19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САНО БОДО…

 

2Sano-BodoМављуда овони кӯдакию наврасиаш бо шӯхию сухандониҳояш ба калонсолон хушҳолӣ мебахшид. Духтараки донояку зебояк ҳар бегоҳ роҳи падарашро интизор мешуд. Баробари омадани қиблагоҳаш худро ба гардани ӯ ҳамел карда «Дадаљонам омаданд, Дадаљонам омаданд» мегуфт…

Падараш Абдураҳмон Азимов корманди соҳаи «Тољикматлубот», яке аз нахустин буд, ки роҳбарии тарабхонаи «Ором» (болои рӯди пуртуѓёни Қаратоѓ) - ро ба уҳда дошт.

Мављуда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 81 деҳаи Коммуна хубу аъло хонда, шомили Донишгоҳи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид. Суханони падар: «Мављудаљон, ту бояд хонӣ, духтур шавӣ!» доим дар гӯшаш садо медоданд. Хондани як духтараки деҳотӣ дар ин донишгоҳи бузург кори осон набуд. Аксар фанҳо ба забони русӣ љараён доштанд, вале азму ѓайрат, љасорати беҳамто, дониши мустаҳкам ба Мављуда Азимова имкон доданд, ки аз донишмандони бузурги соҳаи тиб нозукиҳои касбро омӯзад. Софдилиаш, донишмандиаш, кордониаш, маҳорати хешро пайваста сайқал доданаш, аз навгониҳои соҳаи тиб пайваста бохабар буданаш ӯро соҳибэҳтиром, маҳбуби ҳамагон гардонданд.

1Sano-BodoӮ солҳост дар бахши шуъбаи навзодони беморхонаи маркази шаҳри Турсунзода ифои вазифа менамояд. Хизматаш ба садҳо нафар корафтодаҳо расидаву онҳо боэҳтиром ба ӯ арзи сипос менамоянд. Мављуда барои пешгирии бемориҳои кӯдакон ба модарон маслиҳатҳои судманд медиҳад. Дар роҳи тарбияи насли солим, љомеаи солим ва миллати солим саҳми арзанда мегузорад. Бо тамоми ҳастӣ мекӯшад, то ба дарди беморон марҳам бошад.

Имрӯз Мављудабону ба қадри сулҳу оромӣ, амну субот, ки бо азму ѓайрат ва љоннисориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, мерасад ва ба онҳр арљ мегузорад. Ӯ ҳар лаҳза шукронаи оромиву осудагӣ менамояд. Ҳамчун шахси пешқадами љомеа дар байни аҳолӣ мубаллиѓи тарзи ҳаёти солим аст, ҳамчун табиби корозмудаву дӯстдори ин марзу бум барои пешравии љомеа саъю кӯшиш ба харљ медиҳад.

Рисолати табибиро дар муомилаи хуш, ёрии фаврию саривақтӣ расондан, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ медонад.

Ҳотам РАБИЕВ

:.  Тандурустӣ 25.05.2021 04:05 819

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz