Пешаи табибӣ яке аз касбҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад. Ҳанӯз аз давраҳои қадим инсоният ба табиб ниёз дошт ва аз он замон табиб арзи ҳастӣ дорад.
Табибон хусусиятҳои шифобахшии гиёҳҳои гуногунро медонистанд ва ба табобати беморон машғул мешуданд. Бо мурур дар натиҷаи фаъолияти пурсамари онҳо дар соҳаи тиб таҷрибаи зарурӣ ба амал омад, ки ба пайдоиши худи самти тиб ҳамчун илм, такон дод. Асосгузори илми тиб – табиби бузурги Юнони Қадим Гиппократ ёд мешавад. Ӯ аввалин нафаре буд, ки бемориҳоро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, сабаби пайдоиши онҳоро омӯхт. Вай аз авлоди тибби таҷрибавӣ, ҷарроҳ ва файласуфи Рими Қадим – Гален буд. Гиппократ дар рушди самти физиология, некрология, анатомия, патология ва фармакология саҳми арзанда гузоштааст.
Гинекология – яке аз самтҳои соҳаи тиб аст, ки махсус барои омӯзиши бемориҳои ҷинси латиф пешбинӣ шудааст. Асосан ҳамаи бонувон ба табиби занона ниёз доранд. Вазифаи аввалиндараҷаи духтури занона табобат не, балки пешгирӣ аз бемориҳо ва солим нигоҳ доштани бонувон аст. Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии ҷахон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Таваллуди насли солим маҳз ба фаъолияти табибони занона иртибот дорад. Яке аз чунин табибони ҳозиқи ҷумҳурӣ Гулнора Атоева мебошад.
Мавсуф 19-уми июни соли 1954 дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз овони тифлӣ Гулнораи хурдакак дар дил орзуи табиб шуданро мепарварид ва ба ҳамсоязани пир, ки чашмонаш нобино буд, мегуфт: «Бибиҷон, ман табиб мешавам ва чашмони шуморо табобат мекунам, ҳеҷ парво накунед…»
Оре, маҳз чунин орзуҳо буданд, ки баъд аз хатми мактаби миёна ӯро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино раҳнамун сохтанд. Гулнора донишгоҳро хатм намуда, дар зодгоҳ ба ҳайси духтури занона ба фаъолият пардохт. Ӯ оиладор шуд, баъди таваллуди фарзанди аввал ба хондани курси ординатура ҳамроҳи шавҳараш ба Ҷумҳурии Украина роҳ гирифт. Пас аз итмоми таҳсил ба зодгоҳ баргашт.
Дар деҳаи Қурбоншаҳид Гулнора Атоеваро хурду калон хуб мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Ӯ ба ҷавонону наврасон назар афканда мегӯяд: «Ҳамаи инҳо наберагони мананд…».
Аввали солҳои 2000 - ум ба мисли дигар ҳамкасбон, ба Ҷумҳурии Яман барои фаъолияти минбаъда рафт. Гулнора Атоева яке аз табибони маъруф, ботаҷриба, фидоӣ, ҳалим ва хушлаҳн буда, бо дасту дили гарм, нияти пок ба халқ хизмат мекунад. Дар Яман низ касби пурифтихори хешро бо масъулияти баланд иҷро намуда, баъди чор сол ба Ватан баргашт. Чанд соли дигар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаъолият бурд. Инчунин, барои рушду тақвият бахшидан ба касб борҳо ба хориҷа сафари омӯзишӣ кардааст.
Ҳамчунон, ҷарроҳиҳои гуногуни бемориҳои занонаро анҷом медиҳад. Аз соли 2011 дар Маркази тиббии шаҳрӣ ба номи Карим Ахмедов (маъруф ба «1-ум Совет») – и шаҳри Душанбе ба ҳайси табиби амрози занона фаъолият дорад. Гарчанде дар нафақа бошад ҳам, ҳар рӯз ба кор меравад ва дар хизмати беморон ҳозир аст. Зеро ӯ фидоии касби хеш аст.
Зарина МУРОДЗОДА,
журналист