Дар рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) дар хонадони инсонҳои огоҳу маърифатдидаи шаҳри Конибодом духтарчаи дилбаре ба дунё омад. Хандаҳои ширину гиряҳои пурнози кӯдаконаи ӯ саодату умед ба фардои дурахшон медод. Бо як нигоҳ, ки дили атрофиёнро ба даст оварда буд, Дилбар номаш ниҳоданд.
Наврасиҳояш ба солҳои барқароршавии баъдиҷангӣ рост омад. Дилбари кӯчак ба хондану навиштан шавқи беандоза дошт, аммо дар он солҳо духтарон кам андар кам ба таҳсил фаро гирифта мешуданд. Бо пофишориву истодагарӣ мактаби миёнаро хатм кард. Мехост ҳуқуқшинос шавад. Волидон риштаи ҳаёти ӯро бо нафаре пайвастанд, ки зодаву парвардаи аҳли зиёи маҳал буд ва дар Душанбе таҳсили илм мекард. Арӯсак китобҳои шавҳари донишҷӯяшро бо шавқ мехонд ва охирин шуълаҳои умеди донишҷӯ шуданро дар дили хеш нигоҳ медошт. Хонаводаи шавҳараш, ки шахсони соҳибилму соҳибихтисос буданд, ба сунҳорашон дилгармӣ мебахшиданд.
Гардиши рӯзгор оилаи ҷавонро, ки соҳиби як духтарчаи дӯстрӯяк шуда буданд, ба Душанбе овард. Ӯ рози орзуи дерин, ҳуқуқшинос шуданро ба ҳамсараш ифшо намуд. Вақте масъалаи таҳсилоти олиро ба миён гузошт, ҳамсафари зиндагиаш хоҳиш кард то духтур шавад.
- Шавҳарам орзу доштаанд, ки табиб бошанд, аммо меҳри қалам дар дилашон боло гирифтаву риштаи рӯзноманигориро интихоб карданд. Ман ба эҳтироми сухани он кас ҳуҷҷатҳоямро ба Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино супурдам, - иброз медорад Дилбарбону.
Вақте пурсидам, ки барои бонуи оиладор бо фарзандони хурд таҳсил дар риштаи тиббӣ душвор набуд, бо табассуми малеҳ гуфт:
- Душвор буд, албатта. Ман, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии зиндагии мустақилона надоштам, барои пеш бурдани рӯзгор азият мекашидам. Ғайр аз ин забони русиро хуб намедонистам ва барои тайёр кардани дарсҳои донишгоҳӣ бояд иловатан забони русиро, ки забони тадрис буд, меомӯхтам. Реҷаи муайяни кору таҳсилро сахт риоя менамудам. Бегоҳиҳо корҳои рӯзмарраи зиндагиро ба сомон мерасондаму бо фарзандонам машғул мешудам ва дар дили шаб аз китобҳои иловагӣ забон меомӯхтаму ба дарсҳои донишгоҳӣ омода мешудам, то аз сафи аълохонҳои гурӯҳамон қафо намонам.
Устодони донишгоҳиаш ҷаҳду талош ва ғайрати Дилбарро ба назар гирифта, баъд аз хатм ба беморхонаи «Якуми советӣ» – и шаҳри Душанбе барои таҳсили ординатураи клиникӣ роҳхат доданд. Дар омӯзиш ва аз худ кардани нозукиҳои касби педиатрӣ пешсаф буд. Аз ин рӯ, пас аз хатми ординатура вазифаи мудирии шуъбаи кӯдаконаи бемористонро ба ӯ бовар намуданд.
Духтури ҷавон дар табобат ва муомила бо кӯдакони хурдсол беаҳамиятӣ намекард. Ба қасами табибии худ содиқ буду вазифаи хешро софдилона иҷро мекард. Аҳли кормандон барои донишу маҳорати беназираш ҳурматашро ба ҷой меоварданд ва дӯсташ медоштанд. Дастовардҳояшро ба инобат гирфта, пас аз як сол ӯро ба вазифаи муовини сардухтури шуъбаи кӯдакона таъин намуданд.
Аз соли 1977 то замони ба нафақа баромадан, сардухтури беморхона интихоб шуд ва ин кори масъулиятноку серталабро бо дасту дили гарм пеш мебурд. Фаъолият дар беморхонаи фарогир худфидоӣ мехост. Дилбарбону, ки ба касби хеш муҳаббати беандоза ва дониши кофӣ дошт, аз уҳдаи тамоми корҳо бедушворӣ мебаромад.
Ташкилотҳои байналмилалие, ки барои сан¬ҷиши рафти табобат ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе меомаданд, ба кори ӯ ва фаъолияти бемористон баҳои баланд медоданд. Соли 1994 намояндагони беморхонаи амрикоии бародаршаҳри Душанбе-Боулдер бо беморис¬тоне, ки роҳбарии онро Дилбар Набиевна ба уҳда дошт, шартномаи панҷсолаи ҳамкорӣ бас¬танд. Баъдан ин ҳамкорӣ барои табибони тоҷик натиҷаҳои судманд бахшид.
Вай ба худ ваъда дода буд, ки то ба синни нафақа расидан кор мекунад ва пас аз он боқии умрро ба фарзандону набераҳо мебахшад. Ба қавли худ устувор монд ва аризаи ба нафақа баромаданро пешниҳод намуд. Аризаи ӯро рад карданд, зеро бовар доштанд, ки ӯ барои идомаи фаъолият неруи кофӣ дорад ва метавонад дар тарбияи кадрҳои ҷавон ва табибони арзанда саҳм гузорад.
Дилбар Набиевна ҳамеша духтурони ҷавонро насиҳат мекард, ки бояд пеш аз ҳама одамдӯст бошанд, то инсонро дӯст надорӣ ва ҳисси раҳму шафқат ба ӯ надошта бошӣ, наметавони дарди ӯро ташхис намуда дармонбахш бошӣ. Табибони ҷавон барои пеш бурдани фаъолият ҳамеша аз мураббии хеш маслиҳатҳо мегирифтанд.
Соли 1999 бори дувум ариза навишту ба истироҳат баромад.
- Ҳар рӯз мекӯшам то барои нафаре, ки ниёзманд аст, дасти ёрӣ дароз кунам. Инсонҳо на ҳамеша ба пулу мол эҳтиёҷ доранд. Ҳастанд нафароне, ки бурдаи нон ва дами гарм ё ҳатто сухани руҳбаландкунанда барояшон малҳами ҷон аст.
Ба пиндори муаллим, зиндагӣ аз хӯрдану пӯшидан иборат нест. Аз маҷмуи некиҳое иборат аст, ки инсонҳо дар ҳаққи ҳамдигар мекунанд. Дари дилу кошонаи Дилбарбону барои ниёзмандон боз аст ва ӯ аз ҳар хубиаш роҳат мебарад.
Тошматова Дилбар Набиевна имрӯзҳо дар ҳалқаи фарзандону набераҳояш давлати пирӣ меронад. Се фарзандаш таҳсилдидаи макотиби олиянду соҳиби мавқеи хос дар ҷомеа, 8 набераи дӯстрӯякаш бо хандаҳои ширин андуҳи рафтагони азизашро то ҷое малҳам мебахшад. Аз умри пурбаракати хеш розист. Дар урфият мегӯянд, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд ва ӯ аз дархости ҳамсараш бобати тағйири пеша пушаймон нест. Аз инҷост, ки зану шавҳар ҳаёти хушу гуворое доштанд.
Заҳматҳои пайвастааш дар соҳаи тандурустӣ аз мадди назар дур намонданд. Бо як қатор мукофоту ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Дар фаровард мусоҳибам афзуд, ки беҳтарин дастоварди табиб саломатии бемораш ва эҳтироми халқ аст.
Далер САФАР