Ҳифзи солимии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, ки далели он такмили мунтазами заминаҳои ҳуқуқии масъала, қабули барномаҳои махсус дар ин самт ва тамоюли устувори таназзулёбии нишондиҳандаҳои беморӣ ва фавти модарону кӯдакон тайи солҳои охир мебошад. вобаста ба чигунагии вазъи солимии модарону кӯдакон дар кишвар ва корҳои анҷомдода дар соли 2022 бо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода суҳбате оростем ва фишурдаи онро ба хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» пешкаш менамоем.
Дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар соли 2022 Вазорат чӣ вазифаҳои муҳимро ба сомон расонд?
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо дар самти беҳтар намудани нишондиҳандаҳои вазъи солимии модарону кӯдакон ва кам кардани фавти онҳо солҳои охир як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, қабули ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии соҳавӣ, амсоли «Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2024», «Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027» ва «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019–2022» далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Дар соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ тадқиқоти илмӣ, ки барои дар амал татбиқ намудани технологияҳои инноватсионӣ замина мегузоранд, рушд меёбанд. Ҳамчунин, ворид намудани таҷҳизоти муосир дар озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ дастоварди дигар аст, ки таҳлилҳои муосири биохимиявӣ, иммуноферментӣ, ирсӣ-генетикӣ, иммунологӣ ва ғайра гузаронда мешаванд. Барои пешгирии таваллуди кӯдакони норасид тадқиқоти илмӣ гузаронда шуда, омилҳои он муайян ва роҳи табобат ва ташхиси саривақтӣ ба роҳ монда шудааст.
Давоми солҳои охир дар кишвар усулҳои нави инноватсионии табобати кӯдакон, аз ҷумла ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии дил, ҷарроҳии тармими ҷоғу рӯй, табобати бемориҳои саратони кӯдакона, нейроҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии бемориҳои ортопедӣ бо муваффақият ба роҳ монда шуданд.
Ҳоло ҳам ба бемории зукоммонанд занону кӯдакон мубтало мегарданд. Бархе бар он назаранд, ки ин ҳамон COVID-19 аст. Барои муайян намудани ҳолати воқеӣ ва пешгирии он аз ҷониби Вазорат чӣ корҳо анҷом дода шуданд?
Хушбахтона, баъди гузарондани иммунизатсияи аҳолӣ, ки роҳи асосии пешгирии паҳншавии COVID-19 мебошад, дар давоми соли 2022 то ҳол ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҷумҳурӣ аз 23 марти соли 2021 то 12 январи соли 2023 аҳолӣ бо вояи якум ба андозаи 98,9 фоиз, бо вояи дуюм 97,6 дарсад, бо вояи сеюм 96,7 ва бо вояи чорум ба андозаи 73 фоиз бар зидди сирояти COVID-19 иммунизатсия карда шудааст.
Дар натиҷаи озмоишҳои вирусологӣ муайян гардид, ки айни замон дар байни аҳолии ҷумҳурӣ зукоми намуди А (H1N1) ва бо теъдоди камтар зукоми намуди В дар гардиш аст. Ба ин беморӣ новобаста аз синну сол ва ҷинс ҳама метавонад сироят ёбад. Азбаски масунияти бонувону кӯдакон дар қиёс ба мардон заифтар аст, ин боиси зуд сироятпазирии онҳо мегардад.
Бо мақсади коҳиш додани сатҳи камғизоӣ дар байни кӯдакон ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон чӣ чораҳо амалӣ гаштанд?
Воқеан ҳам, ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Таъмини ғизои солим аз рӯзҳои аввали ҳомиладорӣ ва то ду соли аввали ҳаёти кӯдак, яъне дар давоми 1000 рӯзи аввали ҳаёт хеле муҳим мебошад. Ин аст, ки Вазорат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба беҳбудии вазъи ғизо қабул намуд, ки зикр гардид. Дар ин радиф, «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027» дар кишвар роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин, дар назди Вазорат Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) фаъолият менамояд, ки дар он тамоми масъалаҳои вобаста ба ғизои модарон ва кӯдакон баррасӣ мешаванд.
Нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то 1-сола дар соли 2022 назар ба соли 2021 чӣ гуна буд? Фавти занон ҳангоми валодат дар чӣ ҳол аст?
Тибқи маълумоти омории солонаи 2022 дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то 1-сола ба 12,1 ба 1000 зиндатаваллуд баробар шуда, нисбат ба соли 2021 (13,1), ба андозаи 1,0 промилл коҳиш ёфтааст. Нишондиҳандаи фавти модарон дар соли 2022 ба 23,1 нисбат ба 100000 зиндатаваллуд баробар гаштааст, ки дар муқоиса бо соли 2021 (29,0) ба андозаи 5,9 промилл коҳиш ёфта, аз ҷиҳати шумора 10 ҳодисаи фавт кам гардидааст.
Дастовардҳои соҳа вобаста ба коҳишёбии нишондиҳандаи фавти модарон ва кӯдакон, бо азнавсозии инфрасохтори муассисаҳои таваллудӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосир, фаъолияти мутахассисон аз рӯи технологияи самараноки перинаталӣ ва, ҳамзамон, сари вақт дарёфт намудани бемориҳои ғайригениталӣ дар байни занҳои қобили таваллуд, муоинаи саривақтии мактаббачагон ва табобати саривақтии онҳо вобастагии зич дорад.
