Ба аёдати Юра Козин омадам.
Омаданам ба корпартоии духтурон рост омад.
Дар роҳрави шуъбаи холии бемориҳои саратон танҳо як духтур қадам мезад.
Юра Козин, дӯсти ман, гирифтори бемории саратони рӯдаи ғафс, ба ман гуфт:
– Ҳама рафтанд, танҳо Марик монд.
Таркидам, худро дошта натавонистам. Гуфтам:
– Юра, онҳо савганди Гиппократро ёд карданд, ки ҳама чиро фидои одамон мекунанд!. Чӣ тавр метавон беморонро партофта, баромада биравӣ?…
Ҳамин лаҳза Марик аз назди мо мегузашт.
Гуфтам:
– Салом, Марик, ман коргардонам, ба фаҳмаш намеравам! Дар ин ҷо чунон бенизомӣ ҳукмфармост!…
Ӯ пурсид:
– Шумо беморед?
Гуфтам:
– На, ба аёдати рафиқам, Юра Козин, омадаам.
Вай бо ангушташ ба ман ишора карда, ба Юра гуфт:
– Рафиқи худро хушҳол намо, табъаш чандон хуб нест.
– Табъи ман? – дар ғазаб гардида, пурсидам.
Аммо Марик ба сӯе рафт, ки бояд мерафт.
Юра гуфт:
– Ман бароят сурудеро мехонам, ки онро Марик эҷод кардааст… Ту танҳо бо гуфтани Умп…умп…умп…умп ба ман ёрӣ бидеҳ, зеро Лилия ҳоло ҳам гитори маро наовардааст…
Пурсидам:
– Юра, кадоме аз мо бемор аст?
Аммо ӯ аллакай ба сурудхонӣ оғоз карда буд.
Суруд ба беморони хушҳоли мубталошуда ба дарди саратон рабт дошт.
Дигар илоҷ надоштам, бо «умп…умп…умп…»-и худ ба ӯ кумак намудам.
Ногаҳон яке паси дигар беморон ҷамъ омаданд.
Онҳое омаданд, ки сари по истода метавонистанд, онҳое, ки баъди гирифтани кимиёи понздаҳум қарор доштанд, онҳое, ки зоҳиран зинда намемонданд, онҳое, ки ҳанӯз ҳам умедвор буданд, ҳарчанд омоси нохуб доштанд…понздаҳ нафар ҷамъ омаданд…
Ҳайратовар ин буд, ки шуъба ба назар дигар фарсуда наменамуд.
Суруд ба забони русӣ садо медод ва исроилиҳову арабҳо ҳамовозӣ мекарданд.
– «Гурги бур барои мо даҳшатнок нест»… муҳтавои умдаи суруд ҳамин гуна буд.
Мусиқӣ: «Дар назди обҷӯшон ман ва Машаи ман».
Ҳангоматалбона мехонданд, ба ваҷд меомаданд ҳуззор.
Ҳамин тавр, «Ҳамсароии Пятнитский» ба вуҷуд омад.
Ҳолате сар зад, ки ба муҳити беморони гирифтори дарди саратон, ки дар тасаввури мост, созгор набуд.
На оҳу нолаву шеван шунида мешуду на афсӯсу ҳасрат ва на ҳақорату лаънат…
Чашмҳо дурахшон, ҳама бадиҳо аз ёдҳо зудуда, суруд танинандоз ва табъ болида.
Баъди ин суруд боз як суруди дигар садо дод.
Сипас, Марик гуфт:
– Мо намегузорем, ки дард моро асири худ кунад. Не, намегузорем. Саратон дӯст надорад, ки одамон фаромӯшаш созанд. Ӯ мехоҳад, мо ҳамеша дар мавридаш биандешем, аммо мо фаромӯшаш кардем. Фаромӯш!
– Фаромӯш кардем!– дигарон ҳамовоз шуданд.
– Ба ёд намеорем!
– Якдигарро дастгирӣ мекунем, ин барои ӯ ба марг баробар аст. Мо суруд мехонем!
– Бале, мехонем!
– Моро асир карда наметавонад!
– Наметавонад!
Ман ҳайратзада шудам…
Ҳасад бурдам.
Ба муқовимати онҳо, ба иттиҳоде, ки дар пеши назари ман дар шуъбаи бемориҳои саратон ба миён омад, ҳасад бурдам.
– Ба худ андешидам: барои он ки чӣ будани зиндагии ҳақиқӣ дарк бишавад, ба «дарди бедаво» мубтало бояд шуд.
Дар пеши чашми ман одамоне меистоданд, ки дар назди даҳшатноктарин беморӣ сар хам накардаанд. Сирри зиндагӣ барои онҳо сода буд: наандешидан дар мавриди хеш.
Марикро ҷӯё шудам. Хомӯш дар канор меистод.
