Воқеан, дар баробари бемориҳои маъмул маризиҳое низ бо чунин ном мавҷуданд, ки одамон мубталояш гашта, гоҳе дар муайян ва табобати он илм низ оҷиз мемонад.
Ғоибзода Алиҷон Ҷӯра, доктори илмҳои тиб, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ оид ба ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгард, роҷеъ ба бемориҳои нодир дар системаи дил ва рагҳои хунгард чанд нуктаро зикр намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:
- Бемориҳои нодир чӣ гуна маризианд ва дар одамон чӣ тавр муайян карда мешаванд?
- Маризиҳои бо унвони «бемориҳои нодир» кам нестанд. Якум, вобаста ба шумораи аҳолӣ теъдоди мубталоёни ин бемориҳо маълум мегардад. Яъне, дар кишварҳои сераҳолӣ гирифторони чунин бемориҳо нисбат ба мамлакатҳои камаҳолӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудаанд. Дуюм, сари вақт муайян кардани шумораи беморон ба сатҳи иқтисодии ҳар кишвар рабт дорад. Яъне, бемориҳое ҳастанд, ки барои ташхиси онҳо истифодаи ултрасадо ва нури рентгенӣ кам аст. Масалан, бемориҳои ирсие ҳастанд, ки барои ташхиси онҳо гузарондани озмоиши лаборатории электронӣ ва нури изотопӣ зарур меояд. Аз он ки аксари давлатҳо чунин шароитро барои ташхиси беморон надоранд, муайян намудани аксари бемориҳо душворӣ пеш меорад.
Сеюм, ба сатҳи саводнокии табибон иртибот дорад. Дар кишваре, ки соҳаи тиб мушкилоти кадрӣ дошта бошад, муайян намудани бемориҳои нодир мушкил меафтад. Яъне, баъзе бемориҳое мавҷуданд, ки ташхиси хоссаро тақозо менамоянд. Дар ин маврид сатҳи дониши табиб кифоя аст, ки он маризӣ муайян гардад.
Агар табибе, ки боре аз адабиёти тибби имрӯзу дирӯз варақ назанад ва аз навовариҳои тибби муосир бохабар набошад, аз куҷо донад, ки бемор кисту беморӣ чист? Пас, барои муайян намудани ҳар беморие, ки набошад, омода кардани мутахассисони босаводи соҳа ва донишу малакаи тиббии пурқуввати табибон нақши муҳим мебозад.
- Дар бораи дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки барои муайян намудани бемориҳои нодир муҳим аст, ёдрас шудед. Оё дар Тоҷикистон чунин таҷҳизот ҳастанд, ки бемориҳо сари вақт ташхис ва дуруст муайян шаванд?
- Айни ҳол қариб 70 – 80 дарсади бемориҳои нодир имрӯз бо дастрасӣ доштан ба таҷҳизоти замонавии тиббӣ аз ҷониби пизишкони тоҷик ташхис мешаванд. Мисол, дастгоҳи ангиограф, ки бемориҳои ба хуну рагҳои хунгарди дил вобастагӣ доранд, ташхис менамояд. Аз чунин дастгоҳ танҳо дар шаҳри Душанбе 6 - 7 - то ҳаст. Ҳамчунин, дар маркази вилоятҳо низ чунин дастгоҳ барои ташхиси беморӣ дастрас мебошад.
Ҳамчунин, озмоишгоҳи генетикии бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз барои муайян намудани баъзе бемориҳои ирсӣ дар кишвар фаъолият дорад.
Дар самти ҷарроҳии рагу дил ёд надорам, ки ба наздикӣ касеро ба хориҷ фиристода бошем. Ҳама шароитро дорем, вале баъзеҳо бе роҳхати мутахассисон ба хориҷа барои муолиҷа мераванд. Ин чиз, албатта, маъмулист, ки бо сабаби хуб будани вазъи молиявӣ ҳар кас мехоҳад дар шароити хубтаре табобат гирад.
Воқеан, ҳолатҳое низ рух медиҳанд, ки бо сабабҳои гуногун қудрати табобати бархе аз бемориҳои нодирро надорем. Дар ин сурат беморонро барои ташхис ё табобат ба Россия, Ҳиндустон ва ё кишварҳои дигар тавсия медиҳем. Масалан, бемории васеъшавии рагҳои хунгарди майнаи сар (артериовенозная мальформация), ки рагҳои майнаи сар васеъ шуда, бо ҳам мепечанд, танҳо ҷарроҳии он дар Россия гузаронда мешавад. Ин ҳам як намуди бемории камёб мебошад. Алҳол дар ин самт мутахассис омода карда истодаем ва ояндаи наздик табобати ин беморӣ дар Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.
