Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1989, Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо супурдани имтиҳони дохилшавӣ Саидаро ба оғӯши худ гирифт. Духтарак аснои таҳсил бо давомоти хубу ахлоқи ҳамида миёни шарикдарсон намуна буд. Мутолиаи адабиёти илмию бадеӣ ва ба умқи масъала расидану моҳияти мавзуъро хуб дарк кардан, хислатҳои наҷиби толибилми ҷавон маҳсуб меёфт. Аз рӯзҳои аввали таҳсил кӯшиши онро дошт, ки бо дарёфти вақти муносиб худро дар ягон нуқтаи тиб, беморхона, дармонгоҳ ё бунгоҳи тиббӣ бинад. Дӯст медошт, ки як лаҳза ҳам бошад, хилъати сафед ба бар кунад.
Саида Халифаева таҳсилро дар Коллеҷи тиббӣ бомуваффақият сипарӣ ва соли 1992 корро дар беморхонаи марказии ноҳия оғоз намуд. Солҳои вазнини навадуми асри ХХ-ро бо хотираҳои зиёд пеши рӯ оварда, шукрона аз замони соҳибистиқлолӣ ва шукуфоии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мекунад. Дилаш мехост, ки баъди хатми коллеҷ таҳсилро дар донишгоҳ давом диҳаду маълумоти худро мукаммал созад, аммо авзои сиёсии мамлакат, бархӯрди гурӯҳҳои мухолиф бо ҳукумати вақт орзуи ӯро чун садҳо духтарони тоҷик ба таъхир гузошт. Ҳамшираи ҷавон тули ҳашт сол дар беморхона аз чеҳраҳои шинос миёни ҳамкоронаш гашт, зеро ки касбашро дӯст медошту аз вақти кориаш пурсамар истифода мебурд.
Баробари ба эътидол омадани вазъ дар кишвар, Саидаи дилбохтаи касб ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурду бахташ омад кард. Пас аз панҷ соли таҳсили ҳатмӣ, се соли хонишу таҷриба дар магистратураи Донишгоҳ ихтисоси момопизишкиро аз бар намуду ба зодбум баргашт. Табиби ҷавон дар шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия ҳамчун момопизишк фаъолияти хешро оғоз намуд. Вай яке аз машваратчиҳои хуби таваллудхона барои модарони ҷавон буд. Нахуст онҳоро ба тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ ва нозукиҳои давраи ҳомиладорӣ ошно месохт, то худро сиҳату саломат ва амн нигаҳ доранд.
Маҳорати кордонию қобилияти ташки¬лотчигӣ Саидаро 10 сол дар вазифаи муовини сардухтури ноҳия нигоҳ дошт. Ӯ дар инҷо низ, тамоми неруи худро барои пешравии кори беморхона ва ҳифзу сиҳатии модару кӯдак сарф намуд. Талош мекард, ки модарон - занҳои дар давраи ҳомиладорӣ буда ба камхунии худ роҳ надиҳанд, гемоглобини хунро на камтар аз ҳадди 11 нигаҳ доранд ва ҳангоми пеш омадани ин норасоӣ ҳатман аз муоинаи духтур гузаранд, зеро ҳомиладорони бемории камхунӣ заиф буда, тифли солим ба дунё оварда наметавонанд. Ба андешаи ӯ, яке аз чораҳои пешгирӣ, ин аз қайд гузаштани занҳои ҳомила, хусусан модарони ҷавон мебошад, ки тибқи дас¬тур онҳо то давраи таваллуд нуҳ маротиба бо варақаҳои шахсиашон аз муоинаи момопизишк бояд гузаранд.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имрӯз зиёда аз 39500 нафар занҳои қобили таваллуд ба қайд буда, дармонгоҳи марказии ноҳия ва бунгоҳҳои тиббӣ ҳамаи онҳоро таҳти назорати момопизишкҳо қарор додаанд. Аз ҷумла, табиби таҷрибадор Саида Халифаева соли понздаҳум аст, ки дар ҳашт деҳаи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо занону модарон кор мебарад. Дар баробари тавсияҳои тиббӣ, ӯ бо онҳо дар боби одоби рӯзгордорӣ, эҳтироми шавҳар, тарбияи фарзандон, риоя намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим ва анъанаҳои миллӣ, мавқеи волидон дар бораи таълиму тарбияи фарзанд низ, суҳбату вохӯриҳои хотирмон доир месозад.
