Ношунавоӣ дар инкишофи нутқ ва забони кӯдак таъсири манфӣ дошта, ӯро аз баёни андеша боз медорад.
Пастшунавоӣ модарзодӣ ё баъди таваллуд низ ба вуҷуд меояд. Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон тақрибан 50 дарсади ҳолатҳои пастшунавоӣ модарзодӣ буда, ба омилҳои ирсӣ вобастагӣ дорад. Омилҳои ирсӣ аз сироятёбӣ дар батн ё аз издивоҷи хешутабории волидон пайдо мегардад. Аз даст додани шунавоӣ метавонад пас аз таваллуд, масалан, дар натиҷаи бемориҳо ё ҷароҳат бардоштани кӯдак ба амал ояд. Агар шумо сабаби гум шудани шунавоии фарзандатонро фаҳмидан хоҳед, бояд ба духтури оториноларинголог муроҷиат намоед. Пас аз таваллуд кӯдаки навзод низ мисли калонсолон мешунавад, аммо кӯдак бояд чӣ гуна истифода бурдани узви шунавоиро ёд гирад, то малакаҳои муоширатро дар худ ташаккул диҳад. Кӯдакон гӯш кардан ва дарки ҷаҳонро тавассути пайваст намудани садо бо ашё ёд мегиранд. Яке аз аввалин ва содатарин малакаҳои шунавоӣ, ки дар кӯдак инкишоф меёбад, ин локализатсияи садо, яъне қобилияти муайян кардани ҷойгиршавии манбаи садо дар фазо мебошад. Одатан, кӯдакони навзод ҳангоми шунидани садои баланд ба ҳаракат оғоз мекунанд ё чашмони худро васеътар мекушоянд. Ин рафтор «рефлекси ҳайратангез» номида мешавад ва бисёр садоҳои баланд бояд ин вокунишро ба вуҷуд оранд, кӯдак бояд сарашро ба самти садо гардонад,- мефаҳмонад Заррина Аҳророва, духтури оториноларинголог.
Заррина Аҳророва дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омада, яке аз аввалин хатмкунандагони Литсейи №55-и шаҳри Душанбе мебошад. Соли 1992 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, ихтисоси оториноларингологро касб мекунад ва дар пойгоҳи Донишкадаи баъдидипломӣ фаъолиятро идома медиҳад. Ҳамзамон, дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳ таҳсилро идома дода, соли 2005 рисолаи илмиашро дар мавзуи «Мукаммалсозии ташхис ва табобати ринофарингитҳои бодигармӣ» дифоъ карда, ҳамчун ассистент дар кафедраи оториноларингологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ҳайси ассистенти кафедра ба фаъолият пардохт.
Бону Заррина дар роҳи илм саъй намуда, дар нашри китобҳои зарурии соҳа бо забони тоҷикӣ ва русӣ низ саҳм дорад. Ӯ муаллифи 4 китоб, зиёда аз 8 дастури таълимӣ ва методӣ ва 80 мақолаи илмӣ мебошад, ки чандтои онҳо дар хориҷи дуру наздик нашр гардидаанд. Мавсуф шуруъ аз соли 2021 мудири кафедраи оториноларингологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад. Донишҷӯён дар кафедра, дар баробари дарсҳои назариявӣ, ошно шудан бо асбобҳои замонавӣ, ҳамчунин раванди табобати беморонро бевосита мебинанд ва ҳамроҳи устодон дар муолиҷаи онҳо саҳм мегузоранд.
Мушкилот
Ӯ ҳамчун модар, омӯзгор ва духтури соҳаи гӯшу гулу ва бинӣ дар он назар аст, ки ҳама фарзанди солимро мехоҳанд, вале бо сабабҳои гуногун баъзе кӯдакон ношунаво таваллуд мешаванд. Тибқи тадқиқоти олимони ватанӣ – соле дар кишварамон аз 1000 кӯдаки навзод 1–2 % ба пастшунавӣ гирифторанд, - мегӯяд Заррина Аҳророва.
