Аз онҳоест, ки баҳравар аз квотаҳои президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил намуда, соли 2011 онро поён бурдааст. Баъди хатми ординатураи клиникӣ соли 2014 ба зодбум, ба ноҳияи Шаҳритус баргашта, остин барчид ва пайи табобату муолиҷаи дардмандон шуд.
Сиҳатии модар ва кӯдак
Дар ноҳия, ки се беморхонаи рақамӣ, як таваллудхонаи деҳотӣ, нуҳ маркази солимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои соҳавии самти тандурустӣ мавҷуданд, фаъолияти табибони беморхонаи марказӣ дар ҳамбастагӣ бо ин марказҳо ба роҳ монда шудааст.
Телефони ҳамроҳи Ҳусноро Бобоева шабу рӯз сокит нест. Ба суолҳои пуризтироби беморону бемордорон посух мегӯяду маслиҳат медиҳад. Ба ин тарз байни духтуру беморон тамоси пайваста барқарор аст. Ӯ бо занони қобили таваллуд корбарӣ намуда, давраи ҳомиладорӣ, валодат ва марҳилаи пас аз валодатро зери назорати доимӣ қарор медиҳад. Бештар бо ҳамшираҳои қитъавӣ ба макони зисти онҳо рӯ меорад. Дар манзилҳои зисти одамон, дар маъракаю ҷамъомадҳо миёни бонувон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машғулиятҳои омӯзиширо мегузаронад.
- Назар ба солҳои пеш зоишҳои хонагӣ хеле кам шудааст, ки аз сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баландшавии маърифати аҳолӣ ва корбарӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тиб вобаста аст. Аҳёнан то ба зоишгоҳ расидан дар роҳ валодат ба вуқӯъ меояд, ки баъдан модару кӯдак ба бемористон интиқол дода мешаванд. Дар вақти валодат ба ҳама кор мебояд омода буд. Алҳол ёрии аввалия дар бунгоҳҳои тиббӣ расонда мешавад ва, хушбахтона, чор соли охир дар ноҳия фавти модарон ба қайд гирифта нашудааст. Фавти кӯдакони то як сола низ хеле кам рух медиҳад, ки он ҳам дар натиҷаи камхунии дохилибатнии тифл, нуқсонҳои модарзодӣ, осеби майнаи сар ва ғайра ба амал меояд, - иброз дошт бонуи шифокор.
Назорати занони ҳомила ва қобили таваллудро дар ноҳия 14 нафар табиби амрози занона ва момодояҳо аз маркази солимии репродуктивӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ба роҳ мондаанд. Дар 41 рӯзи нигоҳубини баъди зоиш низ Ҳусноро дар мавриди истеъмоли ғизои солим, тозаву озодагии модару кӯдак ва манфиати шири модар ташвиқот бурда, таъкид месозад, ки шири модар эми аввалини кӯдак асту орӣ аз хусусиятҳои зарарнокӣ.
Садоқатпеша
Ҳусноро ташхису табобати беморонро низ ба роҳ монда, мекӯшад, ки дар пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ ва расондани ёрии баландсифати тиббӣ саҳм бигирад. Ҳамчунин, дар амалиёти ҷарроҳиҳои мураккаб ширкат меварзад. Рӯзҳои навбатдорӣ то субҳ аҳволи беморонро назорат бурда, дар ҳолати вазнин будани онҳо ҳамроҳ бо дигар табибон ду – се рӯз аз оила дур, парвонасон гирди маризон мечархад, бо мутахассисони соҳибтаҷриба, профессорон аз шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар дар тамос шуда, машварат мегирад.
Ба дидагони пур аз умеди заноне, ки дар шуъбаи эҳёгарӣ ва ё бо табобати шадид фарогиранд, нигариста, вай амиқан дарк менамояд, ки вазифаи ҷонии ӯст, то ба дарди онҳо сабукӣ бахшад, аз ҳолати вазнин берун орад ва бо наздиконашон бипайвандад, то фарзандон дубора дар оғӯши гарми модар биосоянду оилаҳо пойбарҷо монанд.