Занони деҳот, хусусан модарони ҷавон, ӯро на танҳо момопизишк, балки чун як модари хушсухану хушмуомила қадр мекунанд. Миёни модарон, албатта, ҳастанд нафароне, ки худро дар қайд мондан ва ба духтур муроҷиат карданро хоҳиш надоранд, аммо зиракию корбарии Саида ва ҳамкориаш бо раисони ҷамоат ва маҳалла имкон дод, ки ин монеаҳо аз байн бардошта шаванд. Муоинаи ӯ имрӯз кулли занони деҳотро фарогир асту модарон тавсияҳои табибро ба хубӣ мепазиранд. Ӯ зиёд мекӯшад, то занҳо худашон неруи таваллуд дошта бошанд ва усулҳои ҷарроҳиро сарфи назар созанд. «Ман ба ҳеҷ ваҷҳ буриши қайсариро намепазирам, - мегӯяд пизишк Саида Халифаева, - зеро ин навъи таваллуд мушкилоти зиёд дорад ва набояд зан ба он одат кунад. Танҳо дар сурати камқувватии модар ва ноилоҷӣ ба буриши қайсарӣ иҷозат дода мешавад».
Саидабону соли 2016 чун момопизишки соҳибтаҷриба бо гурӯҳе аз табибон ҷиҳати таҷрибаи якдигарро омӯхтан озими Чумҳурии Олмон шуд. Онҳо диданд, ки олмониҳо бо таҷрибаи пешрафтаи худ имкони даруни об таваллуд шудани фарзандро фароҳам овардаанд. Аммо, вақте пизишкони тоҷик таҷрибаву маҳорати хешро ба ҳамкасбони олмониашон нишон доданд, онҳоро часпу талоши табибони мо аснои ба даст гирифтани кӯдаки навзод хуш омад ва изҳор доштанд, ки таҷрибаи тоҷиконро дар амал истифода мебаранд.
Табиби ҳозиқ, момопизишки соҳибтаҷриба Саида Халифаева ин ҳама пешравиро дар соҳаи тиб аз хизматҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад, ки соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятнок дар кишвар хонда, ғамхории хосса зоҳир менамоянд. «Бунёди садҳо марказҳои замонавии тиббӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, таъмини кадрҳои соҳибтахассус ва фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият, таъмини ашёву ҷиҳози соҳаи тандурустӣ аз дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт мебошанд»,- бо қаноатмандӣ изҳор медорад номбурда.
Саидабону имрӯз дар шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳия аз чеҳраҳои ошно ва соҳибтахассус аст, ки ҳар нафас барояш ҳамкорон ва модарон ниёзманданд. Мегӯяд, борҳо шудааст, ки поси шаб ӯро ба таваллудхона овардаву мушкилеро сомон ва модареро хушбахт гардондааст. Чеҳраи гарми модару садои тифли навзод дар як зум нороҳатии шабро аз ӯ дур кардааст. Аз суҳбаташ дарёфтам, ки барои табиб, хусусан, момопизишк вақту рӯзу соати корӣ вуҷуд надорад. Барояш ҳар лаҳза кор аст, чи субҳу чи шом, чи посе аз шаб ва чи дар рӯзи истироҳат ё дар рухсатист.
Ба ҳамин минвол, вай аз пайи пешаи интихобкардааш умр ба сар дорад. Муҳим барояш он аст, ки дар савганди худ содиқ мондааст. Ҳарчанд ки духтарчаи ягонааш, Сумая ташвишҳои зиёди модарро дида, пешаи ӯро интихоб кардан намехоҳад, ба кору пайкори шогирдонаш Саодат Маҳмадалиева, хоҳарон Дилрабову Рухшона Мадаминоваҳо дида дӯхта, шод мегардад, ки онҳо устоди касби хеш гаштаанду мардум аз корашон қаноатманданд.
Заринаи РУСТАМДУХТ,
Душанбе – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - Душанбе