19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Маслиҳатҳои муфид аз академик Амосов

 

0502jhjfhv

1. Аксаран танбалӣ боиси гирифторшавӣ ба ин ё он беморӣ мегардад, ки онро одамон ба таъсири муҳити зист ё ҷомеа рабт медонанд. Яъне, боиси ба беморӣ мубтало гаштани инсон худи ӯ гунаҳгор мебошад.

2. Ба дорухӯрӣ одат накунед. Дору бештари бемориҳоро шифо мебахшад, аммо одамро солим намегардонад. Инчунин, духтур на ҳар вақт дастгири бемор буда метавонад. Исбот шудааст, ки 70 фисади шифо ёфтани беморӣ ба худи бемор вобаста аст.

3. Барои солим будан саъю кӯшиши доимӣ даркор аст. Хушбахтона, инсон имкони барқарор кардани саломатиашро дорад.

4. Барои нигоҳ доштани саломатӣ риояи ин шартҳо зарур аст: фаъолияти ҷисмонӣ, маҳдуд кардани истеъмоли хӯрокҳои серғизо ё одат кардан ба камхӯрӣ, истироҳат ва ниҳоят ҳаёти хушбахтона, ки орӣ аз стресс ва ошӯфтаҳолии доимӣ бошад!

   Мутаассифона, бе шартҳои аввал саломатиро барқарор намудан ғайримикон аст.

6. 20 - 30 дақиқаи машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ дар як рўз басанда аст. Дучанд истифода гардидани вақт барои варзиш боз ҳам хубтар хоҳад буд.

7.   Камхӯрӣ давои дардҳост. Фарбеҳӣ боиси гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногун аст, ба мисоли диабети қанд, фишорбаландӣ ва ғайра. Вазни худро нигоҳ доред.

8. Истироњат карда тавонистан ҳунар аст. Ин чизро аз мадди назар дур насозед.

9. Мегӯянд, ки саломатӣ худ хушбахтист. Аз ин хотир, ин ганҷи бебаҳоро набояд аз даст дод.

   Аз ин рӯ, ин қоидаҳоро бори дигар таъкид бояд кард:

• Одамон бояд донанд, ки аз ҳад зиёд хӯрдан, сустшавии ҷисмонӣ, фишори равонӣ сабаби асосии бемориҳост.

• Барои табобати бемориҳо пеш аз ҳама машқ кардан, хӯрдани мева ва сабзавоти тару тоза, тамоку накашидан ва парҳез намудан аз машруботи спиртӣ зарур мебошад.

• Агар техника одамро аз фаъолияти фоиданок озод карда бошад ҳам, вале онро бо кори ҷисмонӣ набояд иваз намуд. Яъне, бонувон ба ҷойи истифодаи чангкашак гоҳ – гоҳ аз ҷорӯб дар рӯбучини хона истифода намоянд, хуб мешавад. Ё тариқи дастӣ шустани либос барои пурқувват шудани мушакҳои тахтапушт муфид аст.

                                                                                                            Аноҳито

 

:.  Тандурустӣ 12.10.2023 10:06 377

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz