Ӯ аз хурдӣ мехост пайрави падар бошад, дилошнову дармонбахш. Ба хилъати сафеди падар менигаристу худро дар он тасаввур мекард ва фардояшро зебову муҷалло медид, аммо ҳамеша барояш мегуфтанд, ки духтур шудан осон нест. Падараш Ташрифхон Ҷумъахонов кардиологи машҳур буду умри хешро сарфи пеша намуда, фақат дар рӯзҳои истироҳату ид дӯстрӯяконашро меҳрубонӣ мекарду рози дилашонро мешунид. Орзуи табиби дилшинос шудани духтараки наҳифпайкараш Саодатро танҳо ҳаваси бачагӣ мепиндошт.
Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ рахна бар саодати хонадони онҳо зад. Нафаре, ки дарди дили ҷомеаро ташхису табобат мекард, гирифтори бемории дил шуд. Аз даст додани падар барои оилаи хушбахт зарбаи ҷонкоҳе буд.
Модар ба эҳтироми руҳи қиблагоҳи фарзандон мекӯшид то орзуи духтарашро бароварда гардонад ва барои таҳсилаш ҷаҳду талош меварзид. Саодат дарсҳои химияву биологияро нағз медид, зиёд мехонд, то ки орзуҳои бачагиаш фақат хотира нагарданд. Пас аз хатми мактаби миёна соли 2002 донишҷӯи факултаи умумитиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шуд. Баъди хатми Донишгоҳ барои фаъолият дар беморхонаи вилоятии касалиҳои дил ба Хоруғ роҳхат гирифт ва аз соли 2008 то соли 2012 онҷо ба табобати маризон шуғл варзид.
Барои тақвияти донишу малакаи касбӣ солҳои 2012–2015 дар Маркази миллии тиббӣ-тадқиқотии кардиологии ба номи академик Е.И Чазови шаҳри Москва ординатураи клиникиро бо дипломи аъло хатм кард. Барои идомаи фаъолият дар Москва барояш пешниҳоди кор намуданд, аммо меҳри Ватан, ёди падар ва орзуҳои бачагӣ ӯро ба шаҳри дилорои Душанбе овард.
Саодатбону корро дар пойтахт аз БКШ №5-и шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Чун забонҳои хориҷиро хуб медонист, соли 2016 барои кор ба Беморхонаи ҳукуматӣ даъват шуд. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз қабили Чин (2015) ва Туркия (2020) такмили ихтисос намуд. То ин дам ҳамчун духтури ташхису табобат дар ин бемористон ба касалҳои дилу рагҳо дилгармиву саломатӣ мебахшад. Бо ӯ дар атрофи бемориҳои дилу рагҳо ва пешгирии онҳо суҳбате доштем.
- Бо вуҷуди он ки тибби муосир пеш рафта¬асту барои табобат тамоми шароитҳо мавҷуданд, гирифторшавӣ ба бемории дил рӯз аз рӯз афзудан дорад. Онҳое ба бемории дилу рагҳо гирифтор мешаванд, ки аҳамияти бузурги тарзи ҳаёти солимро дарк накардаанд. Омилҳои асосии боиси пайдоиши патологияҳои дил, баландшавии сатҳи холестерин дар хун, камҳаракатӣ, тамокукашӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ, баланд шудани қанди хун, истифодаи аз ҳад зиёди чарбуи ҳайвон, хӯрокҳои хамириву сернамак, фишори дарозмуддати равонӣ, фишори баланди хун ва ғайраҳо мебошанд,- бо нигаронӣ иброз дошт табиб.
Тибқи омори тиббӣ, тақрибан 60 дарсади фавти бармаҳал ба бемориҳои дилу рагҳо вобаста аст. Муоинаву ташхиси ҳолати мушакҳои дил ва фаъолияти он барои сари вақт оғозидани табобат мусоидат мекунад.
- Борҳо мушоҳида кардаам, ки занони тоҷик пурсабру пуртоқатанд. Дардҳои андакро то охирин лаҳзаи хуруҷи беморӣ таҳаммул мекунанду аз азияти худ ҳарф намезананд. Ин рафтори онҳо, аз як тараф мардонагиву худфидоӣ барои аҳли хонавода бошад, аз тарафи дигар, хиёнат ба саломатист. Агар дар вақташ ба духтур муроҷиат кунанду ташхису табобатро пурра ба роҳ монанд, кори табибон низ самараноктар мешаваду шифоёбиашон зудтар анҷом мепазирад. Дар урфият пешгирии беморӣ беҳ аз табобат гуфтаанд,- меафзояд Саодатбону.
Мавсуф тавсия медиҳад, ки барои пешгирии бемории дил бояд реҷаи муайяни хӯрокхӯрӣ риоя шавад. Индекси массаи баданро нигоҳ бояд дошт. Дар номгӯи хӯроки ҳаррӯза ба истифодаи меваю сабзавот афзалият дода, аз шӯрӣ парҳез бояд кард. Ҳамчунин, аз чарбуи ҳайвон. Машғул шудан ба варзиш ва роҳгардии зиёдро ба манфиати саломатӣ медонад
- Ба ягон беморе, ки бо умеди даво ба ман муроҷиат мекунад, не намегӯям. Дар ҳар куҷо, дар кадом ҳолате, ки набошам, ба маризон ақаллан бо сухани хуш умед мебахшам, то дилшикаста нагардад, -ироа медорад табиб.
Саодатбону, дар баробари касбу кори муносибу номи наку, соҳиби зиндагии шоиста аст. Бо модари дуогӯву шавҳари меҳрубон ду фарзанди ширинрӯро тарбия мекунад, барои расидан ба ҳадафҳои олии ҷигарбандонаш, ки соҳиби донишу касбу мавқеи хос шудан аст, мададгор аст.
Вақте пурсидем, ки барои бонуи табиб, ки реҷаи фаъолияташ бештар аз соати маъмулист, расидан ба корҳои оилавӣ душвор нест, бо табассуми малеҳ гуфт:- Ягон зарра! Агар аҳли оила моҳияти касби духтуриро дарк карда бошанд, барои фаъолият на танҳо монеъ намешаванд, балки ёрӣ мерасонанд, - гуфт бо муҳаббат нисбат ба касб табиби ҳозиқ.
Саодатбону Ташрифхоновна чун ҳазорон бонувони табиб пайваста пайи дармону саломатбахшии халқ аст. Шукргузор аз осоиштагии кишвар мебошад. Чун наздиктарин шахс - падари бузургворашро дар рӯзҳои мудҳиш аз даст додааст, маънии ваҳдату сулҳро дар ҳар раги вуҷудаш дарк кардааст ва сипос аз сарнавишт мегӯяд, ки Тоҷикистони азизи мо дар соҳаи тиб рӯз аз рӯз ба дастовардҳои бештар ноил мегардад. Ҷашни бузурги Истиқлоли давлатиро муборак мегӯяду орзу дорад, ки саломатӣ, ин гавҳари камёфт, ороишгари тану ҷони аҳли башар бошад.
М. НАЗИРОВА