Куҷо дидед, ки кас зинда бошаду барои дафнаш кафан ва барои ҷасадашро шустан тағораву обгир бихаранд?
Нозигул ҷон дар бадан дошт, ки хонаводааш барои маргаш омодагӣ мегирифтанд. Як рӯз ба ҳуҷра даромад, ки аҳли оила дар мавриде гап мезаданд, бо дидани ӯ хомӯш монданд. Дилаш сиёҳ шуд, ин хомӯшӣ аз пешомади баде гувоҳ дод. Ҳис кард, ки дар бораи ӯ гап мерафт, чаро бо ворид шуданам онҳо хомӯш гаштанд, меандешид бо худ…
Ҳамааш аз он оғоз гардид, ки вақти беморӣ дар шифохона хунаш намеистод. Дар ҳамин ҳол рӯҳаш ҳам хабар надошт, ки барояш шавҳар пайдо кардаанд. Ба умеди он, ки агар шавҳар кунад, шояд сиҳат шавад. Аз бемористон рухсат шуд. Ба дардаш овора буд, парвои шавҳар ҳам надошт. Аммо ба хотири фарзанддор гаштан издивоҷ кард. Баъди тӯй дардаш авҷ гирифт, хунравияш афзуд. Бар илова роҳи пешоб баста шуд. На табиби мардумӣ монду на духтур, тамоми ҷоро гашт. Дардашро наёфтанд.
Нозигул аз ташхиси навбатӣ гузашту табиб ба шавҳараш гуфт, ки ҳамсарат саратон аст. Шавҳараш хомӯширо ихтиёр кард ва лаҳзае пас ӯро ба хонаашон бурд. Нозигул бехабар аз қисмати талхаш бо хонаводааш дар чӣ мавзӯе шӯхӣ карду хандид. Ҳамсар, ки чӣ тавр ба ӯ расондани хабари даҳшатнокро фикр мекард, якбора кафид: «Даҳонатро ин қадар гиз накун, касалатро безеб гуфтанд».
Ваҳшатзада шуд, нафаси маргро эҳсос намуд. Ҳарфи шавҳар ӯро ноумед накард. Бовар дошт, ки ба дардаш даво меёбад.
Акнун сояи марг ҳама ҷо бо ӯ буд. Ҳатто рӯзҳои ид ҳам, ки дар маркази саратоншиносӣ бистарӣ буд, аз мурдан меандешид. Оё ӯ вазифаи инсонияшро адо кардааст? Аз худаш чӣ боқӣ гузошт? Нақшаҳову ниятҳояш чӣ хоҳанд шуд? Акнун марг ба ӯ иҷозат намедиҳад, корҳои нотамомашро ба субут расонад. Як умед дошт: Парвардигор ҳарфашро мешунавад. Ва хато накард…
Шояд фарзанд медошт, рӯзгораш ранги дигар мегирифт. Ба ҳар ҳол шукронаи додарони баномусаш, ки танҳояш нагузоштанд. Онҳо заҳмат кашида, пул ҷамъ карда, баҳри табобати хоҳарбузургашон масраф намуданд.
Ҳанӯз аз хоб нахеста додараш аз деҳаи Дашти Марзои ноҳияи Файзобод дар бемористон ҳозир мешуд. Падари пир ва маъюбаш ҳам бо чигас дар ба дари шифохона мегашт. Шабу нимшаб, вақту бевақт, шабҳои сарду яхбандиҳои Дашти Марзо, ки барфи баландаш ба зудӣ об намегардад, хоб надошт.
Ҳар куҷое муллое, табиби халқие шунид, духтарашро бурд. Шабҳои дарозро бо тани дардмандаш пушти дари шифохонаҳо рӯз кард. Тамоми сарваташро ба табибон нисор кард, то ба дарди духтараш шифо бахшанд.
Нозигул азоб кашид, аз ҷонаш сер шуд. Аз муборизаи беамон низ хаста гашт. Ба танҳоӣ ин бори гаронро кашидан сангин аст, ҳарчанд наздикону пайвандон дар паҳлуяш буданд, доруву дармонашро сари вақт мерасонданд, вале ӯ дард мекашид.
