19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Доруҳо дар куҷо бояд нигаҳдорӣ шаванд?

 

Bonu 01_2023___fmt

Баъзан дар ҳаёт аз беэҳтиётӣ - дар ҷойи муайяну дастнорас нигаҳ надоштани доруҳо ҳолатҳои нохуш сар мезананд. Кӣ боре ҳам қандакҳои дар шакли доруҳо ва ҳабҳоро дар мағозаҳо надидааст? Андешаи он, ки доруҳо низ мисли ҳамон қандакҳо ҳастанд, ё шояд аз ҳисси кунҷкобӣ тифл метавонад доруҳои сахттаъсирро ба даҳон барад. Оқибати фоҷиабори он ниёз ба тавзеҳ надорад. Соле қабл Маҳбуба, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми тамизи зистгоҳ бехабар монд, ки доруе, ки духтур ба ӯ тавсия дода буд, аз рафи ҷевон баногаҳ ба фарши хона афтодааст, вале ӯйи бедарак ҳамоно масруфи поку батартибдарории хона буду духтарчаи дусолааш қариб 20 дона ҳабро фурӯ бурдааст. То ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» расидан, тифл ба ҳолати мадҳушӣ афтид. Хушбахтона, бо кумаки табибон кӯдак наҷот ёфт.

Дар ҳама ҳолат низому тартиб ва эҳтиёткорӣ мебояд, бахусус ҳангоми нигаҳдории доруҳо. Дар хона мушаххас медонем, ки либосҳо ба ҷевон, анвои ғизоӣ ба яхдон бояд гузошта шаванд. Аммо кам касоне ҳастанд, ки барои маводи доруӣ ҷойи муайянеро созмон додаанд. Баъзан соҳибхонаҳо ба ҳар куҷое рост омад, доруҳоро мегузоранд. Бояд гуфт, ки доруҳо бояд дар ҷойи муайян ва барои кӯдакони хурдсол дастнорас нигаҳ дошта шаванд.

Ба шартҳои нигаҳдории доруҳо мувофиқи дас¬турамали онҳо мебояд риоя кард, ки омилҳои асосӣ ҳарорат, рӯшноӣ, намнокӣ, алоқа бо ҳаво ва дастрасӣ ба аъзои оила мебошанд. Доруҳо аз таъсири нурҳои офтоб ба зудӣ корношоям мегарданд. Ин аст, ки дар бештари дастурамалҳо дар ҷойҳои торик ва нисбатан сард нигоҳ доштани онҳо тавсия мегардад.

Ҳабҳо (таблеткаҳо) ва ғилофакҳо намӣ ва рутубатро зуд ба худ меҷабанд, аз ин рӯ, онҳоро дар ҷойҳои хушк нигаҳ доштан ҳатмист. Дар ҷойҳои намнокияшон номуътадил, ба монанди ҳаммом, ошхона ва айвони хона нигоҳ доштани доруҳо номумкин аст.

Агар рӯи доруҳои моеъ кушода ё нимкушода бошанд, бухоршавии дору, ҷабида гирифтани моддаҳои дар парвоз ва пайвасташавӣ ба оксиген эҳтимол дорад. Аз ин рӯ, зарфҳои доруро сахт маҳкам карда, ҳабҳоро дар қуттиҳои махсуси ҳавоногузар ҷойгир кардан зарур аст.

Доруҳои аэрозолӣ ва дар шакли газбударо дар ҷои торик аз гармии шуъои офтоб, гармкунакҳои барқӣ ва оташ дур нигоҳ доштан муҳим аст.

Аксарияти доруҳо бо ҳарорати хона, яъне аз 15 то 22 дараҷа мутобиқ карда шудаанд. Агар дар дастурамали дору қайде бошад, ки дар ҷойи хушк ва торик нигоҳ доштани он ҳатмист, пас метавон онро ба яхдон гузошт. Дар яхдонҳои ҳозира ҷойҳои махсус барои нигоҳ доштани доруҳо мавҷуданд. Аммо хоҳ ҷойи махсус бошаду хоҳ не, доруҳои дар яхдон гузошта бояд аз намиву рутубат ҳифз карда шаванд. Яъне, чӣ тавр? Доруҳоро ба қуттӣ ва қуттиро ба халтаи полиэтиленӣ печонда ба яхдон гузоштан зарур аст. Малҳам, шамъчаҳо, ғилофакҳо ва марҳамҳоро дар рафҳои мобайнии яхдон мегузоранд. Дар рафҳои поёни дари яхдон доруҳои моеъ гузошта мешаванд.

Дар ҷойҳои гарми тоқатфарсо ё яхбандӣ нигоҳ доштани дору куллан нодуруст аст. Аз доруҳои сармозада беҳтараш даст мебояд кашид.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки доруҳое, ки барои табобати узвҳои берунӣ ва дарунии одам пешбинӣ шудаанд, бояд ҳар кадоме дар алоҳидагӣ нигаҳдорӣ шаванд, яъне онҳоро алоҳида дар халтачаҳои полиэтиленӣ нигоҳ доштан ба мақсад мувофиқ аст, ё дар рафҳои алоҳидаи ҷевончаи доругузорӣ метавон гузошт.

Маҳлулҳои барои тоза кардани захму ҷароҳатҳо, ки дар зарфҳои шишагӣ ҷойгиранд, (перекиси водород, йод, сабзмоеъ ва ғайра) дар зарфҳои ҳавоногузару обногузар нигаҳдорӣ шуда, аз дигар доруҳо бояд алоҳида ҷой гиранд.

Қуттии доруҳо бояд дар ҷойи муайян бошад, то дар вақти оҷилӣ барои дастрас кардани он мушкилие пеш наояд. Аммо, агар дар хона хурдсолон, куҳансолони қувваи биноияшон заиф ва беморони руҳӣ бошанд, пас доруқуттӣ бояд дар ҷойи бехавф нигоҳ дошта шавад.

Доруҳое, ки солҳои охир истеҳсол мешаванд, муҳлати нигаҳдории тулонитар доранд, ки ба ҳисоби миёна аз 2 то 5 солро дар бар мегиранд (ба шарте ки қоидаҳои нигаҳдории онҳо дуруст риоя гардад). Аз ин рӯ, ҳини харидории доруҳо ба муҳлати эътибори онҳо таваҷҷуҳ кардан ҳатмист. Доруҳое, ки дар дорухонаҳо тайёр мешаванд, муҳлати истифодабарии хеле кутоҳ доранд, амсоли қиёмҳо ва доруҳои моеъ, ки ба зудӣ таркиби онҳо вайрон мегардад. Дар ҳарорати хона баъзан 2–3 рӯз нигаҳ дошта мешаванд ва ҳамин ки тираранг, ё дар дохили онҳо поғаҳо пайдо мешаванд, аз истифодаи онҳо мебояд даст кашид.

Дар хона гоҳе доруқуттиро пурра аз назар гузаронда, онеро, ки муҳлати эътибораш гузаштааст, партофтан зарур аст. Ҳабҳо ва ғилофакҳои аз истифода баромадаро пеш аз партофтан аз коғаз ва ё қуттиҳои худ ҷудо карда, ба варақе мепечонанд ва ба сатили партов равон месозанд. Ҳаб ва доруҳои обакӣ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ташноб партофта шаванд.

Ҳароратсанҷи симобӣ, ки асбоби хатарзост, мутаассифона, аз беэҳтиётӣ метавонад шиканад. Дар чунин ҳолат роҳҳои нафаскаширо бо ёрии ниқоб баста, дастпӯшак мепӯшанд ва тавассути ду коғаз симобро аз замин мегиранд. Онро ҳамроҳ бо ҳароратсанҷи шикаста ба коғаз печонда, сипас даруни халтаи полиэтиленӣ мегиранд ва маҳкам баста, ба халоҷо мепартоянд.

