Аз хурдсолӣ ба пешаи табибӣ майл дошт. Ба пиндораш табиб аз дунёи дигар аст, зеро одамон ҳангоми хурдтарин ноҷӯрӣ ба назди духтур мешитобанд. Он лаҳза ҳама чиз ба назар дуюмдараҷа мегардад ва табиб ягона касест, ки ба ҷони дардманд даво мебахшад.
Сарнавишти одамоне, ки пас аз хатми мактаби миёна танҳо ба саводу неруи худ такя карда, ба пойтахт омадаанд, ҷолиб аст.
Аксари онҳо писарону духтарони музофотиянд, ки дар зиндагӣ комёб шудаанд. Яке аз чунин шахсҳо Дилбар Қарабекова – мудири бахши бемориҳои занонаи Маркази ташхисӣ - табобатии «Шифо» мебошад.Духтараки одии деҳотӣ, ки то хатми мактаби миёна аз Панҷакент берун нарафта буд, алҳол узви Конфронси илмии ҷаҳон оид ба БПНМ (СПИД) аст. Дилбар Аҳроровнаро олимони соҳаи тибби дигар кишварҳо низ хуб мешиносанд.
Ӯ дар бисёр конфронсҳои байналмилалӣ бо маърузаву пешниҳодҳо баромад намудааст.
Меҳри донишро ба дили мо волидони омӯзгорамон ҷой намудаанд. Дар мактаб аъло мехондем.
Ҳама бародарону хоҳарон таҳсилдидаем, - мегӯяд Дилбарбону ва меафзояд. - Овони мактабӣ дилбастаи фанҳои кимиё, биология ва зоологиябудам.Қурбоққаҳо ё моҳичаҳоро аз ҷӯй дошта, ба дарсҳо меовардам. Озмоишҳо мегузарондам, онҳоро чок карда, сохтори дарунашонро меомӯхтам.
Барои ман омӯзиши сохтор ва ҷойгиршавии узвҳо шавқовар буд.Падараш ин ҳама шӯру шавқи Дилбарро дида хулоса кард, ки духтараш бояд табиб шавад. Соли 1973 дар каф медали тилло ҳамроҳи падар ба Душанбе омад.
- Он солҳо дорандагони гувоҳномаи аъло ё медал барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ танҳо як имтиҳони қабул аз фанни биология месупурданд. Дар имтиҳон яке аз омӯзгорон пурсид: - «Кӣ шудан мехоҳӣ?».Он лаҳза намедонистам, чӣ ҷавоб диҳам ва гуфтам, ки мехоҳам ҷарроҳ шавам. Имтиҳонгиранда ба ман нигариста пурсид:Ҷарроҳӣ касби мушкил аст. Ҳангоми амалиёт беморро чок мекунанд, наметарсӣ?». Дар посух гуфтам, ки аз ҳеҷ чиз наметарсам, дар мактаб борҳо қурбоққаҳоро ҷарроҳӣ кардаам.Ҳозир дарк мекунам, ки он вақт имтиҳонгиранда ин саволро беҳуда надода будааст – муаллим мехост бифаҳмад, ки оё ман ягон зарра тафаккури клиникӣ дорам, ки он барои ҳар як пизишк зарур аст, - ёд меорад бонуи пизишк.Имтиҳони ягонаро низ бо баҳои аъло супурда донишҷӯи яке аз беҳтарин донишгоҳҳои кишвар гашт.
Соли 1979 ҳангоми тақсимот, бо тавсияи устодаш, марҳум Юсуф Исҳоқӣ барои кор ба беморхонаи қитъавии деҳоти Амондараи Панҷакент ба сифати сартабиб омад.Бауҳдаи ман масъулияти калоне гузошта шуд - ба ин беморхона сокинони нуҳ деҳаи наздик вобаста буданд. Ва ман, духтари ҷавони 23-сола, бе таҳсил дар интернатура фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун сартабиби ин беморхона оғоз намудам. Ба хотири аз даст надодани тахассус ҳамзамон дар таваллудхонаи Панҷакент шуғл меварзидам.
Ду соли кор дар ин беморхона мушкилтарин лаҳзаҳои фаъолияташ буданд. Занони ҳомила бо оризаҳо аз рустоҳои кӯҳӣ то ба беморхонаи деҳа бо аспароба ва ё харароба овардан зарур меомад. Ҳолатҳое буданд, ки ҳаёти инсон дар сари дақиқаҳо бозӣ мекард – ҳам модару ҳам кӯдакро наҷот додан лозим буд. Баъзан зарурати фиристодани занони таваллудкунанда ба беморхонаи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ пеш меомад. Беморхона он замон мошин надошт ва ин кори табибонро ба таври ногуфтанӣ душвор мекард. Телефон ҳам набуд. Дар чунин лаҳзаҳо аз ҳуҷраи кории раиси колхоз ба Панҷакент занг мезаданд, то ки мошини ёрии таъҷилӣ фиристанд. Боре моро ба рустои баландкӯҳ даъват карданд. Зан дар ҳолати таваллуд, фишори хунаш баланд бо хунравии шадид беҳуш мехобид, ӯро фавран наҷот додан лозим буд. Занро ба асп савор карда ба беморхона овардем. Бо мошини раиси колхоз зани оғушта ба хунро ба беморхонаи Панҷакент оварда ҷарроҳӣ намудем. Ба ҳаёти модару кӯдак чизе дигар таҳдид намекард.