Мушкилот
- Дар баробари пешрафт камбудиҳо низ ҷой доранд, амсоли норасоии таҷҳизоти тиббӣ, таъмирталаб гаштани бунгоҳҳо, сохтмони биноҳои нави дармонбахшӣ. Шукр, ки марҳила ба марҳила аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таҷҳизоти тиббии муосир, амсоли рентгенҳои рақамӣ, дастгоҳи ултрасадо ва ғайра таъмин мегарданд. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорон сохтмон ва таъмири биноҳо низ ба роҳ монда мешавад. Ба зиёд гардидани сафи табибон низ ниёзмандем ва фикр мекунам, ки ин мушкилӣ дар 5 – 6 соли баъдӣ ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино миёни донишҷӯён тақсимоти касбӣ доир шуд ва сартабиби беморхонаи ноҳия дар чорабинии мазкур ширкат дошта, ба донишҷӯёне, ки аз ноҳияи Шаҳритус тариқи Квотаи президентӣ ва ё буҷет таҳсил доранд, дархост пешниҳод намуд. Зеро ноҳия ба табибони реаниматолог (эҳёгар), духтурони оилавӣ, бемориҳои дарунӣ, силшинос, рентген – лаборант ва ғайра ниёз дорад, - афзуд ӯ.
Ёде аз хотирот
Ин бонуи хилъатсафед, ки савганди муқаддаси табибонро ба забон оварда, ба халқ хизмати софдилонаву содиқона менамояд, зодаи деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус аст. Аз хотироти мағшуши овони кӯдакӣ то кунун ёд дорад, ки айёми нобасомониҳо ӯ ҳамагӣ 7 сол дошт. Пеши ҳавлии онҳо дарахти себ қомат афрохтаву гулҳои рангоранги мавсимиву ҳамешасабз доман густурда буданд. Силоҳбадастон савори мошини ҷангӣ пушти дарвоза қарор гирифтанд. Гулҳои зебо зери чархи мошин мондаву бо шукӯҳи худ абадӣ падруд гуфтанд. Дарахти себ низ бо меваҳову шоху баргҳояш ба замин яксон гашт. Модар, ки ин дам рӯи ҳавлӣ ҷорӯб мезаду се духтарак машғули бозӣ буд, аз ворид шудани силоҳдорон лаҳзае шах шуд. Падарашро, ки омӯзгори мактаб буд, суроғ карданд. Падар ҷома ба тан карду ҳайрону пурҳаяҷон рӯи ҳавлӣ рост шуд. Сияҳдилон ӯро «душмани халқ» гӯён печиданду бераҳмона заданд. Фарёди ҷонкоҳи модару фарзандон ба фалак печид. Рӯи замин падарро кашолакунон пушти мошин партофтаву ғайб заданд. Хушбахтона, чанде пас падар ба хона баргашт, аммо ёди он овон захми ноаёне дар қалби духтарак гузошт.
- Неъмати дунё бе оромиву осоиштагии Ватан ҳеҷ аст. Баъзеҳо аз хурдтарин камбудиҳо мушкилоти бузург эҷод месозанд, заъфи иҷтимоъро меҷӯянд, норозигии мардумро бармеангезанд. Мушкилоти иҷтимоӣ ва пандемияи коронавирус пеши ҷангу хунрезӣ ҳеҷ аст. Сулҳу оромии Ватан волотарин неъмати мост, ки он осон ба даст наомадааст. Ваҳдату якдилии мардуми кишварро бояд пос дорему нагузорем, ки фарзандони мо донаи ашке аз фироқи волидон бирезанд, - мегӯяд табиби ҳозиқ ба андешаи амиқ фурӯ рафта.
Омина ХОҶАЕВА,
Душанбе – Шаҳритус - Душанбе