Ҳамзамон, бемориҳои камёбе мавҷуданд (ба мисли филпо (лимфостаз)), ки барои ташхиси онҳо нури изотопӣ лозим аст, ки чунин дастгоҳ дар Тоҷикистон нест. Аз ин хотир, дар мавриди муайян намудани ин беморӣ маризро барои ташхис ва табобат ба давлати Россия ва хориҷ аз он мефиристем.
Аслан ин намуди бемориро табиби донишманду пуртаҷриба бе ягон ташхис мефаҳмад ва танҳо барои муаяйн кардани рагҳои лимфатикӣ ва ҷарроҳии он зарурати ташхис кардан пеш меояду халос.
- Чӣ омилҳо боиси пайдоиши бемориҳои нодир шуда метавонанд?
- То имрӯз сабаби пайдоиши аксари бемориҳои нодир номаълум боқӣ мондааст. Бемориҳои нодир бемориҳои ҷиддӣ, аксар вақт музмин ва афзоянда мебошанд.
Дар мавриди бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард нуқсонҳои модарзодии дил ба як гурӯҳи калони бемориҳои дил алоқаманд мебошанд. Рӯзе нест, ки як ё ду нафар бо ин иллатҳо ҷарроҳӣ нашавад. Аксаран омилҳои пайдоиши ин бемориҳоро ба никоҳи хешутаборӣ низ рабт медиҳанд.
- Бемориҳои нодири системаи дилу рагҳои хунгард асосан кадомҳоянд ва гирифторшавӣ ба ин намуди маризиҳо ба синну соли инсон вобаста аст ё на?
- Анамалия, кавасаки, марфан, эпштейн, ателосклероз ва чандин намудҳои дигари бемориҳои нодирро дар системаи дилу рагҳои хунгард номбар кардан мумкин аст, ки аломатҳои бештари онҳо аллакай ҳангоми таваллуд ё тифлӣ маълум мешаванд.
Анамалия (вайроншавии ташкили рагҳои хунгард) ин намуд нуқсони модарзодист, ки бо таъмин нашудани хуни оксигендор дар организм аз ҳолати нафастангӣ лаб, дасту пойҳои кӯдак кабуд мешаванд. Ин беморӣ на ҳама вақт табобат мешавад ва аксаран кӯдакон мефавтанд. Яке аз сабабҳои кам будани ин беморӣ дар он аст, ки ин гуна кӯдакон дар рӯзи аввал бемориашон ташхису муайян нашуда, вафот мекунанд. Ташхиси дохилибатнӣ, ки танҳо дар кишварҳои Фаронса, Италия ва Испания гузаронда мешавад, нуқсони тифл то давраи таваллуд ба воситаҳои асбобҳои махсус бартараф мегардад.
Бемории марфан ирсӣ буда, асосан се системаи узви инсон вайрон мешавад. Ташхиси ин беморӣ душвор нест ва мушоҳидаи ҳамин аломатҳо кифоя аст, ки беморро ба табобат фаро гирифт. Яъне, қолаби устухонҳо тағйир меёбад, чашмҳо хира гардида, шоҳрагҳо васеъ мешаванд. Мутаассифона, аз он ки аксари табибон аз мавҷуд будани ин гуна бемориҳо маълумот надоранд, беморӣ дер ташхис меёбад, ки на ҳар вақт табобат натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
- Дар бораи сатҳи дониши табибони имрӯза чӣ андеша доред?
- Дар баробари шуғл доштан ба корҳои илмӣ ва гузарондани ҷарроҳӣ, ҳамчунин, ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дарс мегӯям. Ҳангоми тадрис эҳсос менамоям, ки дониши донишҷӯи имрӯза аз дирӯза хеле тафовут дорад. Маълум аст, ки аз мактаби миёна заминаашон ноустувор аст. Зеро дар қабулу дарки маълумоташон мушкилӣ мекашанд. Ба ҳар ҳол дар миёни онҳо ҷавононе ҳастанд, ки дониши хуб доранд ва онҳо мекӯшанд, то аз нозукиҳои пеша аз устодон омӯзанд ва дар соҳа пирӯз бошанд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО