Бемориест, ки љараёни он тўлонисту тоќатфарсо. Шунидани номи он барои одамон басо гарон асту дањшатафзо. Мубталошудагони онро яъсу ноумедї ва ѓаму андўњ фарогир аст ва шустани дасту дил аз зиндагї. Ин бемориро саратон ном аст….
Саратон…. Бемориест, ки солњои тўлонї башариятро ба ташвиш оварда. Шомил ба номгўи беморињои хавфнок аст. Аз ин пеш одамон чунин меандешиданд, ки шаклгирии омос љараёни зуд ба вуќўъоянда мебошад, лек тибби муосир исбот намуд, ки беморињои онкологї љараёни дурудароз ва куњна буда, дар организм тўли дањсолањо ташаккул меёбанд. Саратон омоси зарарнок ва афзоиши патологии бофтањои бадани инсон аст…
Ваќтњои охир хеле зиёд ба гўш мерасад, ки яке аз шиносон, њамсояе ва ё таборе ба бемории саратон гирифтор шудааст ва аз ин зиёд фавтидааст. Ба худ суол медињем, ки аз чї, бо кадом сабаб ин њодиса рух дод? Ба афзоиши саратон чї мусоидат намуд?
Мутахассисон чунин мењисобанд, ки пайдошавии варамњои саратонї бо харобшавии узвњои генетикии њуљайра алоќамандї дорад. Дар ин љо наќши муњимро муњити экологї мебозад: мављудияти моддањои кансерогенї дар њаво, об, замин, дар мањсулоти хўрока ва либос, нурафканї ва радиатсияи муњити зист. Њамчунин шароити мењнатї ва моддањои зарарноки ба он алоќаманд метавонанд ба ташаккули омосњои саратонї мусоидат намоянд: аз ќабили корхонањои истењсоли анилин, семент, чармгарї, кор бо таљњизоти рентгенї ва амсоли инњо.
Ба ташаккули варами саратонї инчунин бисёр одатњои зараровари худи инсон, шароити зисти ў ва сифати ѓизо низ мусоидат менамояд. Илм исбот намудааст, ки дар аксари њолатњо саратони шуш дар натиљаи тамокукашї пайдо мегардад ва дар натиљаи сўъистифода аз машрубот, истеъмоли хўрокњои сӯзон, номунтазамии ѓизо, зиёд истеъмол намудани чарбуњои њайвонот, хўрокњои тезу тунд, дурудароз истеъмоли беназорати доруњо ва пайваста асабонї шудан дар љои кор ва хона ба саратони меъда меорад. Айни њол чунин мењисобанд, ки дар њар як њодисаи конкретї ба ташаккули варами саратонї якчанд омилњо дар якљоягї мусоидат менамоянд: генетикї, экологї ва характери вирусї. Лек њастанд варамњои саратоние, ки ирсї буда, аз насл ба насл мегузаранд ва бо таъсироти муњити беруна алоќамандие надоранд.
Аз ин беморї на танњо калонсолон, балки кўдакон низ азият мекашанд.
Таърихи пайдоиши саратон
Дар њудуди кишвари Туркия мавзеъест бо номи Книд. Замоне дар ин љо кишваре дар сатњи хеле баланд рушду тараќќї дошт. Дар ин мавзеъ таќрибан дар соли 450-и пеш аз милод шахсе ба дунё омад, ки ба тибби кунунї асос гузошт. Ин шахс Њиппократ буд.
Миёни рисолањои љолиби ў иншое бо номи «Оид ба картсиноз» вуљуд дорад ва дар замони мо табибон муайян намудаанд, ки дар ин иншо варами саратони пистон тасвир шудааст. Дар матни он Њиппократ мафњуми «онкос»-ро хеле зиёд мавриди истифода ќарор додаст. Њарчанде ин мафњум на танњо ба саратон тааллуќ дошт, вале мањз аз њамин љо мафњуми «онкология» пайдо гардид, ки маънии тањќиќоти варамњоро ба худ касб намуд ва имрўзњо бошад тамоми соњањое, ки ба омўзиши саратон сару кор доранд, онњоро онкология меноманд.
Он замонњо ба монанди микроскоп асбобе вуљуд надошт, аз ин рў, чунин ташхис танњо аз рўи назорат ва мушохидањои духтур даст медод. Он замонњо одамон мављудияти варами саратониро пинњон медоштанд, зеро табобати саратон эњтимол бо роњи сўзондан ба роњ монда мешуд – яъне аниќ муайян нагардидааст. То замони Њиппократ андаке асарњои тиббї навишта шуда буд, лек дар папирусњои мисриён 3 000 сол пеш аз милод монанд ба чунин беморињо наќлњо оварда шудаанд. Аз рўи далелњои мањфузмонда маълум мегардад, ки чунин беморињо хеле кам ба вуќўъ меомаданд. Шояд сабаб он бошад, ки он замонњо ташхис дар сатњи паст ќарор дошт. Њангоми тадќиќот варамњои саратонї ва аломатњои он дар баъзе мумиёњои фиръавнњо пайдо гардид. Ва аз њама намунаи ќадимтарини онро дар устухонњои динозавр ёфт намудаанд.
