Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Қубодиён соли 2003 таъсис ёфт, ки пештар ин сохтор таҳти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ фаъолият менамуд. Айни ҳол раҳбарии марказро пизишки атфол Замира Қодирова ба уҳда дорад.
Мавсуф тариқи Квотаи президентӣ соли 2000 шомили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид. Баъди хатми он чун духтури кӯдакон корро дар беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён оғоз намуд.
-Оё эмгузаронӣ ҳатмист? Иммунизатсия ба саломатии кӯдакон чӣ фоида дорад? Табиист, ки аксар волидон аз эмгузаронӣ ба кӯдакон ба ҳарос меафтанд ва барои иммунизатсия розӣ намешаванд. Шумо дар ин хусус чӣ андеша доред?
- Воқеан, дар ҷараёни фаъолият ҳолатҳои монеъ шудани волидон барои иммунизатсияи кӯдакон зиёд мушоҳида мегардад. Бахусус, мардуми деҳаҳо аз шунидани ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ аз эмгузаронии зидди бемориҳои кӯдакона худдорӣ менамоянд. Аслан, пас аз эм баландшавии ҳарорати бадан, гумшавии иштиҳо ва инҷиқии кӯдакон волидонро нигарон месозанд. Инчунин, бархе бар онанд, ки гӯё бо як сӯзандору чанд кас эм карда мешавад ё тариқи ваксинаҳо ҳар гуна бемориҳо паҳн мегарданд. Хуллас, сару садоҳо дар мавриди эмкунӣ байни мардум зиёд аст.
Аз ин хотир, бо аҳолӣ сари ҳар вақт дар мавриди фоидаи ваксинаҳо ва роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ тариқи иммунизатсия машварату чорабиниҳо мегузаронем. Пизишкон ба волидон мефаҳмонанд, ки эмгузаронӣ ҷони миллионҳо нафар кӯдаконро аз бемориҳои марговар ва маъюбӣ наҷот додааст. Иммунизатсия ба хотири пешгирии бемориҳои сироятӣ ва нисбат ба он масуният пайдо намудани буняи кӯдакон роҳандозӣ мешавад.
- Аслан барои пешгирии кадом бемориҳо ва аз кай кӯдакон эм карда мешаванд?
- Дар маркази иммунопрофилактикаи ноҳия имрӯз барои пешгирии 11 намуди бемории сироятии идоранашаванда, аз қабили сил, сурхча, гулафшон, фалаҷ, гулузиндонак, кабудсулфа ва ғайра кӯдакон эм карда мешаванд. Ин давра аз рӯзи таваллуд то синни 6 - солагиро барои кӯдакон дар бар мегирад. Кӯдакони иммунизатсияшуда ҳангоми хуруҷи ин намуди бемориҳо маризиро сабук мегузаронанд ё ин ки бо масунияти пайдо намудаашон ба муқобили он бемориҳо имкони мубталошавиашон камтар мегардад.
Бемории фалаҷ хатарноктарин маризист, ки барои ҳаёти минбаъдаи одам оқибати бад ба бор меорад. Яъне, кӯдак маъюби якумра мегардад. Соли 2010 ёд дорам, ки гирифторони бемории фалаҷ байни кӯдакону наврасон зиёд ба қайд гирифта шуд. Аксаран мубталои ин маризӣ кӯдаконе шуданд, ки волидон аз истифодаи ваксинаи зидди ин намуди беморӣ худдорӣ намуда буданд.
- Оё кӯдакони дорои масунияти суст низ иммунизатсия карда мешаванд?
- Солҳои охир дастрасӣ ба ваксина ҳеҷ мушкилӣ надорад. Вобаста ба шумораи кӯдакон ҳар моҳ ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика омор пешниҳод менамоем ва дар асоси он ваксинаҳои заруриро сари вақт дастрас намуда, кӯдакон эм карда мешаванд.
Дар баробари он ки бархе аз волидон аз эмгузаронӣ худдорӣ менамоянд, инчунин кӯдаконе низ дар қайди марказанд, ки дорои масунияти пасти бадан ва маризиҳо, аз қабили ВНМО ё бемориҳои хун мебошанд. Дар ин маврид фақат бо маслиҳат ва тавсияи духтури оилавӣ ин зумраи кӯдакон бо ваксинаи ғайрифаъолкардашуда зидди бемории фалаҷ эм мешаванд. Маҳз тариқи ваксина дар организми кӯдак масуният ҳосил мегардад.
- Кӯдаконе, ки ҳассосият ба доруворӣ ва дигар маводи ангезандаи ҳассосият доранд, эм карда мешаванд?
- Комилан бо боварӣ метавон гуфт, ки кӯдакони дорои ҳассосияти баланд бояд эм шаванд, зеро бахусус онҳо бемориҳоро вазнинтар мегузаронанд. Бо гузашти як давраи муайян ва бо камтар шудани ҳассосият дар буняи кӯдак ҳатман иммунизатсия мешаванд.
Таркиби баъзе аз ваксинаҳо аз сафедии тухм иборат аст ва кӯдаконе, ки ҳассосият (аллергия) ба тухм доранд, дар 1 - солагӣ барои пешгирии бемориҳои сурхча, гулафшон, баногӯшак эм карда намешаванд.
- Одамони калонсол барои пешгирӣ аз кадом намудҳои беморӣ иммунизатсия карда мешаванд?
- Алҳол ҷаҳонро бемории СOVID - 19 такон медиҳад. Расонаҳои даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар замон аз ваксинае, ки дар давлатҳои дорои иқтисодиёташон пурқувват истеҳсол мешаванд, хабар медиҳанд. Коршиносони соҳа ба ҷаҳониён эм кардани мардумро ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ тавсия ва пешниҳод менамоянд.
Вақте дар бораи худдории аҳолӣ аз қабули ваксинаҳо мегӯем, ин ҳолат низ дар истифодаи ваксинаҳои муқобили СOVID – 19 низ мушоҳида мешавад. Яъне, баъди эмгузорӣ яке аз аломатҳои маълум, ба мисоли баланд шудани ҳарорати бадан, иммунизатсияшудагон аз дуюмбора гирифтор шудан ба коронавирус ба ҳарос меафтанд, ки ин андеша комилан иштибоҳ аст. Алҳол, ки маъракаи эмгузорӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии СOVID – 19 дар ҷумҳурӣ идома дорад (аз 24 июн барои шаҳрвандони аз синни 18 боло муайян гардидааст), бояд ҳар нафар барои ҳимояи худ ва наздиконашон аз гирифторшавӣ ба коронавирус аз ваксинаҳо истифода намояд.
Барои пешгирии бемории зуком калонсолон соле як маротиба, дар мавсими хуруҷи маризӣ ваксини муқобили зуком мегиранд, ки ин амал маъмулист.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО