Инсон дар ҷараёни зиндагӣ кам таваҷҷуҳ менамояд, ки нафаскашї тавассути бинї то чї андоза муњим аст. Танњо он ваќт дарк кардан мумкин аст, ки ба ин тариқ нафаскашї душвор ва ё умуман номумкин мегардад.
Нафаскашї бо бинї љараёни табиї барои ҳар як нафари солим ба њисоб меравад. Њавои ба тариќи бинї кашида тозаву рутубатнок ва гарм мегардад. Ба ин тариќ, бинї шуши инсонро аз илтиҳоб ва сироятњо эмин медорад. Ѓайр аз ин, агар нафаскашї тавассути бинї сурат гирад, њавои ба организм воридгардида аз оксиди азот бой мегардад, ки он барои шуш зарур буда, хуни инсон бењтар бо њаво таъмин гардад.
Агар барои шахс нафаскашї бо бинӣ номумкин гардад, пас тариќи дањон нафас кашидан оѓоз меёбад. Ва дере нагузашта ин ба илтињоби ќабати луобии дањон, хушкшавии гулў ва њалќ меорад, ки дар натиља метавон ба беморињои бронхит, ларингит ва фарингит дучор омад.
Бемории гайморит (варами пардаи луобии ду тарафи бинӣ) низ яке аз беморињои маъмулї мебошад, ки нафаскаширо тавассути бинї ѓайриимкон мегардонад. Бемории гайморит илтињоби љоѓиболоии љавфњои иловагии бинї мебошад.
Модоме ки бемории гайморит дар љавфњои бинї ба вуќўъ меояд, баъзан метавонад дар як ќисм љавфњо ва ё зиёда аз ин ташаккул ёбад. Вобаста ба ин љараёни сабук, миёна ва ё вазнини бемориро муайян менамоянд. Агар дар њарду љавфњои бинї љараёни илтињобї ба вуќўъ ояд, ин њолат вазнин ҳисобида мешавад, новобаста аз оне ки бемор њолати худро на он ќадар бад шуморад. Гайморит бемории хавфнок аст, зеро дар наздикии дигар узвњои асосї, ба монанди системаи асаб, маѓзи сар, узвњои биної ва нафаскашї љараён меёбад. Аз ин рў, бемории гайморитро дуруст ташхис ва табобат мебояд кард, то ки ба узвњои болої ва поёнии нафаскашї таъсири бад нарасонад. Гайморит ҳамчунин дар натиљаи заиф гардидани систамаи муњофизии бадан ба вуќўъ меояд. Ба пайдошавии гайморит беморињои вирусї ва сармозании организм низ мусоидат менамояд.
Сариваќт табобат накардани гайморит, ки дар ќисми сари инсон дар масофаи начандон дур аз майнаи сар љараён меёбад, метавонад ба оризањои хавфнок орад. Яке аз оризањои хатарноктарине, ки ба гайморити зардобии шакли давомнок оварда мерасонад – ин менингит, яъне илтињоби пўстлохи майнаи сар мебошад. Њамчунин хатари ташаккулёбии беморињои дил, гурда, фишорбаландии шараёнї, харобшавии асаб ва дигар беморињои вазнин ба миён меояд.
Баъзењо чунин меандешанд, ки ин беморї ба монанди бемории зуком сироятї мебошад ва бо роњи њавої-ќатрагї ба дигар одамон интиќол меёбад, ки ин ақида куллан ғалат аст.
Занњо дар давраи њомиладорї ба ринити марњилавї дучор меоянд, ки муътадил арзёбӣ мегардад. Лекин баъзан чанд беморињо, ба монанди каљшавии девораи бинї ё худ зуком метавонанд ба ташаккулёбии гайморит мусоидат кунанд. Дар чунин њолатњо духтури гӯшу гулӯ ва бинӣ бояд бо табибони акушер-гинеколог њамкории зич дошта бошанд. Табибон бештар муолиљаи илигатсиониро ба таври васеъ истифода мебаранд, яъне бо роҳи шустани ковокии бинї бо намакоб. Њамчунин бо синус-катетор ва доруи маљмўии долфи, ки хокаи онро дар об њал кунонда, љавфњои биниро мешўянд, то зани њомила бештар оксигенро бо бинї нафас кашад, зеро ба ин тариќ хун бештар бо оксиген таъмин мегардад ва љанини батн ба қадри кофӣ аз ҳаво баҳравар мегардад. Агар зан тифли ширхора дошта бошад, мушкилот ба вуљуд меояд, зеро ки аксарияти доруњо метавонанд бо шири модар ба тифл таъсири манфӣ расонанд. Бо маќсади ба тифл зиён нарасонидан табибон антибиотикњои махсус мефармоянд.
Новобаста аз синну сол ва љинс ба бемории гайморит њамаи одамон метавонанд гирифтор гарданд.
Масъалаи оне ки табобат дар куљо ва чї тавр бояд гузаронда шавад, пайваста беморонро ба ташвиш меорад. Яъне беморон баъзан намедонанд, ки дар ин ё он њолат чї тавр рафтор кунанд ва аз наќлњои вањмангез дар бораи табобати он ба тањлука меафтанд. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки ба духтури минтақавӣ муроҷиат намуда, роҳи ҳалли мушкилӣ ҷуст. Табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ метавонад бе истифодаи мудохилаи тиббї табобати гайморитро ба роҳ монад.
Илољи воќеа пеш аз вуќўъ, мегўянд, аз ин рў њар як бемориро пешгирї намудан ва ё сари ваќт табобат кардан касро аз бисёр хатарњо эмин медорад. Зеро аз замонњои ќадим инсон дарк намуда буд, ки пешгирии беморињо аз табобати онњо бењтару ќуллайтар аст. Барои пешгирї кардани бемории гайморит нахуст мебояд, ки баданро обутоб дода, пайваста ба машќњои љисмонї ва варзиш машѓул шуд. Њамеша њавои тоза нафас кашидану рељаи дурусти хўрокхўрї ва истироњатро фароњам овардан усулњои хуби пешгирии гайморит мебошанд. Ин амалњо метавонанд љараёни ташаккули беморињои биниӣ ва шушро пешгирї намоянд.
Билохира, кафолати муваффаќият дар мубориза бо тамоми беморињо тарзи тарзи њаёти солим мебошад, ки аз истеъмоли ѓизои солим шурўъ гардида, фаъолияти љисмонї ва рўњи болидаро таќозо менамояд.