Ин нишондињандаи он аст, ки саратон бемории нав набуда, аз замонњои ќадим одамону њайвонотро мубталои худ мегардонад. Худи калимаи «саратон»-ро табиб Гален номгузорї намудааст. Ў пай бурдааст, ки варами бузургшудаистода ба саратон монанд буда, решадавонии он чанголњои ўро мемонад. Он замонњо табибон ба љараёни беморї мудохила намуданро манъ намуда буданд ва чунин мењисобиданд, ки мудохила бемориро вазнинтар мегардонад. Лек бо мурури замон илми тиб рушд намуд ва усулњои табобати саратон низ бењтар гардид. Муддати тўлонї ба кор бурдани нештар ягона усул мањсуб меёфт, лек айни њол тарзу усулњои гуногуне мављуданд, ки барои шифо ёфтан кўмак мерасонанд.
Пешгирӣ ва аломатҳои бемории саратон
Муайян намудаанд, ки дар љањон ба саратони шуш бештар мардон дучор мешаванд ва занон бошанд ба саратони ѓадудњои ширї.
Суоле ба миён меояд, ки кадоме аз намудњои саратон хатарноктар аст ва метавонад боиси фавти одамон гардад? Муайян намудаанд, ки варами безарар ва варами зарарнок вуљуд дорад, ки вобаста ба сифатњояшон метавонанд барои инсон бехатар ва ё хатарнок бошанд.
Дар марњилаи сабзиш ва калоншавии варам дард њис карда намешавад. Вобаста ба мављуд набудани ягон аломат инсон солњои зиёд наметавонад худро бемор пиндорад. Аломатњои клиникии он танњо дар марњилаи нињоии беморї ошкор мегарданд. Фаъолнокии љараёни сабзиши варам аз бисёр омилњо - яъне нахуст аз њолати биологии муњофизии организм вобастагї дорад. Хурўљи афзоиши варам, чун ќоида, дар натиљаи ба зудї паст гардидани масунияти инсон ба вуќўъ меояд.
Мо медонем, ки роњи аз њама осон ва ќуллай барои њар як инсон – ин пешгирї намудани беморињо аст. Вале дар мавриди бемории саратон суоле ба миён меояд, ки оё мо метавонем онро пешгирї намоем?
Аз сомонаи эфемили.ру мо иттилооте пайдо намудем, ки барои пешгирї намудани ташаккулёбии њуљайрањои саратон, паст намудани таъсири озоди радикалњо мањсулотњое мављуданд, ки дар баробари ин хатари такроран бавуљудоии бемориро истисно менамоянд. Яке аз ин мањсулот – ин марминљон ё худ ба истлоњ малина мебошад, ки буттамеваи хуштамъ ва хушбўй аст. Таркиби он аз ѓозу нахњо, антиоксидантњо ва љавњари эллага иборат мебошад. Антиоксиданти ин буттамева ќобилияти нест кардани њуљайрањои саратониро дорост. Тамоми намудњои он – хоњ тару тоза бошад ва хоњ яхкардашуда ва ё дар шакли мураббо таъсироташ њамоно фаъол мемонад. Миќдори минималии он дар як шабонарӯз 50 граммро бояд ташкил намояд.
Ангури сурх, ё худ њусайнї низ сарчашмаи флавоноид ва антиоксидантњо мебошад, ки организмро аз радикалњои озод пок месозанд. Лекин арзиши асосии ин навъи ангур дар он аст, ки таркиби он дорои ресвератрол буда, ќобилияти манъ кунонидан ва њатто ба аќиб баргардонидани сабзиши бемории саратонро дорост. Миќдори минималии ин навъи ангур низ бояд 50 граммро ташкил намояд.
Дар пўсти кумкват ва њамчунин дигар навъи мевањои ситрусї лиминоидњо мављуданд, ки ќобилияти манъ кардани ташаккулёбии њуљайрањои саратониро доранд. Аз ин рў, кумкватро бо пўсташ истеъмол менамоянд, ки он сарчашмаи хуби лиминоидњо мебошад. Барои истеъмол 3 адади ин мева тавсия дода мешавад.
Помидор низ дар таркиби худ ликопенро дорост, ки метавонад хатари бавуљудоии навъњои гуногуни саратонро паст намояд. На танњо навъњои тару тоза, балки полудаи он низ манфиатнок аст.
Њамчунин донањои куфтаи заѓир, равѓани заѓир ва чормаѓзи бразилї низ метавонанд монеъ ба ташакуклёбии њуљайрањои саратонї гарданд. Донањои куфтаи заѓир ва равѓани он асосан барои кам кардани варамњои саратонии ѓадудњои ширї мусоидат менамоянд.
Гирифтор шудан ба бемории саратон тасодуфї нест, он аз бисёр одатњои њаётии мо вобаста мебошад, ба истиснои он њолате, ки он ирсї набошад. Масалан, одамон аниќ медонанд, ки кашидани тамоку метавонад ба саратони шуш орад, вале кашидани онро ҳамоно давом медињанд, ё худ суъистифода аз машрубот метавонад ба саратони меъда орад, боз њамоно нўшиданро идома медињанд.
То оне, ки инсон пойбанди одатњои хатарзост, бемории саратон метавонад рўзе дар вуљуди ў низ реша медавонад.
С. Ашӯрова