Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ дар омода намудани мутахассисони сатҳи миёнаи тиббӣ нақши муҳим дошта, бунёди бинои наву замонавии он яке аз нишонаҳои таваҷҷуҳи беандозаи Ҳукумати кишвар дар рушди соҳаи тандурустӣ арзёбӣ мешавад, - зикр дошт муовини директори муассисаи давлатии таълимӣ Манижа Мирзонаботова.
Алҳол дар Коллеҷ 464 донишҷӯ аз тамоми манотиқи кишвар, ки ба воситаи Маркази миллии тестӣ қабул шудаанд, сабақ мегиранд. Расо 60 сол қабл нахустин 30 толибкасб ба остонаи ин омӯзишгоҳ, ки дар як бинои хурди шаҳр мустақар буд, қадам гузошта буданд. Дар ин муддат ба садҳо ҷавонон ихтисоси миёнаи тиббӣ омӯхтааст.
Бо назардошти беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои миёнаи соҳаи тиб ва фароҳам овардани шароити созгор барои таълимгирандагон бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзишгоҳи тиббӣ ба Коллеҷ табдил ёфт ва бинои нави замонавии он бунёд гардид, ки аз 5 ошёна бо зербино иборат мебошад. Ошёнаҳои 4-ум ва 5-ум ҳамчун хобгоҳи донишҷӯён истифода мешаванд. Дар баробари ин, дар бино 8 ҳуҷраи корӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, се озмоишгоҳ ва 13 синф барои 240 хонанда дар як баст дар хизмати донишҷӯён қарор доранд. Муассиса ба шабакаи интернет пайваст буда, теъдоди компютерҳо ба 40 адад мерасад. Дар назди муассиса майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Дар ин макон донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои ҳамширагӣ, тиббӣ-профилактикӣ, фармасевтӣ ва момодоягӣ омӯзиш мебинанду таҷриба мегиранд. Дар баробари забони давлатӣ, ки таълим бо ин забон сурат мегирад, ба таври иловагӣ ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ низ диққат дода мешавад.
– Вазифаи асосии Коллеҷ таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои баландихтисоси миёнаи тиббӣ буда, дар ин ҷода дастовардхои назаррас дорем. Ҳамарӯза дар ҷаҳони муосир дар соҳаи тиб ва фармасевтика таҳаввулоти гуногун ба вуқуъ мепайванданду агар мутахассисони ҷавон оид ба онҳо огоҳӣ дошта бошад, барои рушди касбиашон аз манфиат холӣ намемонад. Як зумра хатмкардагони Коллеҷ таҳсилотро дар макотиби олии тиббӣ идома медиҳанд. Забондонӣ, ҳамчунин, барои корёбии мутахассисони ҷавон кумак мекунад.
Пайваста баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар маркази диққати мудирияти муассиса қарор дошта, Коллеҷ аз рӯи нишондиҳандаҳои таълимӣ шуҳрати яке аз муассисаҳои давлатии таълимии муваффақро касб намудаст. Муҳассилин таҷрибаомӯзии касбӣ ва пешаздипломиро дар беморхонаи вилоятӣ, марказҳои бемориҳои дил, сил, таваллудхонаи вилоятӣ ва Маркази тибби Оғохон мегузаронанд ва сипас, бо бори донишу таҷриба ба муассисаҳои тандурустӣ роҳхат мегиранд.
- Агарчи дар муассиса бештар духтарон таҳсил менамоянд, шумораи писарон низ меафзояд, ҳоло шумораи онҳо ба 86 расидааст, ки аз афзоиши обруву эътибори кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла мутахассисони сатҳи миёна шаҳодат медиҳад, - гуфт роҳбари таълимгоҳ.
Манижа Мирзонаботова пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев 16 сол дар мактаби шаҳр аз фанни химия ба талабагон дарс дод. Мактаб барояш майдони сайқали маҳорату малакаи омӯзгорӣ гардид. Дар он айём ҳамчун омӯзгори ҷавони бодонишу ҷӯянда ва ташаббускору навовар ва масъулиятшинос шинохта шуд. Баранда шудани шогирдонаш дар озмунҳои сатҳи гуногун ба обрую эътибораш афзуда, ҳамчунин, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускории омӯзгори ҷавон рӯйи кор омаданд.
Вақте дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» барои ишғоли мансаби муовини директор оид ба корҳои таълим озмун эълон гардид, Манижабону низ ширкат варзиду ғолиб омад. Дар ҷойи нави кор мутахассиси ҷавон сифатҳои беҳтарини ташкилотчигӣ ва кордониашро зоҳир намуд. Китобхонаи Коллеҷ, ки ба таърихи таъсисёбии муассиса баробар аст, навсозӣ шуда, фонди китоб тақвият бахшида шуд. Айни ҳол наздики 6 ҳазор китоб, ки қариб 4 ҳазораш адабиёти тахассусӣ мебошад, дар хидмати ҷӯяндагон қарор дорад. Барои таълими донишҷӯён 62 мутахассиси беҳтарини соҳаи пизишкӣ ҷалб гардидааст, мутахассисони дорои донишу таҷрибаи баланд маҳорату малакаашонро ба шогирдон меомӯзанд.
Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ имиҷи хуб дошта, дар ин ҷо қариб 200 таълимгиранда аз дигар минтақаҳо машғули тадрис мебошад. Дар баробари сатҳи хуби таълиму тарбия руҳияи эҷодкорӣ дар муҳити ин ҷо ҳамеша ҳукмфармост. Дар намоишҳои ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргону Меҳргон ва дигар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ кормандону муҳассилини муассисаи таълимӣ ҳамеша ширкати фаъол меварзанду бо ҳунар ва эҷодкориашон мақбули тамошогарон мегарданд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» чор донишварз ва ихтироъкорони ҷавони муассиса дар номинатсияҳои биология, химия ва физика ширкат варзиданд, ки гувоҳи пирӯзиҳои таълимии муассиса арзёбӣ мешаванд.
М. ШОҲҶАМОЛ, шаҳри Хоруғ