Модари зораш баробараш мегирист, шабҳо мила таҳ намекард. Гиряҳои зор - зору хун партофтани духтарашро дида, ҷигархун мешуд. Аз алам мегирист, ки духтараш дар пеши чашмаш ҷон медиҳаду коре карда наметавонад. То субҳ аз ин ҳуҷра ба он ҳуҷра мерафту меомад. Барои модар гарон аст дидани нолаҳои фарзандаш. Ғамҳои фарзанд афгораш карданд.
Дар маркази саратоншиносӣ бистарӣ буд, ду дафъа табобати нурӣ гирифт. Ин муъҷиза аст. Касе бовар надошт, ки Нозигул мераҳад. Зимистон барфи деҳаи Дашти Марзо то миён мерасад. Хешу табор ва ҳамсояҳо барфи роҳҳоро рӯфта тоза карданд, барои ҷанозаи Нозигул. Омодагӣ гирифтанд. Охир хуб намешавад, мардум меоянд, ҷанозаро бо ҳамин роҳ мебаранд.
Шояд дуои падари ранҷур буд ё ибодату ашкҳои модари пир, ки Нозигул ба по хест.
Бо гузашти як сол онҳо ба ӯ дар ин бора бо шӯхӣ нақл карданд. То ҳол намедонад, саратон кадом узвашро хӯрдааст. Вақте аз табибон бо илтиҷо мепурсад, ки модар шуда метавонам, яке ҷавоб медиҳад, ки ҳамааш дар дасти Худост, баъзе занон бо як тухмдон ҳам таваллуд мекунанд. Маълум мешавад, ки як тухмдонашро буридаанд. Дигаре китф дарҳам мекашад. Вақте барои ташхис рафт, фаҳмид, ки бачадонашро буридаанд.
Зинда монданаш давлати бузург аст. Ҳарчанд зинда мондан барояш гарон афтод. Чӣ қадар талош кард, тамоми ҷойро гашт, ҳама кори мумкину номумкинро кард. Гӯшти мору қурбоққаро ҳам пухта хӯрд, кирми лойхӯракро ҳам.
Пой сӯзад, лаби об медавӣ . Аз ҷони набаромада умед аст мегӯянд. Ӯ ҳам болову поин давид. Он қадар хаста мешуд, ки аз алам фиғон мебардошт. Чӣ қадари дигар ин ҷонканиҳо идома мекунад, ӯ намедонист. Ҳаминро медонист, ки набояд аз талош даст кашад. Дар баробари сояи марг умед ҳамеша ҳамроҳаш буд. Осон набуд саратонро куштан. Вале бар зидди саратон ҷанги тан ба тан эълон кард ва оқибат пирӯз шуд. Бале, иродаи инсонӣ ба ҳама кор қодир аст. Қаҳрамонии Нозигул нишон дод, ки ҳарфи охирро табиб намезанад. Табибон, ки ӯро ба марг маҳкум кардаву шаш моҳ пас мемирад гуфта, аз бемористон ҷавобаш доданд, бо гузашти 10 сол ӯ Худоро шукр зиндаву саломат аст.
Гарчанд медонад модар шуда наметавонад, дилшикаста нест. Барои нафас кашиданаш сипосгузор аст. Падараш ба шукронаи сиҳатшавии духтараш мардуми деҳаро зиёфат дод.
Нозгул алҳол муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби № 25 деҳаи Дашти Марзои шаҳраки Файзобод аст. Дар тарбияи насли наврас кӯшиш ба харҷ медиҳад. Шогирдонаш ба мактабҳои олӣ дохил шуда, диплом гирифтанду дар мактаби деҳаашон идомадиҳандаи кори пурифтихори омӯзгорӣ ҳастанд. Роҳи тайкардаи ӯ намунаи ибрат аст. Аз ӯ таслим нашудан ва то охирин лаҳза мубориза бурданро ёд бояд гирифт.
Раҳима АЪЗАМ