Хун моеъест, ки дар рагҳои варид ва рагҳои шараёни бадани инсон ҷараён дорад. Он тамоми узвҳо ва мушакҳои баданро бо оксиген таъмин месозад, ки барои фаъолияти ҳаётии организм бениҳоят зарур аст. Вале дар баъзе мавридҳо норасоии он низ муайян мегардад. Онро ба забони тиббӣ «анемия» мегӯянд, ки маънии камхуниро дорад.
Аз насл ба насл пизишкони қадим талош меварзиданд, то муайян намоянд, ки хун чисту аз чӣ таркиб ёфтааст. Бояд гуфт, ки хун партов ва моддаҳои нолозимро аз бадан дур месозад. Шахси калонсол тақрибан дорои 5 литр хун аст, ки дар натиҷаи кашишхӯрии дил пайваста дар ҳаракат ва гардиш мебошад.
Ҳамаи мо аз хурдсолӣ бо волидайни худ ба марказҳои саломатӣ муроҷиат намудаем ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои ташхис хун низ супурдаем, то ки духтури табобаткунанда муайян намояд, ки минбаъд табобатро чӣ гуна ба роҳ монад ва ё баръакс, дарк созад, ки солимӣ барқарор гардидааст ва чизи дигаре лозим нест. Духтур муайян менамояд, ки миқдори лейкотситҳо, эритроцитҳо ва дигарҳо чӣ қадаранд ва оё магар ҷараёни илтиҳобии ниҳонӣ вуҷуд дорад ё на? Дар ин бора, бо Зулайхо Турақулова, табиби оилавии Маркази саломатии № 11-и шаҳри Душанбе суҳбате оростем.
- Камхунӣ чист ва он барои организм чӣ пайомадҳо дорад?
- Бояд гуфт, ки анемия вожаи юнонӣ буда, маънии таҳтуллафзии он камхунӣ аст. Дар бадани инсон, бе муҳобот ба миқдори гуногун тамоми элементҳои системаи даврии Менделеев мавҷуд мебошанд. Ва аксарияти онҳо барои фаъолияти дурусти организм ҳаётан муҳиманд. Оҳан дар шаклҳои гуногуни он дар организм ба миқдори хеле зиёд аст, наздики 4 грамм, ки алалхусус 3 қисми он маҳз дар гемоглобин мавҷуд мебошад ва ба таври худ гӯё вазифаи воситаи нақлиётро иҷро менамояд, ки бо ёрии он моддаи зарурӣ бо хун ба тамоми организм паҳн мегардад. Аз нуқтаи назари мо 4 грамм на он қадар зиёд аст, алалхусус бо назардошти оне, ки дар натиҷаи ҷараёни муътадили физиологӣ, ба монанди интиқоли табиӣ, ҳайзбинӣ, синамаконӣ, дур сохтани ҳуҷайраҳои мурдаи пӯст ҳамарӯза 2 миллиграмми оҳан кам мегардад. Ба назар чунин менамояд, ки ин миқдорро дар як лаҳза пур кардан хеле осон аст. Лек дар амал ин чунин нест. То ҳол ҳеҷ як роҳу усули ба зудӣ барқаррор сохтани захираҳои масрафшудаи организм ихтироъ нагардидааст, аз рӯ, оҳан бояд пайваста ба миқдори зарурӣ ба организм ворид гардад, то ки захираҳои масрафшударо рӯйпӯш намояд, мегӯяд табиби ботаҷриба.
- Камхунӣ магар аломатҳои ба худ хос дорад?
- Бале, он аломатҳои зоҳирӣ низ дорад, ки ба ин тариқ метавон дар мавриди ҷой доштан ва ё надоштани он хулоса баровард. Аломатҳои асосии камхунӣ – ин заифӣ ва паридани ранги рӯй мебошад, ки дар натиҷаи паст гардидани миқдори гемоглобин мебошад, ки оксигенро аз шуш ба бофтаҳои ғайримарказӣ мерасонад.
Дар маъхазҳои тиббӣ чунин оварда шудааст, ки камхунӣ ба якчанд навъҳо ҷудо мегардад. Ба монанди камхунӣ дар натиҷаи нарасидани оҳан, ки миёни одамон хеле паҳнгардида мебошад, камхунӣ дар натиҷаи нарасидани витамини В12, ҳангоми нарасидани ҷавҳари фолий ва ҳамчунин камхунӣ дар натиҷа бемориҳои куҳнашуда ва амсоли инҳо. Аз рӯи нишондодҳои оморӣ дар ҷумҳурии мо одамон, алалхусус занони қобили таваллуд, занони ҳомиладор ва кӯдакон бештар ба камхунӣ дар натиҷаи норасоии оҳан дар организм гирифтор мешаванд. Ҳангоми норасоии оҳан мағзи устухон эритротситҳои сафедтоби хурд-хурдро тавлид месозад, ки микдори хеле ками гемоглобинро дар худ доранд.
- Навъҳои дигари камхунӣ кадомҳоянд?
- Барои ташхис ва табобат кардани камхунӣ нахуст аз муоинаи табиб ва таҳлили клиникии умумии хун гузаштан зарур аст. Дар натиҷаи ташхиси хун миқдори эритротситҳо, лейкотситҳо, тромботситҳо, гемоглобин, гематокрит, ҳаҷми миёнаи эритротсит ва дигарҳоро мебояд муайян намуд. Усулҳои дигари таҳқиқ барои ба таври муфассал ташхис кардани навъҳои алоҳидаи камхунӣ истифода бурда мешаванд.
- Камхунӣ ба занони ҳомила чӣ хавфе дорад?
- Камхунӣ худ аз худ аз байн намеравад, лек метавонад ба солимии модар ва тифли дар батн будаи ӯ таъсири манфӣ расонад. Дар навбати аввал мувозинати сафедаҳо вайрон мегардад, ки ба варамидан меорад. Аз ин ҳам бадтар ба баъзе норасоиҳо дар ҳамроҳак меорад, ки дар натиҷа ташаккули ҷанин заиф сурат мегирад. Камхунӣ дар марҳилаи ҳомиладорӣ метавонад ба чунин оқибатҳои хавфнок орад – ба монанди афтидани ҷанин, гестоз, ва ҷудогардии ҳамроҳак, инчунин эҳтимолияти валодатҳои бармаҳал бо аз даст додани хуни зиёд. Пас аз таваллуди тифл хавфи баланди ба ҷараёни гуногуни илтиҳобӣ дучор гардидани ӯ истисно нест.
- Истеъмоли дурусти ғизо ва истифода аз усулҳои табиӣ дар мубориза бо камхунӣ хеле муҳим ба ҳисоб мераванд. Яъне он гиёҳҳо ва ғизоҳое, ки миқдори хунро дар организм зиёд менамоянд, кадомҳоянд?
- Барои бартараф кардани камхунӣ ба миқдори зарурӣ аз хӯрокҳои серғизо мебояд истеъмол намуд, ба монанди тамоми навъҳои гӯшт ва ҷигар, қаймоқ, шир, кочии сӯкӣ, махсусан истеъмоли он бо кадуи зард, ҳамроҳ кардани ҷуворимаккаи зард дар анвои хӯрок. Бояд қайд кард, ки тамоми сабзавоту меваҷоти ранги зард ва норинҷӣ дошта дар таркиби худ миқдори зиёди витаминҳоро доро мебошанд, ки организми инсон, алалхусус дар ҳолатҳои камхунӣ ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Метавонед ҳар пагоҳӣ пеш аз қабули ғизо 100 грамм сабзиро аз турбтарошак гузаронида, бо қаймоқ ва ё равғани растанӣ ҳамроҳ карда, истеъмол фармоед. Ҳамчунин ба номгӯи хӯрокаи он нафароне, ки ба камхунӣ гирифторанд, истеъмоли сабзавоту меваҷоти зиёде фармуда мешавад, ки онҳоро ҳамчун ҳосилкунандагони хун медонанд. Картошка, каду, пиёз, сирпиёз, коҳу (салат), шибит (укроп), марҷумак, қулфинай, ангур, бектошӣ (крижовник) ва харшалғам (брюква) дар таркиби худ оҳан ва намакҳои онро доро мебошанд. Ҳамчунин барои рафъи камхунӣ ҷавҳари аскорбин ва витаминҳои гурӯҳи В кумак мерасонанд, ки дар таркиби картошка, карам, боимҷон, харбуза, каду, пиёз, сирпиёз, хуч, ангат (облепиха), марминҷон, қулфинай, лиму, афлесун, зардолу, гелос, нок, ҷуворимакка ва аксарияти буттамеваҳо фаровон мебошанд.
Ҳамчунин барои баланд бардоштани миқдори оҳан дар таркиби хун одамон аз усулҳои гуногуни табиӣ ва ба организм безарар низ истифода менамоянд, ба монанди истеъмоли лаблабу, себ, анор ҷигар ва амсоли инҳо. Ҳамчунин метавон усули хеле оддиро истифода бурд: мавиз, зардолуқоқ ва чормағзро ба миқдори баробар гирифта, аз қиммакунак гузаронида, бо асал омехта кунед ва дар як рӯз як маротиба истеъмол фармоед. Ин усул барои занони ҳомила, ки камхунӣ доранд, айни муддаост.
Ба шаҳрвандон гуфтаниам, ки агар шумо аломатҳои ин ё он бемориро дар худ ва ё наздиконатон мушоҳида намоеду беэътиборӣ зоҳир кунед, метавонед рӯзе бо пайомади нохуши он дучор оед. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ, мегӯянд, аз ин рӯ ҳар як бемориро пешгирӣ намудан ва ё сари вақт табобат кардан моро аз бисёр хатарҳо эмин медорад. Бино бар ин, дар ҳолати мушоҳида кардани аломатҳои камхунӣ ба духтури оилавӣ ва маркази саломатии маҳалли зисти худ муроҷиат намудан ҳатмист.
С. Ашӯрова