Маҳсдармонӣ ҳолати пӯст, гардиши хунро беҳтар намуда, мушакҳо ва буғумҳоро тақвият медиҳад. Аз ин рӯ, ҳокимони Шарқ барои беҳгардонии ҳолати руҳии худ дар як рӯз ду маротиба масҳ мегирифтаанд. Маҳсдармонӣ табобатест, ки бе сӯзандоруву ҳаббҳо баданро аз бемориҳои зиёде раҳоӣ мебахшад.
Ассотсиатсияи табибони амрикоӣ ба тавсияҳои худ барои табобати дарди пушти камар маҳсро дохил кардаанд. Таҳқиқот нишон доданд, ки маҳс назар ба дору ва машқҳои варзишӣ натиҷаҳои беҳтар медиҳад. Олимони Донишгоҳи Майами исбот карданд, ки маҳси мунтазам ба мубориза бо мигрен ва дарди сар кумак карда, пайдоиши онҳоро коҳиш медиҳад. Олимони Донишгоҳи Макмастери Канада ба хулосае омаданд, ки пас аз масҳ илтиҳоби бофтаҳо коҳиш ёфта, шумораи митохондрияҳо (сохторҳои дохили ҳуҷайра, ки маводи ғизоиро ба энергияи қобили истифода табдил медиҳанд) зиёд мешавад. Ҳар қадар онҳо дар бофтаҳо зиёд бошанд, кас ҳамон андоза устувортар ва аз бемориҳо эмин мегардад.
Барои тақвияти гуфтаҳо ба мутахассиси соҳаи маҳсдармонӣ Камила Яҳёева, аз Маркази саломатии «София»-и шаҳри Душанбе, муроҷиат намудем, ки пас аз хатми МТМУ 42, маълумоти тиббиро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гирифтааст.
- Дар зери таъсири масҳ гардиши хун беҳтар гашта, пӯст чандир ва мустаҳкам мегардад, қабати чарбуи пӯст кам мешавад. Масҳ мушакҳои хастаро барқарор, таъмини хунро ба гурӯҳҳои гуногуни мушакҳо танзим ва пайвандҳоро мустаҳкам мекунад.
Пас аз маҳс ҳолати равонӣ ба эътидол меояд. Фаъолияти мағзи сар ва системаи асаб рӯ ба беҳӣ меорад. Маҳс беҳтарин роҳ барои рафъи стресс аст.
Маҳси умумӣ бо мақсади беҳтар кардани кори узвҳои тамоми бадан анҷом дода мешавад. Муддати он на камтар аз 60 дақиқа аст, -
мегӯяд Камила.
Ба ақидаи мутахассис, имрӯзҳо маҳсгарони тасодуфӣ зиёданд, ки пас аз ду ё се моҳи омӯзиш ба кор мепардозанду ҳатто кӯдаконро маҳс менамоянд. Маҳси кӯдакон бисёр нозук буда, волидонро зарур аст, ки ба мутахассиси маҳси кӯдакона муроҷиат намоянд.
Маҳсгар пеш аз шуруи кор бояд аз бемориҳои музмини миҷоз огоҳ шавад ва дар сурати вуҷуд доштани маризиҳое, ба монанди илтиҳоби шадид, ҳарорати баланд, варикози дараҷаҳои 3 ё 4, ё ҳама гуна варамҳо аз маҳс кардан худдорӣ намояд.
Маҳсдармонӣ табобатест, ки равғанҳои фоидабахши истифодашаванда тавассути пӯст мустақиман ба узвҳои ниёзманд ворид мешаванд. Хусусияти беназири равғанҳои эфирӣ қобилияти ҳамоҳангсозӣ ва ба эътидол овардани бадан аст. Пас аз қабули маҳсдармонӣ инсон ба бемориҳои шамолкашӣ, бронхит, пневмония кам ё умуман мубтало намегардад.
-Дар Маркази саломатии «София» мутахассисони варзида ҷамъ омадаанд, ки барои беҳтар гардондани солимии миллат саҳм мегиранд. Мутахассисон пайваста дар пайи омӯзиш буда, мудом ба кишварҳои хориҷа баҳри такмили маҳорат сафарбар мешаванд.
Ба андешаи мутахассис, ҳар нафари солим дар як сол ҳадди ақал як бор маҳси тамоми баданро гирад. Мутаассифона, аксаран маҳсдармониро нодида мегиранд, бисёриҳо замоне ба он рӯ меоранд, ки аллакай кор аз кор гузаштааст. Волидон бояд ба инкишофёбии кӯдакони худ сахт аҳамият диҳанд, мудом назди мутахассис баранд, аз ҳолати кӯдак бохабар бошанд. Кӯдакону наврасон бояд ба варзиш шуғл варзанд, то инкишофёбии ҷисмонии онҳо беҳтар шавад.
-Маҳсҳои гардан ва пушти кӯдакон барои истироҳат ва муътадил кардани мушакҳо кумак мекунанд. Маҳсдармонӣ вобаста ба синну сол, вазъи саломатии кӯдак чанд намуд дорад. Маҳс барои кӯдаки аз ду то 12-моҳа метавонад дар давоми 10–20 дақиқа аз се то чор маротиба дар як ҳафта анҷом дода шавад.
Ба тариқи маҳсдармонии рӯй таровату ҷавониро ба бонувон бармегардонем. Ҳангоми маҳс тамоми мушакҳои рӯй ва гардан фаъол гардида, ожангҳо ноаён мешаванд. Ин ҷарроҳии пластикӣ нест ва ба саломатӣ безарар аст, - мегӯяд Камила.
Фарзона ВОСЕЕВА