Панҷ қоидаи бехатарӣ:

1.         1. Доруқуттиро ҳадди ақал дар шаш моҳ як маротиба аз назар гузаронда, ба тартиб оред.

2.         2. Ба муҳлати эътибори доруҳо таваҷҷуҳ кунед. Бояд дар қуттии дору муҳлати эътибори он дарҷ гардида бошад. Ҳар як доруро дар қуттии худ нигоҳ дошта, шартҳои нигаҳдории онро ба ҷо оред.

3.         3. Рӯйхати номгӯи доруҳои мавҷударо тартиб дода, рӯи доруқуттӣ часпонед, то дар ҳолатҳои оҷилӣ доруи заруриро пайдо кунед.

4.         4. Пеш аз истифодаи дору бодиққат дастурамали онро хонед.

5.         5. Доруқуттиро дар ҷойи барои кӯдакон дастнорас гузоред. Дар назди кӯдак доруқуттиро накушоед ва чизе аз онро, ҳатто бехатар ҳам бошад, барои бозӣ кардан ба ӯ надиҳед. Кунҷкобии кӯдакро бедор насозед ва бо дору, духтур ва сӯзандору ӯро наҳаросонед.

Дар ҳама ҳолат аз эҳтиёт кор гиред, агар доруқуттии махсус надошта бошед, метавонед қуттии пойафзол ва ё ягон қуттии тозаро бо ин мақсад истифода баред.

СИМИН

 

                                 Бастагони занҷири тиллоӣ

Буд набуд, як пиру як кампир буд. Ҳанӯз аз давраи ҷавонӣ онҳо бастаи як занҷир буданд. Лек занҷири онҳо занҷири одӣ не, занҷири тиллоӣ буд. Занҷири меҳру муҳаббат буд. Онҳо дар талхиву ширинӣ ва кӯфту кулухти зиндагӣ бо ҳам буданд. Шарики хурсандии ҳам буданд, ҷояш ояд, пушташон хам зи ғам буданд, лек бо ҳам буданд. То наафтанд зи ғам такяву пояи ҳам буданд. Ҳар чи ки бошад, бо ҳам буданд.

Он яке, агар ба зарурат мерафт ҷое дигар, ба меҳмонӣ ё адои қарзи инсонӣ, шаб то ба рӯз ҳар дуро набуд хобу оромӣ. Чашмҳояшон зи бехобӣ варам буданд, худ печида ба чодари ҳузну ғам буданд. Дар иштиёқи будан, ба ҳам буданд.

Боре шавҳар бо чанд ҳамроҳ пушти пушта рафт баҳри коҳу камолу хас. Бор карданд мошину шуданд ба роҳ, лек мошини пур аз коҳ набаромад аз нишебӣ, ҳар чи карданд оҳу воҳ. Ронанда ҳамчу донанда гуфт, ки биёед, шаб ҳамин ҷо хобему наравем ба торикӣ. Ориф (номи ҳамон пир, ки он гаҳ ҷавон буд) гуфт, дар хона будаҳо мешаванд ташвиш. Э-э-э… гуфт ронанда, ки ба фикри худ буд гӯё донанда.

Э-э-э…, ки барои туву ман мешавад ташвиш. Хобро бизан беташвиш.

Хайр, - гуфт Ориф, лек дили ӯ буд воқиф, ки биёянд аз хона. Ҳар касе зи пушти ҷойи хоб рафтанд, ҷойи хоб ёфта ба хоб рафтанд.

Дигаронро зуд хоби ширини вазнин рабуд. Лек Орифро на! Бедор буду дил ба ёр, ки ҳоло - ҳол ана-мана касе ба суроғ ба чароғ ояд аз хона. Ё шумо мегӯед: ҳооо на! Шаб чодари сиёҳ пӯшида мегузашт, ба нооромию таҳлука. Ҳама бо фишу фуш-фуш хоб буданд, чун беҳуш, ба ҷуз Ориф!

