Зодагони ноҳияи Ишкошим дар пойтахт ва минтақаҳои дигари кишвар содиқона ба Ватан хизмат мекунанд. Муовини ректор оид ба тарбия, номзади илми тиб, дотсенти кафедраи физиология - патологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Парвина Қурбонбекова яке аз чунин чеҳраҳост.
Ҳашт сол қабл дар асоси озмун муовини ректор оид ба тарбия таъин шуд. Дастовардҳои илмӣ ва амалии ин бонуи фаъолу пуркор ва ҷӯяндаву навовар боис гардид, ки дар қатори довталабони зиёд ба ин мақом ӯро шоиста донистанд. Фаъолияти касбии ӯ дар Донишгоҳ соли 1998, дар вазифаи ассистент ва сипас муаллими калони кафедраи физиологияи патологӣ оғоз ёфт. Муҳити эҷодӣ, омӯзиши пайваста, ҷустуҷӯи пайдарпай ва тақвият додани малакаи касбиро тақозо менамояд. Дар баробари сабақомӯзӣ ба шогирдон солҳои гуногун дар вазифаҳои муовини декани факултети педиатрӣ, мутахассиси шуъбаи муолиҷавӣ, сардори гурӯҳи назорати сифати таҳсилоти Донишгоҳ фаъолият дошт. Рисолаи номзади илмро соли 2007 дар мавзуи «Дараҷаи паҳншавӣ ва хусусиятҳои этиологӣ, патогенез, ҷараёнгирӣ, клиника ва муолиҷаи пиодермияҳо дар сокинони баландкӯҳ, миёнакӯҳ ва водиҳо» ҳимоя намуд.
Парвина дар деҳаи зебоманзари Андароби деҳоти ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим таваллуд ёфтаст. Вақте гурӯҳи кории пизишкон ба мактабашон барои эмгузаронӣ ва ташхиси тиббӣ меомаданд ва корашонро зуд, фаъол ва тоза анҷом медоданду барои ҳар талабае, суханҳои меҳромез меёфтанд, ӯро дар қалб орзуи табиб шудан макон гирифт. Дар тасаввури Парвина ва ҳамсабақони зиёдаш беҳтарину меҳрубонтарин ва донотарин одамон пизишкҳо ҳастанду шавқи хилъати сафед ба бар кардану ба мардум хизмат намудан, дар дили духтараки хурдсол шуъла зад.
- Дар хона, вақте сухан аз пизишкон рафт, бибӣ ба набераи мактабхонаш муроҷиат намуд: «Духтарам, саломатӣ гавҳари бебаҳосту табиб будан шараф ва сазовори ин номи баланд гардидан аз он бузургтар. Мехоҳам духтур шавӣ ва ба мардум хизмат расонӣ».
Ба бахти Парвина дар мактаби деҳа яке аз омӯзгорони варзидаи фанни химия дар вилоят Мавлодод Фарҳодов, ки ӯро дар ноҳия ва берун аз он «Менделееви тоҷик» мегуфтанд, дарс медод. Ба шарофати дарсҳои шавқовари ӯ хонандагони зиёд ба омӯзиши фанҳои табиӣ дил баста буданд. Парвина дар машғулиятҳои беруназсинфии муаллим низ ширкати фаъол дошту чандин бор дар қатори беҳтаринҳо мактабро дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ намояндагӣ намуд. Аз ин рӯ, ба мактаби олӣ осон шомил гашт.
Пас аз хатми Донишгоҳ соли 1993 дар беморхонаи минтақавии деҳаи дурдасти Вранги ноҳияи Ишкошим ҳамчун духтури педиатр ба кор пардохт. Деҳотиён ба мутахассиси ҷавони серғайрату хушгуфтор ва масъул дар иҷрои вазифаи касбӣ дил бастанд. Солмандон дар симояш шахси наздикашонро медиданду ба ӯ бо вожаи «духтарам», ё «духтури ман» муроҷиат менамуданд. Ӯ муоинаи беморонро хеле бодиққат анҷом медоду дар мушовара бо ҳамкорон барои табобати беморон тавсияҳои дурусту дақиқ пешниҳод менамуд, гарчанде навкору ҷавон буд, сифатҳои касбиаш боиси таҳкими боварӣ ва эътимод ба ӯ гардиданд.
Овозаи духтараки соҳибкасби қобилу доно ва соҳибэҳтиром дар ноҳия доман заду хостгорҳо яке аз пайи дигаре меомаданд. Бахти ҷавони хизматчии ҳарбӣ, ки ҷойи кораш дар маркази ҷумҳурӣ буд, баландӣ карду пас аз ҷашн ӯ арӯсро бо худ бурд. Дар ҷойи нав Парвина муддате ҳамчун духтури эпидемиолог дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кард. Инак, қариб 30 сол мешавад, ки ӯ тақдирашро бо Донишгоҳ пайвастааст. Вай ба тарбияи миллӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими тарбияи ахлоқист, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, зеро он дар ташаккул додани ғояҳои миллӣ, пойдории истиқлоли давлатӣ ва дигар арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад.
Муовини ректор оид ба тарбия бо сипосгузорӣ аз номи бонувон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар доири татбиқ ва амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мудирияти Донишгоҳ бо назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордонӣ занону духтаронро ба вазифаҳои масъул ҷалб намудаст. Айни замон дар Донишгоҳи тиббӣ аз 1598 корманд 65,3 фоизро занон ташкил менамоянд. Занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолияти пурсамар дошта, 43,3 фоиз мудирони кафедра, 41,6 фоиз сардорони шуъбаю марказҳо ва 25,5 дарсади аъзои раёсати Донишгоҳ бонувонанд.
Олимбонувон захираи бузурги зеҳнии Донишгоҳи тиббӣ буда, истифодаи неруи зеҳнии ин қишри демографӣ барои пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фармасевтии кишвар аҳамияти бузург дорад. Алҳол, дар Донишгоҳ як академик ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 23 доктори илмҳои тиб, 14 профессор, 114 номзади илмҳои тиб, 93 дотсент фаъолияти пурсамар доранд. Дастовардҳои онҳо на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он мақому манзалати хоса доранд.
Дар ҷодаи ихтирооту навоварӣ дар соҳаи тиб дар Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор олимҳои Донишгоҳ тайи солҳои охир сазовори 11 медали тилло, 2 нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд. Танҳо дар соли сипаришуда 13 нафар бонуи Донишгоҳ ба мукофоти давлатӣ, касбӣ ва ифтихорномаю сипосномаҳо қадр шуд. Дар умум 36 нафар олимбонуи Донишгоҳро давлат ва Ҳукумати кишвар қадр намуда, сазовори мукофотҳои баланди давлатӣ гардонданд.
Бонуе синосифат аз диёри чашмаҳои гарм Парвина Қурбонбекова, дорандаи ордени Шараф дараҷаи II, нишони Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, муаллифи 116 таълифоти илмӣ, аз ҷумла китобҳои дарсии «Физиологияи патологӣ» аз зумраи занони олими тоҷик аст, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва пешрафти илми ватанӣ саҳми сазовор дорад.
Ҳар бори омаданаш ба зодгоҳ, аз муассисаи тиббии деҳоти Зонг, ки фаъолияти касбиашон аз ин ҷо оғоз ёфт, дидан мекунад. Айни ҳол, дар ҷойи муассисаи куҳна шифохонаи замонавӣ бо таҷҳизоти муосир дар хизмати аҳолӣ қарор дорад.
Мирзоҷалоли ШОҲҶАМОЛ