Соли дигар Дилбарро мудири шуъбаи бемориҳои занонаи беморхонаи шаҳри Панҷакент таъин намуданд.
Соли 1981 бо ҳамкасби худ Мақсадулло Неъматов оила барпо намуд. Дар миёнаи солҳои 80-ум шавҳарашро сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор таъин намуданд ва онҳо ба Душанбе кӯч бастанд. Дилбар Қарабекова аз соли 1983 то 1985 ординатураи клиникии ДДТТ-ро дар таваллудхонаи № 2–и шаҳри Душанбе хатм намуд. Дар ин давра писаронаш ба дунё омаданд. Пас аз хатми ординатура ӯро ба пойгоҳи Ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ба шуъбаи бемориҳои занона ва ҷарроҳии фаврӣ фиристоданд, зери роҳбарии сартабиби пойгоҳи Ёрии таъҷилӣ Султон Муҳаммадов кӯшиш намуд дар амалиёти ҷарроҳӣ ба сифати ёвар иштирок кунад ва нозукиҳои кори ҷарроҳиро аз худ намояд.
- Дар вазифаи мудири бахши амалиётии шуъбаи бемориҳои занона то соли 1992, то оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кор кардам. Дар он рӯзҳои вазнин ба назди мо шумораи зиёди беморону маҷруҳонро меоварданд, ба онҳо ёрии фаврӣ расондан лозим буд. Табибон шабу рӯз кор мекарданд ва ба хонаҳояшон намерафтанд.
Бо роҳхати Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, солҳои 1992 - 1996 сартабиби шуъбаи таваллуд ва, ҳамзамон, ҳамчун сармутахассиси Вазорати тандурустӣ дар ноҳияи Панҷакент оид ба масъалаҳои модару кӯдак фаъолият бурд.
Соли 2007 Дилбарбону рисолаи номзадиашро ҳимоя кард. Дар раванди кор бемориҳои камбуди йод, камхунӣ ва тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии оилаҳо омӯхта шуданд. Соли 2010 ӯ дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Лазер дар ҷарроҳӣ», ки дар шаҳри Рашти Эрон баргузор гардид, ширкат намуд. Соли 2010 тули се моҳ дар Лондон, дар бемористони шоҳӣ дар мавзуи «Инсиминатсияи БС» таҷрибаи ихтисосӣ омӯхт.
Аз соли 2008 ба симати мудири шуъбаи бемориҳои занонаи Маркази ташхисӣ - табобатии «Шифо» фаъолият дорад.
Соли 2011 дар Рум бояд ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба БПНМ (СПИД) баргузор мегардид. Дӯстонам ба ман маслиҳат доданд, ки дар мавзуи БПНМ дар Тоҷикистон мақолае навишта барои баррасӣ ба Рум фиристам. Ва ба ман посухи узвият ба муддати 12 сол дар Конфронси илмии ҷаҳонӣ оид ба БПНМ омад.
Соли 2012 дар Вашингтон - «БНМО ва пешгирии он», 2012 - Муколамаи байналмилалӣ - «Сирояти бо роҳи ҷинсӣ гузаранда», Канада Оттава, 2013 – Конфронси «Табобат ва пешгирии БНМО», Австрия, Вена, 2014 - Конфронси байналмилалӣ «БПНМ – табобати нав». Австралия, Мелбурн, 2014 – Конгресси «Бемориҳои занона», Москва, Россия, 2015 – Конгресси «БПНМ. Пешгирӣ», Ванкувер, Канада, 2017 - Конгресси «Тибби оилавӣ», Дюсселдорф, Олмон, 2019 -Конфронси «Мушкилот ва тарзи нави табобати БПНМ», Базел, Швейтсария, 2020 – Конгресси «Тиб ва саломатӣ», Мадина, Арабистони Саудӣ ва дигар аз он ҳамоишҳоеанд, ки табиби ҳозиқ Дилбарбону дар онҳо ширкат варзидааст. Дар Швейтсария ӯро узви Кумитаи аврупоӣ оид ба БПНМ интихоб намуданд.
- Кори худро дӯст медорам, 43 сол аз пушти ин касб нон мехӯрам. Ҳамчун пизишки бемориҳои занона ба ҳамаи бонувони олам тансиҳатӣ орзу дорам, мехоҳам, ки онҳо худро эҳтиёт кунанд ва сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд, - мегӯяд Дилбарбону.
Бо ҳамин суханони одӣ ва самимӣ Дилбар Қарабекова суҳбати худро ба анҷом расонд, шахсе, ки ҳамаи унвонҳояшро дурудароз номбар кардан рост меояд, бонуе, ки бо ханда худро «духтараки одии деҳотӣ» ном мебарад. Ба хотирам суханони нависандаи австриягӣ Мария фон Эбнер - Эшенбах расиданд: «Аз пизишкон ва омӯзгорон муъҷиза талаб мекунанд, агар ин муъҷиза рух диҳад, касе ҳайрон намешавад».
Сабрина САФАРОВА