Яке буд, ки шарфаи по шуд. Ширих-ширихи алафҳо боло шуд ва чанд суробе пайдо шуд. Дар шуои чароғи дастошон буд пайдо чеҳраҳои арғувонӣ. Дар алмоспораҳои арақи ҳалолу поки инсонӣ. Онҳо ду писару ду духтар бо модар буданд, ки ба обу арақи одамият тар буданд. Ҳарчанд пояшон шуда обила, лек онҳоро аз ин набуд ҳеҷ гила. Он шаби ноорому зулмонӣ бо омадани онҳо ором гирифту гашт нуронӣ. Ҳам ба нури ахтарҳои осмонӣ, ҳам бо дурахши чеҳраҳои нуронӣ. Шуданд орому орамиданд зуд. Ҳамаро хоби ширин рабуд. Хобҳои басе ширин диданд. Саҳар офтоб онҳоро бо нурҳои зарҳалини хеш лесид, бо торҳои заррин печид. Дигарон аз хоби гарон шуданд бедор. Чун онҳоро диданд, ҳайрон монданду хандиданд, лек баъд ба чашми ибрат диданд, ки кист одаму чист инсонӣ. Наҷунбонед онҳоро, - гуфтанд ҳамроҳон. Бигузор ором бошанд ин лаҳзаи инсонӣ, печида ба зарҳали нури гарми осмонӣ!…

Ана ҳамон пиру ҳамон кампир, ки буданд бас¬таи ҳамон занҷир, инчунин, ҳамсафар ба роҳи бандагӣ буданд, зери оҳу воҳи зиндагӣ буданд. Бе вубол бо меҳнати ҳалол фарзандҳоро тарбият карда, соҳиби ҷоҳу ҷалол…

Чун гирифтанд болу пар ва дар фазои зиндагӣ заданд пар-пар, онҳо зи паи ҷустуҷӯи ҳунар шуданд ва обилаи кафи даст аз он баҳравар шуданд. Кӯшиданду ба кор ҷӯшиданд ва ҷоми обрӯву иззат нӯшиданд.

Ганҷи боранҷ ёфтанд он пир ва ҳамон кампир, ки буданд бастаи ҳамон занҷир, ана ҳамон ду писар ва ду духтар буданд. Гоҳ аз ину гоҳ аз он кас таърифу таҳсини онҳоро шуниданд, пас ба куртаи худ намеғунҷиданд.

Он ҷигаргӯша-чӯҷаҳои онҳо, ки буданд ҷазбида ба сеҳри меҳри онҳо, қадри падару модарро ҳамчу резаи нон бо тамоми дилу ҷон медонистанд…

Ана ҳамон пир ва ҳамон кампир, ки буданд бастаи ҳамон занҷир, доштанд орзуи оламгир, ки на каҷ ба ҳаҷ раванд зойири каъбаву равзаи Расул (С) шаванд.

Хулласи гап, ана ҳамон пир бо ҳамон кампир, чанд сол дар қатор истодаанд, бо таҳаммул бо ор истоданд, то надиҳанд диле озор, буданд бар ақидаашон пойдор. Чанд зимистону баҳор истоданд, интизор истоданд, Он пир ва ҳамон кампир мехостанд на ба валвалаву дамдама, балки бо оромиву пинҳонӣ ба ҷо оранд ин қарзу фарзи мусулмонӣ. Оқибат чун расид навбаташон, гӯё расид зи нав ба танашон ҷон. Қалби онҳо мисли кабӯтар мезада пар, мезадӣ пар-пар…

Адҳам ЗОИР,

ноҳияи Тоҷикобод

 

 

:.  Тандурустӣ 13.02.2023 11:24 533

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz