Фирӯза Шамсова табибест, ки таҷрибаи беш аз 35-сола дорад. Ду соли охир мудирии шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлонро бар дӯш дорад.
Шуъба дорои 4 ҳуҷраи ҷарроҳӣ ва 20 ҳуҷраи табобатии иборат аз 35 кати бистарӣ буда, дар он 6 нафар табиби соҳибтахассус ва 50 нафар корманди миёна ва хурди тиб заҳмат мекашанд.
- Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар таваллудхона 1756 таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора зиёда аз 80 таваллуд бо роҳи буриши қайсар анҷом ёфт, ки 60 дарсади он такроран мебошад.
- Хушбахтона, фавти модару кӯдак надорем, вале, мутаассифона, фавти антенаталӣ (фавти ҷанин дар батни модар) ва интранаталӣ (фавт бевосита дар вақти таваллуд) моҳе 4 – 5-то ба қайд гирифта мешавад, ки 80 фисади онҳо ҷанинҳои норасид, яъне ҳомиладории аз 24 то 36 - ҳафта мебошанд, - мегӯяд Фирӯзабону.
- Аслан, сабабҳои асосии рух додани чунин ҳодисаҳо ин, пеш аз ҳама, ба ҳолати худи зан иртибот дорад. Зукоми мавсимӣ, камхунӣ, фишорбаландӣ дар давраи ҳомиладорӣ, риоя нашудани фосилаи байни таваллуд ва боз чандин омилҳои дигар ба фавти ҷанин дар батн ё мурдатаваллуд оварда мерасонад.
Шуъбаи мазкур сатҳи дуюм ба шумор меравад. Табибони шуъба дар баробари зоиши физиологӣ бо авозирҳои гуногуни занона, бахусус ҷарроҳӣ ва ҳолатҳои вазнини бемориҳои занона кор мегиранд. Тавре Фирӯзабону иброз намуд, панҷ нафар пизишкбону дар шуъба ба ҷарроҳии бемориҳои занона машғул аст.
Барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ кормандони шуъба ҳамасола курсу омӯзишҳои такмили тахассусӣ мегузаранд. Инчунин, имсол бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ шуъба бо катҳои функсионалӣ, оксегенераторҳо ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои таваллудхона таъмин гардиданд.
- Ҳастанд ҳолатҳое, ки занон дар хона таваллуд мекунанд, вале ниҳоят кам. Аммо пас аз зоиши хонагӣ модару тифли навзод ба шуъба интиқол дода мешаванд. Давоми соли ҷорӣ се ҳолати зоиши хонагӣ ба қайд гирифта шудааст.
Фирӯза Шамсова соли 1985 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо тахассуси акушер - гинеколог хатм намудааст. Ӯ дар ноҳияи Носири Хусрав чор сол ва солҳои 2005 – 2019 дар ноҳияи Ҷайҳун ба сифати сардухтур фаъолият дошт.
- Баробари ҳамкорон навбатдорӣ ва момодоягӣ мекардам. Солҳои баъдиҷангӣ мутахассис намерасид. Он замон ҷавону серғайрат будам. Ёдам ҳаст, соли 1996 - ро омор бурдам ва дар як сол 3,5 ҳазор таваллуд қабул кардаам, - ёд меорад ӯ.
Беҳтар аст, агар таваллуд бо роҳи физиологӣ муқаррарӣ сурат гирад. Зеро буриши қайсар дар бештари маврид дар ҳолатҳои зарурӣ барои наҷот додани ҳаёти модару кӯдак гузаронда мешавад.
Хуб мебуд, агар шавҳар ё хушдоман аз рӯзҳои аввали ҳомиладорӣ келинро аз муоинаи духтур гузаронанд ва дар муассисаи тиббӣ ба қайд гузоранд, бахусус модарони ҷавонро. Аҳли хонавода вазифадоранд, ки ҷараёни ҳомиладории модари ҷавонро донанд. Момодояҳои минтақавӣ таҳлилу ташхис ва муоинаҳои тиббӣ, ки дар ҷараёни ҳомиладорӣ зарур аст, мегузаронанд. Ҳангоми муайян ва ошкор шудани оризаҳо сари вақт пеши роҳи бемориҳои вазнин гирифта шавад. Дар ин сурат буриши қайсар низ лозим намеояд.
Яке аз омилҳое, ки боиси пошхӯрии оилаҳои ҷавон мегардад, ин бо оризаҳо гузаштани даври ҳомилагӣ, душвор таваллуд кардани модарони ҷавон, бештар зода шудани кӯдакони носолиму заиф, набудани маърифати оиладорӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Қабули тағйирот ба Қонун «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки никоҳ миёни хешу таборони наздикро манъ мекунад ва Қонун «Дар бораи муоинаи тиббии ҳатмии навхонадорон пеш аз издивоҷ» боиси қаноатмандии табибон гардид.
Ҳатмӣ будани фосилаи байни таваллуд, барқарор намудани захираҳои занон ҳангоми ҳомилагӣ, ки барои сабзиши тифл заруранд ва табобати оқибатҳои аворизи ҳомилагӣ, мутаассифона, риоя намегарданд.
Табиб Фирӯза Шамсова мегӯяд, ки таваллуди хонагӣ бештар дар минтақаҳои дурдаст ба қайд гирифта мешавад ва, мутаассифона, оилаҳои ҷавоне ҳастанд, ки то давраи таваллуд кардан боре ҳам аз назорати духтур нагузаштаанд.
- Ҳарчанд навхонадоронро мефаҳмонем, ки аз рӯзҳои аввали ҳомиладорӣ дар назорати табиб бошанд, аҳамият намедиҳанд. Давоми нуҳ моҳи ҳомиладорӣ ба бемориҳои зуком, камхунӣ, сарчархзанӣ, шикамравӣ, дилшӯрӣ гирифтор шудаанд, аммо ба табиб муроҷиат накардаанд. Ин ҳама ба саломатии тифли батни модар ва модар бетаъсир намемонанд, - иброз медорад табиб.
Солҳои пеш кам будани табибони момодоя вуҷуд дошт, аммо ҳоло ин масъала ҳалли худро ёфта, вазъи хизматрасонии репродуктивӣ беҳтар шудааст. Ҳатто дар аксари беморхонаҳо бино ва ҳам ҳуҷраҳои таваллуд бо таҷҳизоти муосир ва табиббонувон фаъоланд.
- Бемориҳои гурда, шуш ва дил ҳангоми ҳомиладорӣ хуруҷ мекунанд, ки ин ба ҳаёти модарон хатар дорад. Ё модароне ҳастанд, ки бори якум қуввати таваллуд карданро надоранд ва ин кор бо усули ҷарроҳӣ сурат мегирад. Дар чунин ҳолат онҳо бояд то се сол фосилаи таваллудро риоя созанд, аммо аз таҷрибаи корӣ имрӯз шоҳиди онем, ки баъзе модарон як сол нагузашта дувумбора таваллуд мекунанд. Дар пайи таваллуди қаблӣ қисме ҷароҳат мебардоранд ва то ҳомиладоршавии навбатӣ пайи ҷароҳат шифо намеёбад. Дар чунин ҳолат табибон дар ҳолати ногувор мемонанд. Аксарияти модарони ҷавон хушдоман ва шавҳаронашонро гунаҳкор медонанд, гӯиё онҳоро ба ин кор маҷбур намудаанд, - мегӯяд ӯ.
Бегоҳии рӯзе канори роҳи хонаамон келинчаки ҷавон, ки нахусттаваллудаш буд, гирифтори чордард ба худ мепечид. Пас аз сарзанишҳоям маълум шуд, ки духтарак ҳафтмоҳа ҳомиладор аст. Ҳарчанд тифл норасид буд, роҳи дигар намонд ва ӯро ба хона овардем, вай таваллуд кард. Хушбахтона, тифл солим ба дунё омад. Наздикони модари ҷавон аз шодӣ мебӯсидандам. Чун фаҳмиданд, ки «Фирӯзаи гинеколог» – ам, номи Шуморо ба ин духтараки навзод мемонем, гуфтанд.
Фирӯзабону духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон ва дорандаи медали Шафқат мебошад. Ӯ соҳиби 4 фарзанд ва 10 набераи дӯстрӯяк аст. Писари калониаш 10 сол аст, ки дар неругоҳи «Роғун» кор мекунад.
Тавре дар интиҳои суҳбат афзуд, ҳар шахс бояд аз пайи саломатии худ бошад. Солимгардонӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳо маблағе талаб намекунанд ва танҳо ба иродаву маданияти шахс вобастагӣ доранд.
Д. САБРИНА,
ноҳияи Дӯстӣ