Аксаран бар онанд, ки ҳама инсонҳо яксонанд ва фарқи байни ҷинсҳо он қадар ҳам зиёд нест. Донистани ин далелҳо дар бораи организми зан хеле ҷолибанд:
1.Дили зан нисбат ба мард тезтар метапад.
2. Занон назар ба мардҳо ду маротиба бештар чашмак мезананд.
3. Занон масуният (иммунитет)-и қавӣ доранд.
4. Диаметри мӯи зан аз мӯи мард 2 маротиба хурдтар аст.
5. Мағзи сари зан ғафстар аз майнаи мард аст. Он 30 % бештар пайвастагиҳоро дар бар мегирад. Ин ба бонувон имкон медиҳад, ки дар як вақт бо чанд вазифаҳо мубориза баранд.
6. Забони зан дорои таъми бештар аст.
7. Занҳо метавонанд сояҳо ва рангҳоро беҳтар фарқ кунанд, зеро табъизи ранг мустақиман ба хромосомаи X алоқаманд аст.
8. Пӯсти бонувон назар ба мардҳо 10 маротиба ҳассостар аст.
9. Мушакҳо ва пайвандҳои бадани зан бештар эластин доранд, аз ин рӯ онҳо чандиртаранд.
10. Занҳо дар фарқ кардани садоҳои басомади баланд нисбат ба мардон ҳассостаранд.
11. Фаъолияти мағзи сари зан ҳангоми хоб ҳамагӣ 10 % коҳиш меёбад, бинобар ин хоби занҳо ҳассостар аст.
12. Занон метавонанд таъми ширинро беҳтар фарқ кунанд.
13. Суханронии занонро ду маркази таҳлилӣ назорат мекунад. Ин аст, ки онҳо метавонанд дар як рӯз то 8000 калимаро ба осонӣ талаффуз кунанд ва тақрибан 3000 садо ва 10 000 сигнали ғайривербалиро истифода баранд. Ин нишондиҳандаҳо барои мардҳо тақрибан 2 маротиба камтаранд.
18. Бонувон табиатан бӯйро беҳтар ҳис мекунанд.
19. Дар бонувон биноиши периферикӣ (паҳлу) беҳтар инкишоф ёфтаанд, дар ҳоле ки мардҳо биноиши марказии беҳтар доранд.
20. Гардани зан аз гардани мард бештар ҳаракат дорад. Бо шунидани садои занг зан одатан сарро мегардонад ва мард бошад тамоми баданро.
21. Бо сабаби мавҷудияти ду хромосомаи X, ҷисми зан ба мушкилиҳо ва бемориҳои музмин камтар дучор меояд.
22. Бонувон табиатан эҳсосӣ буда, дар як сол ба ҳисоби миёна тақрибан 30 - 60 маротиба ва мардҳо 6-17 маротиба мегирянд.
23. Тақрибан 30 фоизи бонувон ҳангоми ҳомиладорӣ хоҳиши хӯрдани чизҳоеро, ки истеъмолашон дуруст нест, эҳсос мекунанд. Ба мисоли бӯр, хок, шамъ ва ғ.
24. Занҳо бо сабаби оне, ки сатҳи гормонҳои прогестерон, кортизол ва эстрадиоли баланд дар организм доранд, изтироб ва эҳсоси хатарро бештар дарк мекунанд. Ин аст, ки занон фавран таҳдиду хатарро ҳис мекунанд.
Таҳияи АНОҲИТО
Манбаъ: сомонаи Главком