанд.
Аз рӯи клиникаи табобат ва ташхис аз рӯи стандартҳо беморони мо пас аз 5 сол аз рӯйхати беморони саратонӣ ба рӯйхати сеюми клиникӣ гузаронда мешаванд, ки инҳо беморони пурра сиҳатшуда маҳсуб меёбанд. Яъне, дар ҳолати дуруст табобат гирифтан дар марҳалаҳои аввали беморӣ шахс пурра сиҳат меёбад.
Стандартҳои табобати саратони ғадуди шир дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳо чӣ фарқ дорад?
- Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми усулҳои муосири ташхиси саратони ғадуди шир дар Марказ пурра аз рӯи стандартҳои ҷаҳонии ташхис ва табобати саратони ғадуди шир ба роҳ монда шудааст, ки ҳар дусола азнавбинӣ мешаванд. Беморони мо барои табобат ба ҳар давлате ки раванд, аз ҳамин усулҳои ташхис ва табобат мегузаранд.
Марказ дар маҷмуъ, бо беш аз 10 муассисаи давлатии саратоншиносии хориҷи кишвар дар раванди илм, ташхис ва табобати ин беморӣ ҳамкории зич дорад. Дар ҳамбастагӣ бо комиссияи табобат ва ташхис бо мутахассисони хориҷӣ ба тариқи онлайн машварат меороем. Бо мутахассисони саратоншинос аз кишварҳои Швейтсария, Беларус, Россия, Эрон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҳамкории зич дорем.
Дар Марказ ҷарроҳиҳои узвнигаҳдоранда гузаронда мешаванд ва то куҷо онро ба таври васеъ ба роҳ мондан имконпазир аст?
- Шахсан, агар гӯям, беш аз ҳазор ҷарроҳӣ гузарондаам, хато намешавад, зеро солҳои фаъолият дар шуъба дар давоми як рӯз тақрибан 5 -7 ҷарроҳӣ мегузаронем, аз ҷумла ҷарроҳиҳои узвнигоҳдоранда. Мекӯшем, ки то ҳадди имкон миёни бонувон чунин ҷарроҳиро ба роҳ монем, зеро талаф додани узв ба руҳияи зан таъсири ногувору манфӣ мерасонад.
Мафҳуми зан худ зебоист ва набояд занон дар зебоӣ маҳдудияте дошта бошанд. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоем, ки дар ҳолати пай бурдани омосҳо сари вақт ба мутахассисон муроҷиат намоянд. Дар марҳалаҳои аввали беморӣ ташхис ва табобат гирифтан кафолати аз даст надодани узви онҳо мебошад.
То ба зинаи табиби ҷарроҳи реконструк¬тивию барқарорсозӣ расидан, кадом зинаҳоро паймудед?
- Соли 2005 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм карда, солҳои 2005 - 2008 ба шуъбаи магистратура ҳамчун саратоншинос дохил шудам ва соли 2008 онро ба итмом расондам. Ин давра дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ сипарӣ шуд ва соли 2008 ҳамчун табиби саратоншинос ва ҷарроҳ ба Беморхонаи марказии шаҳри Данғара роҳхат гирифта, тули 2 сол ҳамчун ҷарроҳ фаъолият доштам.
Солҳои 2011–2013 дар Донишгоҳи баъдидипломии кормандони соҳаи тиб, дар ординатураи клиникӣ таҳсил кардам. Пас, тариқи озмун ҳамчун мудири шуъбаи мамологӣ ва ҷарроҳиҳои реконструктивию барқарорсозии Марказ таъин шудам. Аз соли 2014 ҳамчун мутахассис-мамолог фаъолияти табибӣ ва ҷарроҳиро дар ҳамин шуъба сипарӣ менамоям. Дар раванди ташхис ва табобати беморон аз роҳбарияти Марказ ва мутахассисони варзидаи он дастгирии зиёде дидам, ки барои таҷрибаи бештар ҳосил намудан бароям хеле кумак кард. Қатъи назар аз мушкилоте, ки дар ташхис ва табобати беморони саратони ғадуди шир ҷой дорад, мекӯшем, то дар раванди илм низ пешравиҳои зиёде дошта бошем.
Маслиҳати Шумо ба бонувон
- Табиби ҳар як инсон нахуст худи ӯст. Сарфи назар аз намуди беморӣ, дар марҳалаҳои аввал ҳамаи бемориҳо табобатшаванданд. Бонувон нахуст тарзи ҳаёти солимро пеш баранд, аз ғизои ҳаррӯза маҳсулоти чарбуӣ, қаннодӣ ва нониро кам намоянд. Ба стресс роҳ надода, на кам аз ду маротиба дар як сол аз муоинаи табиби бемориҳои амрози занона гузаранд. Ҳалқаи аввали муоина ва пешгирии саратони ғадуди шир ва гарданаки бачадон ҳуҷраҳои табибони оилавӣ ва бемориҳои амрози занона мебошад. Ба истифодаи худсаронаи ҳаббҳои зидди ҳамл ва исқоти ҳамл хотима бахшида, аз машварати мутахассисони варзида баҳравар гарданд.
Суҳбаторо Ситора АШӮРОВА