Дар ин шабу рӯз, ки муроҷиати гирифторони бемориҳои роҳи нафас ба дармонгоҳҳо зиёд мушоҳида мешавад, мутахассисони сироятшинос тавсия медиҳанд, ки яке аз омилҳои муҳими пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ саривақт ба табибон муроҷиат ва риоя намудани реҷаи бистарї дар хона мебошад.
Тавре огоҳӣ дорем, дар солҳои мубориза бо бемории сироятии КОВИД-19 мутахассисони шуъбаи сироятшиносии Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори ин беморӣ дар ҳудуди ноҳия муваффақ гардида буданд. Таҷрибаи дар ин самт андӯхта ба сироятшиносони шуъбаи мазкур имкон медиҳад, ки дар ин шабу рӯз паҳншавии бемории роҳи нафасро пешгирӣ намоянд.
Ба гуфтаи Наргис Ҳалимова, мудири шуъбаи сироятшиносии Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, азбаски имрӯзҳо гирифтории сокинон ба бемории роҳи нафас зиёд мушоҳида мешавад, мо дар баробари ташхису ба муолиҷа фаро гирифтани онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро низ тақвият бахшида истодаем. Зеро баъзе сокинон дар марҳилаи аввали сирояти бемориҳои роҳи нафас нахуст ба худмуолиҷа машғул шуда, танҳо баъди пайдо шудани оризаҳои ин беморӣ ба табибон муроҷиат мекунанд, ки ин раванди табобат ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориро мушкилтар мегардонад.
Дар мавсими имсолаи сардиҳо бемории роҳи нафас аз рӯи аломатҳояш, ки дар беморон мушоҳида карда истодаем, сабук арзёбӣ мегардад. Зеро мисли солҳои пешин дигар дар беморон таб то 40 дараҷа баланду сулфаи обдор, беҳоливу нафастангӣ дида намешавад ва сокинон ин бемориро муддати 5- 7 рӯз осон паси сар мекунанд.
Мутаассифона, баъзе шаҳравндон баъди худмуолиҷа ва пайдо шудани оризаҳои бемории зуком ба мо муроҷиат мекунанд, ки дар ин сурат мо беморонро нахуст аз муоинаи рентгенӣ мегузаронем. Дар сурати мушоҳида гардидани нишонаҳои бронхити музмин, сулфазании зиёд, ё дигар иллатҳои шуш онҳо нахуст аз ташхисҳои лабораторӣ гузашта, баъдан ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Нафароне, ки аз рӯзҳои аввали гирифторӣ ба бемории роҳи нафас муроҷиат мекунанд, барои онҳо истеъмоли доруҳои “анаферон”, “циклоферон”, ё “арбидол” ва дар ҳолати таби баланд истеъмоли паратсетамол кифоя аст, -иброз медорад Наргис Ҳалимова. - Аммо гирифторони бемории роҳи нафас бояд реҷаи истироҳати бистарӣ дар хонаро қатъиян риоя намуда, дар ин муддат бештар оби ҷӯшомада, асалчой, чойи аз шарбатҳои гуногуни хонагӣ ва кам-кам лимучой истифода намоянд.
Табибони сироятшинос тавсия медиҳанд, ки барои пешгирӣ аз сирояти бемории роҳи нафас ҳар нафари мо бояд ғизоеро истеъмол намоем, ки ба тақвият бахшидани масунияти бадан мусоидат менамояд. Мавриди зикр аст, ки истифодаи ниқоб на танҳо барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, балки ҷиҳати муҳофизати роҳҳои нафаси нафарони гирифтори бронхити музмин ва бемориҳои бодӣ (аллергия) аз ҳарорати сард аҳаммият дорад. Шукр, ки дар табиати Тоҷикистон тамоми витаминҳо мавҷуд буда, бо риояи меъёри дурусти истеъмоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаву хушсифат ҳар сокини кишвар метавонад бадани худро солим нигоҳ дорад, -мегӯяд табиби сироятшинос Наргис Ҳалимова.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