«ҲАДАФАМ НАҶОТИ КӮДАКОН АЗ БЕМОРИИ СИЛ БУД»
Баъди солҳо…
Агарчи аз миён 20 сол сипарӣ гаштааст, вале Саодат Юсуфова ҳанӯз ҳам солҳои донишҷӯияшро бо эҳсосот ва оби чашм ба ёд меорад. Воқеан, барои зани шавҳардору соҳиби се кӯдаки хурдсол таҳсили рӯзона дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино осон набуд. Шабурӯз дар мутолиа будан ва истифода аз махзани илму дониши китобхонаҳо шуѓли ҳаррӯзааш буд. Дар баробари ин, нигоҳубини фарзандон, кори ҳамширагӣ дар беморхона ва ба ҷо овардани эҳтироми хонаводаи шавҳарро масъулияту рисолати хеш медонист.
- Гоҳе бо ҳайрат ва нобоварона ёд аз он давраҳо менамоям. Куҷо шуданд он ҳама ҷасорату қувват ва талошҳо?! Намедонам! Ба гузаштаам аз диди имрӯза баҳо медиҳам, ки хеле мушкил буду ман мушкилнописанд будам. Бо ин ҳама, шаш соли донишҷӯӣ сипарӣ шуд.
Соли 2000-ум донишгоҳро хатм намудам. Баъдан ба интернатураи фтизиатрия гузаштам. Устодони пеша Нисо Сироҷиддинова, Ҷемма Юсуфҷонова ва Қурбонгул Зокирова нозукиҳои соҳаро бароям меомӯзонданд, - миннатпазирона мегӯяд пизишкбону.
Табибони таҷрибаандӯхта ва корозмуда тавсияаш доданд, то бештар аз пешрафти тибби муосир ва навгониҳои он тавассути мутолиаи адабиёту маҷаллаҳои соҳа ва технологияи навин бархӯрдор бошад.
Фаъолияти Саодат Юсуфова чун силшинос аз соли 2001 то 2015 дар Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил давом ёфт. Баъдан, дар Марказҳои саломатии № 5, 6 ва 9 низ муддате ба табобати беморон шуѓл дошт. Айни ҳол, дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил» фаъолият дорад.
- Ҳеҷ гоҳ дар фикри сироят ёфтан аз бемории сил набудам. Ҳадафам якто буд: кӯмак расондан ба беморони сил, бахусус кӯдакон. Вале донишҷӯён аксар вақт намехоҳанд, ки ин самти соҳаи тибро интихоб намоянд. Шояд яке аз сабабҳои нарасидани мутахассиси силшинос дар ҷумҳурӣ тарс аз сироятёбӣ бошад, - иброз медорад Саодат Юсуфова.
Чанд тавсия барои модарон
Аз он ки Саодат Юсуфова дар табобати бемории сил таҷрибаи зиёд дорад, дар ҷараёни суҳбат дар мавриди пешгирӣ ва табобати бемории сил дар кӯдакон гуфт:
- Аз бемории сил сироят ёфтани дигар узвҳои инсон низ аз эҳтимол дур нест. Устухонҳо, маѓзи сар, рӯдаҳо, чашм ва дигар узвҳо низ мубталои сил мешаванд. Ва албатта, аксаран бо аломатҳои маълум, ба истиснои сулфа. Фақат бемори сили шуш аз сулфаи дурудароз азият мекашад. Аммо кӯдакон асосан мубталои сили лимфаѓадудҳои дохили қафаси сина, шуш ва гурдаҳо мешаванд.
Аломатҳои гирифторшавӣ ба бемории сил дар кӯдакон чандон тафовуте аз калонсолон надорад. Нафастангӣ, ҳарорати баланди бадан, набудани иштиҳо, бемадорӣ, дарди қафаси сина, сулфаи беш аз ду ҳафта, арақкунии шабона ва ниҳоят хунпартоӣ, ки ин аломатҳо хоси калонсолони сирояёфта мебошанд, дар кӯдакон низ дида мешавад. Аз он ки чунин аломатҳои гирифторшавӣ хоси кӯдакон бошад ҳам, вале на ҳар вақт ин беморӣ дар кӯдакон сари вақт аён мегардад. Зеро аксаран волидон гумон мекунанд, ки сулфа, табъи баланд ва инҷиқу беиштиҳо шудани фарзандашон аз шамолхӯрист. Аз ин рӯ, модарон набояд нисбати саломатии фарзанд бепарво бошанд. Бахусус дар хонаводае, ки кӯдак бо бемори сил дар тамос аст, бояд таҳти назорати доимӣ бошад, зеро хавфи сироятёбӣ аз шахсони маризии силдошта бештар аст. Пас, мебоист ҳарчи барвақттар ба духтури оилавӣ ва силшиносони марказҳои саломатии наздиктаринашон барои муайян ва ташхиси кӯдаки бемор муроҷиат намоянд. Дар асоси ташхиси рентгенӣ, томографияи компютерӣ ва ултрасадоӣ бемор ба табобат фаро гирифта мешавад.
Ҳамчунин, эмгузаронии навзодон (БЦЖ), ки асосан дар таваллудхона дар серӯзагии тифл анҷом дода мешавад, пизишк ба модар фаҳмонад, ки то маҳкам шудани ҷойи эм онро тоза накунад ё вазелин намолад. Ҳангоми оббозӣ кунондан ҷойи эмро бо лейкопластир пӯшонанд, то об ё микроб надарояд.
Тамѓагузорӣ ё доѓгузорӣ – дарди ҷомеа
Саодат Юсуфова бо таассуф аз доѓгузории ҷомеа ба бемории сил ибрози андеша намуда, чунин мегӯяд:
- То вақте ки доѓгузорӣ байни ҷомеа ҳаст, маҳви пурраи бемории сил имконнопазир мебошад. Зеро маҳз ба хотири тарсу ваҳм аз атрофиён, ки боиси барҳам хӯрдани тамос ва ҳамнишинӣ мешавад, мубталоёни маризии сил сари вақт ба табибон муроҷиат намекунанд ва ё бемориашонро пинҳон медоранд, ки боиси сироят ёфтани хонавода ва дартамосбудагон мегардад.
Пизишки силшинос дар ин маврид бемореро, ки соле пеш барои табобат ба беморхона оварда буданд, ёдовар мешавад:
- Аз як ноҳияи дурдасти кишвар духтарчаи тахминан 10-соларо бо маризии сил ба беморхона оварданд. Ҳолаш хеле бад буд. Як муддат табобат гирифт ва мебоист боқимондаи табобатро бо дорувориҳои таъйиншудаи табибон дар хона идома медод. Сари ҳар вақт бо силшиноси ҳамон минтақа дар тамос будем ва таъкид мекардем, ки бемор таҳти назорат бошад. Баъди чанде ин духтарча бо шакли сили мутобиқгашта аз нав дар беморхона бистарӣ шуд.
Мақсад аз мисол овардан чист? Тамѓагузории мардуми маҳал аст, ки хонавода аз тарс бемории модари фарзандонро пинҳон намуданд, ки дар натиҷа соле қабл зан бо маризии сил аз олам чашм пӯшид. (Гӯё зан аз бемории гурда фавтида бошад). Ҳамчунин, як духтарашон мубталои сили шуши мутобиқшуда асту дутои дигар гирифтори сили шуш.
- Сироятёбии ҳар инсон аз бемории сил эҳтимолият дорад. Фарз кардем, мо дар ҷойи бемор худро гузорем. Албатта, ҳамон тарсу эҳсосоти назари манфии атрофиёнро дарк мекунем. Пас, хуб мешуд, ки дар ҳимоя аз бемории сил якҷоя мубориза барем ва кӯшем, то доѓгузорӣ аз байн равад, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
P.S. Мусаллам аст, ки табобати бемории сил дар Тоҷикистон ройгон мебошад. Ҳар дардро давоест ва маризии сил низ дар сурати сари вақт ба табобат фаро гирифтан шифоёбанда аст. Ҳукумати кишвар чандин барномаҳои давлатиро ба тасвиб расондааст, ки дар асоси он ба хотири пешгирӣ аз бемории сил ва табобати он кӯмак ба сироятшудагон ва аҳли хонаводаашон расонда мешавад. Беҳтараш илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бинем.
Қутбияи Неъматулло