Воситаи дигари баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомила дар давраи таваллуд ва пас аз таваллуд, ин гузарондани таҳлили ҳолатҳои пурхавф мебошад, ки айни ҳол дар 36 муассисаи таваллудии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аудити ҳолатҳои хатарзо гузаронда мешавад.
Нишондиҳандаҳои қадпастӣ, камвазнӣ нисбат ба синну сол ва камхунӣ дар байни кӯдакон ва занони синну соли қобили таваллуд дар ин давра то чӣ андоза таназзул ёфтанд?
Вазорат бо дастгирии шарикони рушд солҳои 2009, 2012 ва 2016 оид ба сатҳи ғизогирӣ дар байни занону кӯдакон тадқиқоти тиббӣ - демографӣ гузарондааст. Тадқиқоти тиббӣ-демографии соли 2017 нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ 18 фоиз кӯдакони синни то 5-сола қадпастӣ (соли 2012 - 26 фоиз), 8 дарсади кӯдакон камвазнӣ (соли 2012–12 фоиз) ва 6 фоиз лоғарӣ доранд (соли 2012 - 10 фоиз). Ҳамин тариқ, нишондодҳои қадпастӣ ва камвазнӣ сол ба сол тамоюл ба пастшавӣ доранд.
Никоҳи хешутаборӣ миёни ҷавонон ва таваллуди кӯдакони маъюб дар соли 2022 то чӣ андоза мушоҳида гардид?
Бояд гуфт, ки соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 212545 зани ҳомила аз ташхиси фаросавтӣ гузашта, дар 1411 нафари онҳо (0,67 фоиз) иллатҳои модарзодӣ муайян шудааст ва таваллуди 897 кӯдаки маъюб (63,6 фоиз) пешгирӣ карда шуд. Аз ҳисоби нуқсҳои дарёфтгардида 124 ҳодиса (8,8 фоиз) дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ ба амал омадааст.
Соли 2022 бо мақсади пешгирии никоҳи хешутабории наздик ва оқибатҳои он, инчунин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба ин масъала мониторингу вохӯриҳо ба тариқи васоити ахбори оммаи кишвар роҳандозӣ гардид.
Маълумотнокии аҳолӣ, хусусан модарон оид ба масъалаҳои саломатии модар ва кӯдак нисбат ба чанд соли охир чӣ гуна аст?
Тибқи тадқиқоте, ки аз ҷониби Вазорат соли 2021 гузаронда шуд, маълум гардид, ки 87,3 дарсад (соли 2018–76,8 фоиз) занони ҳомила аз омилҳои хавф маълумот доранд. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, хусусан модарон, аз тарафи мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии солимии репродуктивӣ тавассути оинаи нилгун ва радио 37 маротиба дар мавзуъҳои ғизои зани ҳомила, синамаконии холис ва аҳамияти он, бартариҳои назорати саривақтии занони ҳомила, мавқеи бонувон дар соҳаи тандурустӣ, оид ба фаъолияти марказҳои солимии репродуктивӣ, таъсирҳои манфии рӯзадорӣ ба шахсони бемор, аз ҷумла ба занони кӯдакони ширхордошта ва ҳомила, никоҳи хешутаборони наздик ва оқибатҳои он, назорати тотаваллудӣ ва гуфтугӯи мустақим бо аҳолӣ оид ба танзими оила ва маводи ҳозиразамони пешгирии ҳамли номатлуб баромад намуданд. Инчунин, дар доираи татбиқи «Тартиби ба занҳо расондани кумаки тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди он», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст, ҷиҳати баланд бардоштани дастрасии занони ҳомила ба нигоҳубини антенаталии сифатнок, ёрӣ дар давраи таваллуд ва пас он «Шаҳодатномаи модар» таҳия гардида, 160 нафар корманди муассисаҳои КАТС ва таваллудхонаҳо омӯзонда шуданд, ки ин ҳуҷҷат ба таври таҷрибавӣ дар марказҳои саломатии шаҳрии № 1, 9, 13 ва 15-и шаҳри Душанбе дар марҳилаи воридкунӣ мебошад. Новобаста ба ин, ҳоло ҳам занони ҳомила бо сабабҳои таъсири вазъи хонавода ва сатҳи иҷтимоӣ ба марказҳои саломатӣ дер муроҷиат мекунанд.
Дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак чӣ гуна мушкилиҳо мавҷуданд?
Мушкилоти соҳа асосан нокифоя истифода бурдани дастовардҳои илми муосир, ҷалб нагардидани мутахассисони ҷавон ба ноҳияҳои дурдаст аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, суст ба роҳ мондани чорабиниҳо дар самти минтақакунонии сатҳи хизматрасонӣ ба занон ва кӯдакон мебошанд.
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат саъю талоши хешро баҳри таъмини солимии аҳолии мамлакат равона сохтааст ва бовар дорем, ки дар ояндаи наздик сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус ба модарону кӯдакон боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.
«Бонувони Тоҷикистон»