Наздик ба ду соат дар ин шуъба будам. Ҳамаро бо чашмонам дидам. Чиро дидам?! Дидам, ки чӣ тавр якдигарро дастгирӣ мекунанд, ба маънои куллаш, ҳамин тавр, аз дасти ҳамдигар мегиранд. Дидам, ки дигарон чӣ гуна онеро, ки ногоҳ дар куҷо будану ба чӣ мубтало шуданаш ба ёдаш расидааст, ба суҳбати худ мекашанд. Дидам, ки суруди нав меофаранд. Якҷоя, яке ҳарфи дигареро намебурад…
Аз бозёфт ва мавзунии калом меболанд, ба ваҷд меоянд…
Дидам, ки чӣ сон дар рӯйи бистари беморе, ки шояд дигар хеста наметавонист, саргарми бозии мароқовар мешаванд. Дидам, ки чӣ гуна дар яке аз палатаҳо дар мавриди вазъи кинои солҳои 60-ум бо баъдан намоиш додани филми «Манзумаи сарбоз» ва овардани зерсатр ба забони ибрӣ суҳбати гарм сурат мегирад. Суҳбаторо, профессор, муаррихи кино, исроилии таҳҷо, донандаи хуби коргардон Чухрай буд.
Ӯ бемор буд, аммо чун уқоб ба назар мерасид…
Акнун ба фаҳмаш меравам, ки ин филмро ҳамту интихоб накарда буданд. Дар ин интихоб Марик даст дошт. Одамон на аз ғаму андуҳ, балки аз кадом назофату покӣ мегиристанд. Ёд доред, ки ҷавоне (дар филм) дар замони ҷанг барои хабаргирии модари худ меравад, ба вай чанд рӯзе имтиёзи мураххасӣ додаанд, барои модараш ҳадяҳо гирифтааст, аммо дар роҳ онҳоро ба одамон медиҳад… танҳо ба хотири он ки онҳоро дастгирию дилгарм бикунад…Дар шигифт афтодам, ки одамон филмро чӣ тавр бо муҳаббат тамошо карданд. Чӣ сон ғусса хӯрданд.
Албатта, на ҳама дар ин амали таҷрибавии Марик ширкат варзиданд, аммо ағлаб ҳузур доштанд. Роҷеъ ба онҳо менависам.
Худи Марик гоҳ пайдо мешавад, гоҳе дигар ғайб мезанад, меистад, тамошо мекунад, андешаманд, хомӯш…баъд ба куҷое даъваташ мекунанд, меравад…ва боз пайдо мешавад…
Ҳамин тавр ду соат гузашт… Намехостам аз бемористон биравам.
Бояд намерафтам, мемондам, аммо чун ҳамеша боз ҳам сафсатаю ду пула гап пирӯз омад: ба кор бояд равам, он ҷо бояд чизеро сабт намоям, барои наворбардорӣ омодагӣ бояд бубинам…Аз ман бипурсед, ки чиро ба навор гирифтам, ҷавоб намедиҳам…бипурсед, ки ба куҷо ин қадар шитоб кардам, дар ёд надорам…
Ба куҷо ин тавр шитоб кардам?! Ба куҷо-а?
***
Дурӯғ намегӯям, ин қазия чандин хотима дорад.
Якумаш – тааҷҷубовар аст.
Юраи ман шифо ёфт.
Ва аксари онҳое ҳам, ки он вақт дидам, сиҳат ёфтанд.
Таҷрибаи Марик сурати ҳайратангез гирифт.
Беморони шуъбаи саратон бо ташхиси «шумо ҳеч гуна бемории саратон надоред!» ҷавоб шуданд.
Бояд ба Марик Ҷоизаи Нобел дода мешуд…
Агар хотимаи дуюми ғайриинтизори ин қазия намебуд…
Марик фавтид.
Оре-оре, рӯшан гардид, ки маҳз ӯ, воқеан ҳам, мариз буда.
Вай мубтало ба бемории саратони хун буд, аммо ҳеч кас (ҳатто наздиктаринҳояш) аз ин воқиф набуд.
Худ медонист. Аммо вай чунон дар ҳама ҳулул гардид, чунон тавонист аз худ берун биояду дар онҳо бизиҳад, ки ба сурати зебо қосиди аҷалро лаббайк гуфт. Ором, бо хушҳолӣ, бидуни эҳсоси дард… чунин вонамуд мекард, ки дардро ҳис намекунад, то вопасин лаҳза мутеи беморӣ намешавад……Ба ёдам меояд, баъдҳо бо Юра Козин нишаста, дар мавриди Марик суҳбат мекардем ва боре Юра ба ман гуфт:
– Ту ҳатто тасаввур намекунӣ, ки ӯ чӣ кореро анҷом дод. Ӯ моро бо зиндагӣ сироят намуд. Ҳамон зиндагиеро, ки худаш ба сар бурд… Аз як тараф ман мефаҳмам, ки ба ин сурат зиндагӣ кардан ғайримумкин аст, аммо аз ҷониби дигар, мутмаинам, ки ҳамин гуна бояд зист.
Боварнакарданист-а?
Ман он гоҳ фикр кардам, ки чунин зистанро бояд омӯхту аз худ кард… Кӣ меомӯзонад?!
Эҳтимол, ин дуо ва ниёиши ман бошад.
Меомӯзам…
Аз русӣ тарҷумаи
Сироҷиддин ИКРОМӢ