- Проблемаи пастшунавоии модарзодӣ беҳад ҷиддӣ аст, чунки кӯдаки ношунав бо мурури замон ба гунгӣ гирифтор мешавад. Дар ин марҳила маркази инкишофи нутқи системаи марказии асаб аз кор ва инкишоф боз мемонад, ҳол он ки фурсати фаъолияти он 5–6 сол буда, баъдан як умра кори худро табиатан ба анҷом мерасонад. Мо аз Ҳукумати кишвар, хоҳиши онро дорем, ки дар Тоҷикистон низ, мисли кишварҳои ҳамсояи наздик, Барномаи давлатии пешгирӣ ва муолиҷаи пастшунавоӣ «Барномаи Имплантатсияи кохлеарӣ» (ягона чораи мубрами ҷарроҳии барқарорсозии шунавоӣ) татбиқ гардад. Бо ин роҳ мо метавонем чандин ношунавоён ва гунгҳоро ҷарроҳӣ карда, яъне ба дохили гӯши кӯдак гузоштани ба ном – «чип», табобат намоем. Барои хариди як чунин системаи нав аз хориҷа тақрибан 15 ҳазор доллари амрикоӣ зарур аст. Волидайн барои табобати фарзанд маҷбуранд ба хориҷ раванд. Чи қадар навбат мепоянд, пас аз ҷарроҳӣ онҳо бояд як моҳ мунтазир шаванд, то ки «чип»-и ба гӯшмонда васл шавад. Пас аз ин боз бо кӯдак бояд психологҳо ва сурдопедагогҳо кор баранд. Бояд гуфт, ки ин ҷарроҳӣ то 4-солагии кӯдак анҷом дода шавад, то ки малакаи гуфтораш инкишоф ёбад. Бо татбиқи ин барнома, мо бовар дорем, ки мушкилоти ҳамватанонро осон мегардонем,- андеша дорад Заррина Аҳророва
Номбурда ин мавзуи доғро дар раванди кори доктории худ «Хусусиятҳои минтақавии пастшунавӣ дар Тоҷикистон, мукаммалсозии ташхис, табобат, пешгирӣ ва барқарорсозии он» пайгирӣ дорад. Хурсандиовар аст, ки имрӯз бонувони тоҷик дар ҳама самтҳои ҷомеа муваффақу кордонанд ва домони илмро низ мустаҳкам дошта баҳри пешравии он ҷадал менамоянд.
Донишҷӯён
-Хушбахтона, тамоми шароитҳо барои донишандӯзии донишҷӯён фароҳам аст. Дар кафедраи клиникии Донишгоҳ шуъбаи кӯдакона ва калонсолон фаъолият дорад, ки донишҷӯён ин ҷо ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ дониш меомӯзанд ва дар ҷараёни ҷарроҳӣ иштирок менамоянд. Метавон гуфт, ки мо дар чор самт, яъне дар баробари таълим, тарбия, муолиҷа ва илм онҳоро раҳнамоӣ мекунем. Донишҷӯёни болаёқатро ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ, конфронсҳои илмӣ омода мекунем. Кафедра имкон дорад, ки тавассути дастгоҳҳои муосир пас аз таваллуд, шунавоии кӯдаконро санҷаида, аниқ намояд, ки кӯдак солим аст ё ношунаво,-мегӯяд Зарринабону.
Маълум гардид, ки дар Донишгоҳ теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ афзуда, шумораи онҳо ба 1949 нафар расидааст. Рафти таҳсил бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳайати омӯзгорон аз ҳисоби бонувон 51 дарсадро ташкил медиҳад. Дар кафедраи клиникии оториноларингология 16 омӯзгор фаъолият дорад, 8 нафарашон бонувонанд. Бо иқрори Заррина Аҳророва нафароне, ки дар хориҷа ҷарроҳии бинӣ гузарондаанд, боз омада шикоят мекунанд, ки нафасгириашон душвор аст ё ҳассосият пайдо шудааст. Омӯзгорони тоҷик дубора онҳоро табобат мекунанду хатоиҳои ҷарроҳони хориҷро ислоҳ менамоянд. Сабаби асосӣ ба намуди берунии бинӣ аҳамият доданду вазифаи асосии биниро ба инобат нагирифтаанд.
Заррина Аҳророва дар баробари роҳбар будан, ҳамчунин модари меҳрубон ва бибии ғамхори хонавода аст. Ҷасорату қавииродагии ин бону метавонад барои нафароне, ки нав пайи ҷӯёи илманд, намунаи ибрат бошад.
Фарзона ВОСЕЕВА