19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАМРИНҲО ДАР ДАВРАИ ҲОМИЛАГӢ

zaryadka dlya_beremennih_1_trimestr

 

Баъзеҳо ба он назаранд, ки машќу тамринҳо дар айёми њомилагї барои зан хавфнок аст, аммо мутахаассисон ба он назаранд, ки тамрин ва фаъолияти ҷисмонии сабук на танњо бехафв, балки судманданд, ба шарте ки дуруст иљро карда шаванд.

Агар зани ҳомила ҳамарўза ба машќи бадан машѓул шавад, тамоми рўз худро бардам ҳис карда, руњбаланд низ мегардад. Ин барои паси сар кардани он мушкилињое, ки њангоми њомилагї чї дар хона ва чї дар љои кор рух медињанд, мусоидат менамояд.

 Машќњои љисмонї њангоми њомиладорї:

  • Гардиши хунро бењтар менамояд;
  • Барои назорат бурдани зиёдшавии вазн ёрї мерасонад;
  • Дарди миёнро аз байн мебарад;
  • Ихтилољ ва васеъшавии варикозии раги варидро пешгирї менамояд;
  • Барои худро хуб њис намудан мусоидат мекунад;
  • Дар оянда валодат (таваллудкунӣ)-ро осон мегардонад;
  • Пас аз валодат барои ба зудї барќарор шудани шакли пешинаи бадан мусоидат менамояд.

         Агар зани ҳомила нуќсњои зеринро дошта бошад, пас аз машќњо рўй тофтани ӯ њатмист:

  • Нодуруст будани гарданаки бачадон, таваллуди пеш аз муњлат ва ё бачапартоии такрорї дар гузашта;
  • Фишори баланди хун дар марњилаи аввали њомиладорї;
  • Хатари ќатъ гардидани њомиладорї;
  • Њомиладории бисёрљанина (дугоник, сегоник ва зиёда аз ин);
  • Бемории системаи рагу дил;
  • Преэклампсия;
  • Хунравї аз мањбал.

     Машќи гардан

Кор бо ќисми гардании сутунмуњра ба занони ҳомила барои бартараф кардани дарди сар, асабоният, бехобї, хасташавии тўлонї ва њатто гулўдард, ки аксар ваќт натиљаи фишори мушакњои ин ќисми бадан мебошад, мусоидат менамояд.

- Ба шифт нигаред, сипас манањро ќат карда, ба фарш нигоњ кунед.

- Кўшиш намоед, ки ҳар ќадаре ки метавонед, аз китф ба ќафо нигаред.

- Сарро ба паҳлу ќат кунед, то ки гўш ба китф баробар гардад.

     Машќи китфон

Ин машќ гардан, китфон ва тахтапуштро озод ва сабук менамояд.

- Даврзанонии озоди китфон ба сўи пеш, сипас ба ќафо.

- Рост нишинед.

- Чї кадаре ки метавонед, китфонро боло кунед, сипас ба ќафо партоед, баъдан ба поён ва ба сўи пеш.

- Машќро баръакс иљро намоед.

           «Шапалак»

        Зонуњоро аз њам људо ва кафи пойњоро ба њам зич кунед (кўшиш намоед, ки кафи пойњо ба бадан расанд). Худро бароњат њис намоед: бадан ба пуррагї суст карда шудааст, лекин сутунмуњра бошад, рост нигоњ дошта мешавад. Танњо ќисми дарунии ронњо таранг карда шудаанд. Бо зонуњо њаракатњои сабуки алвонљдињанда намоед ва оњиста-оњиста суръати љунбишро зиёд кунед. Саъй намоед, ки зонуњо ба фарш расанд. Чї ќадаре, ки баданатон озод бошад, њамон ќадар машќ мутаносиб ва самарабахш иљро мешавад.

     Машќњо барои ёзиши мушакњо

Ин машќњо барои ба валодат омода кардани мушакњо, бофтањо ва банду буѓумњо ёрї мерасонанд, њамчунин даридани мушакњои љатан ва људошавии устухонњои косро пешгирї менамоянд ва дар вақти таваллудкунї њолати дуруст гирифтанро меомўзанд.

- Ба фарш нишинед ва тахтапуштро рост нигањ доред.

- Пойњоро ба сўи пеш ёзонед ва аз њамдигар дур кунед.

- Сипас, њарду дастро ба сўи пои рост дароз намоед.

- Ќоматро рост кунед.

- Худро ба сўи пеш кашед.

- Ќоматро рост кунед.

- Ба пойи чап.

- Ќоматро рост намоед.

                                                                                     Таҳияи Ситора

:.  Тандурустӣ 02.12.2021 03:44 700

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz