Рухшона Кенљаева корманди хурди илмии шуъбаи бактериологияи Пажўњишгоњи тиббии профилактикии Тољикистон буда, собиќаи кории 17-сола дорад. Бо пањншавии бемории њамагири COVID-19 ў ба шуъбаи вирусология гузашт, то дар пешгирии ин бемории хавфнок сањме дошта бошад.
Вирусология, ки як бахши микробиология мањсуб меёбад, омўзиш дар бораи вирусњо, физиология, генетика, инчунин, тањаввули вирусњо ва масъалањои экологиро фаро мегирад. Вирусологияи тиббї ва байторї, пеш аз њама, вирусњоеро, ки ба одамон ва њайвонот сироят мекунанд, тањќиќ намуда, наќши онњоро дар пайдоиши беморињои сироятї ва онкологї меомўзад, њамчунин, усулњои ташхису табобат ва пешгирии беморињои вирусиро муайян месозад.
Вирусолог нафарест, ки тадќиќоти лаборатории вирусологиро ба роњ монда, дар љорї намудани техникаи нав ширкат меварзад. Дар доираи салоњияти худ ў бо табибон оид ба масъалањои пайдошуда машварат менамояд. Дар љараёни озмоишњои лабораторї оид ба ќоидањои тањвили маводи биологї тавсия ва натиљањои озмоишњои лабораториро шарњ медињад ва тартиби ташхисро назорат мебарад. Асбобу дастгоњњоро дар њолати корї нигоњ медорад.
Рухшона Кенљаева соли 1991 коллељи тиббиро хатм намуда, ба њайси њамшираи тиб фаъолият бурдааст. Чун дар дил мењри пизишкї мепарварид, саъй намуд њуљљатњояшро ба Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино супорад. Њамин тавр, ў ба донишгоњ шомил шуда, дар риштаи бактериология тањсил намуду соњиби дипломи пизишкї гардид.
Шуруъ аз соли 2008 номбурда дар Пажўњишгоњи тиббии профилактикии Тољикистон ба сифати духтури бактериолог фаъолият менамояд ва дар тањлилу муайян сохтани бемории фарогири коронавируси нав камар бастааст.
- Вазъияти гирифторшавї ба бемории COVID-19 алњол таназзул ёфтааст. Хусусан пас аз эмгузаронии ањолї барои пешгирии он ташхисњо манфї мебароянд. Њамарўза то 60 -70 нафарро барои ташхиси бемории COVID-19 ќабул менамоем. Бархе барои вазъи сињатии худро фањмидан, баъзењо барои ба хориљи кишвар сафар кардан ва гурўње барои ширкат дар љашну маросимњо аз тањлили вирусологї мегузаранд. Моро зарур аст, ки дар муддати муайян, яъне то соати 17:00 љавоби ташхисро барорем.
Вирусология
Соли 1892 љањониён олими рус Дмитрий Ивановскийро њамчун кашфкунандаи вирусњо эътироф карданд. Ва соли 1901 аввалин бемории вирусии инсон - табларзаи зард кашф карда шуд. Ин кашфиётро љарроњи низомии амрикої В.Рид ва њаммаслаконаш кашф намудаанд. Соли 1911 Фрэнсис Рут табиати вирусии саратонро исбот сохта, соли 1966 пас аз 55 сол барои ин кашфиёт ба ў љоизаи Нобелро сазовор донистанд.
Ба туфайли рушди вирусология дар љањон муваффаќиятњо ба даст оварда шуданд. Масалан, дар асри XX ба шарофати ваксинањои оммавии ањолї дар саросари љањон бисёре аз беморињо барњам дода шуданд.
Замони пандемия дар Тољикистон табибон тамоми роњу усулњоро бањри наљоти мардум ба кор бурданду шабурўз хидмати халќро ба љо оварданд.
Чунин усули кориро директори Пажўњишгоњи тиббии профилактикии Тољикистон Муродалї Рўзиев низ ба роњ монд. Бо маслињату машварати ў тамоми кормандони Пажўњишгоњ дар замони пандемия ба њамдигар ёрмандї намуданд.
Ба аќидаи Рухшона, ќоидањои одии гигиенї њамарўза бояд риоя гарданд, зеро кафолати саломатии њар шахс, пеш аз њама, аз худи ў вобаста аст. Дар Пажўњишгоњ њамарўза озмоишњои тестї оид ба коронавируси нав ба роњ монда мешаванд ва боиси хушнудист, ки имрўзњо гирифторшавї ба ин беморї ќариб ошкор намегардад. Дар Пажўњишгоњ шароити хуби корї ва таљњизоти муосир муњайё буда, дар раванди кор кормандон аз чизе танќисї намекашанд.
Баъди ќабули ваксина хавфи дубораву себора мубтало шудан ба беморшавї вуљуд дорад? Ин суолест, ки аксарият ба он посух мељўянд ва пизишк Рухшона Кенљаева дар ин маврид чунин гуфт:
- Пас аз ваксина бархе ба ин беморї гирифтор мешаванд, вале беморї дар шакли заиф идома меёбад, зеро ваксина оќибатњои вазнини бемориро пешгирї менамояд.
Ба назари табиб њар инсон барои баланд бардоштани руњияи болидаи худ ва дўстону наздикон бояд кўшиш ба харљ дињад ва бештар аз лањзањои хубиву хурсандї биандешад. Њама гуна беморї нахуст ба асаби инсон панља мезанад, агар асаб заиф бошад, беморї зуд ба тан рањ меёбад.
Рухшона Кенљаева модари ѓамхор барои се гулдухтари дўстрўяк асту бонуи мењрубон барои шавњар. Ба аќидаи вай, агар дар оила њусни тафоњум миёни аъзоён фароњам бошад, њам мард, њам зан дар кору зиндагї муваффаќ хоњанд шуд. Иродаи ќавї ва зањмату талошњояш ўро ба кўи маќсуд расонда, ки вориси Синои бузург гардаду њастии худро ба тансињатии дигарон бахшад.
Ф. шаъбон