Марди қоматбаланди қавипайкари хилъату кулоҳи сафедпӯш ҳар гоҳе ба таҳияи доруворӣ даст мезад, навраси дилбохта аз дунболи падар канда нашуда, барбараш соявор меҷунбид. Барои овардани зарф ё гиёҳдастае аз равоқҳо дастёрӣ мекард. Бӯйи хуши алафҳои адириро шамида, ба дастаи гиёҳҳо бо ҳавас нигариста, рӯҳан таровиш мехӯрд.
Амаки Насриддиншоҳ беморони аз роҳҳои дуру наздик ба ихлос омадаро дар ҳуҷраи алоҳида пазиро шудаву ҳарфашонро якояк шунида, бо такя ба фармудаҳои ҳакимону донишмандони гузашта ба дардашон даво меҷуст. Ҳикмат мегуфт, ки вуҷудеро солимӣ бахшидан аз савоби ҷория орӣ нахоҳад буд. Худо дӯст медорад, бандагони парҳезгор, сиддиқони ҳақбаён ва растагоронро. Ва ҳаргиз дӯст надорад ононеро, ки иқрори забонашон бо қалб як набувад. Саломатии мардум ба ҷовидон боигарии давлат хоҳад монд.
Насриддиншоҳи Ҷалолӣ дар шумули табибони номвари садаи хx қарор дошту шуҳраи достонии ӯ марзи Бадахшонро убур намуда, то Осиёи Вусто ва хориҷи он - ба шумули Кремлин доман зада буд. Ин марди хирадкешу фозил дар тариқати гиёҳдармонӣ василаи ҷустуҷӯ, мутолиаи таҷоруби пешиниён, таҳияи дорувории нодир тавонист, ки қавму халқиятҳоро аз нафъи безари рустаниҳои шифобахши ватанӣ воқиф созад. Пири дилогоҳ теъдоди зиёди бемориҳоро аз як нигоҳ ташхис намуда, дар олами тибби суннатӣ назаркарда буд. Имрӯз дар Бадахшон хонадоне нест, ки бо номи мубораки ӯ ифтихорманд набошад. Ҷигарбанди ӯ Банисадри Ҷалолӣ мактаби падарро густариш бахшида, миёни қишрҳои ҷомеа маҳбубияти беандоза дарёфтааст.
Руҷӯъ: Банисадри Ҷалолӣ (Садриддини Насриддиншоҳ) зодаи рустои Риваки ноҳияи Шуғнон аст. Таҳсилкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1960 - 1964), ровии забони дарӣ дар Радиои бурунмарзии Тоҷикистон, мудири шуъбаи дарӣ.
Муҳассили Донишкадаи журналистикаи Маскав (1971 - 72). Чанде дар кишвари Афғонистон ба тарҷумонӣ шуғл варзида, сипас, дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон (1984 - 87) дониш андӯхтааст. Солҳои 1988 - 1992 ба ҳайси мудири Маркази тибби гиёҳии «Шифо» дар шаҳри Душанбе ва марказҳои тиббии кишварҳои Туркманистон, Эрон, Югославия, Албания, Россия ва «Маркази тибби Ориён» (1992 - 2015) фаъолият дошт.
Иштирокдори Конгресс ва симпозиумҳои илмӣ дар Эрон (1992), шаҳри Белград (1995), Ҳиндустон (2008), Чин (2010), Амрико (2011) ва Юнон (2013).
Барандаи Шоҳҷоизаи беҳтарин табиб дар Тоҷикистон ва Россия (2013). Муаллифи китобҳои «Ман кистам?» (Душанбе, «Сарбоз», 2015), «Нӯшдору»(Душанбе, «Сарбоз», 2017).
Банисадри Ҷалолӣ тӯли 14 сол дар мамолики Шарқ фаъолият намуда, аз мароҳили тибби суннатӣ бархӯрдор гаштааст. Солҳои ахир тибби гиёҳии мамолики Балкан (бо шумули Юнон), Урупо, Амрико, Ҷопон, Исроил, Чин ва Ҳиндустонро омӯхта, дар ин зимн, беҳтарин шеваи табобатиро рӯи кор овардааст.
Рӯзгоре ӯро ба раёсати тибби ғайрирасмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ даъват намуда, аз боби эҳёи тибби суннатӣ машварат оростанд. Гароиш ба тибби ниёкон дар кишвар шадидан эҳсос мешуд. Масъулон баъди интихоби маҳал ин амалро бар дӯши Банисадр гузоштанд. Дар Маркази тибби гиёҳии «Шифо» беҳтарин мутахассисони риштаҳои шикастабандӣ (мануалист), гипноз, маҳсгарӣ ва экстросенс якҷо шуда, муолиҷаро бар мабнои қавонини илми тибби қадиму муосир ангеза бахшиданд. Аз гӯшаву канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беморон ба ин ҷо омада, шифо меёфтанд.
Бар асари ҳаводиси таҳмилии солҳои 90 - уми асри рафта кормандони «Шифо» аз ҳам пароканданд. Баъди як соли фирорӣ (соли 1993) Банисадр ба Душанбе баргашту ҷониби коргоҳи пешина, воқеъ дар кӯчаи Патрис Лумумба, шитофт. Вақте аз посбони идора шунид, ки китобҳои тиббии бо хатти арабиасоси ӯро дар саҳни идора сӯзондаанд, чашмонаш машки об гашт. Китобҳои нодире, ки аз дохил ва хориҷи кишвар бо маблағи ҳангуфт харида буд, ба коми оташ рафтаанд. Бо таблиғи профессор Карим Ҳайдаров ва дӯстони ғамхораш китоби «Нусхаи наҷот» - ро навишта, омодаи нашр намуд, лекин алорағми номаш наҷот наёфт. Бо табъи озурда чанде дар хориҷи кишвар фаъолият намуд.
Мисраи халқӣ шудаи «Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар» бе ҳикмат набувад. Банисадр (соли 2001) дар профилакторияи корхонаи нассоҷӣ мутахассисони корозмудро гирд оварда, ба фаъолият пардохт. Бо иқдоми ӯ маркази табобатӣ таъмиру таҷдид дида, ошхонаи он ба кор даромад ва пизишкон акнун соҳиби як бурда нон шуда буданд, ки ҳасудони заҳҳоксифат сар кашида, ба пешрафти чашмрасашон латма заданд. Сарпараст лоилоҷ ба раёсати «Нижфарм» - и шаҳри Нижний Новгороди Россия кӯч баста, фаъолияти пурсамар анҷом дод. Дертар дар мамолики Урупо ва Машриқзамин беморони гуногунеро бо усули гиёҳдармонӣ шифо бахшида, ба шарафмандии бузург ноил шуд.
Донишманди тибби суннатӣ бар ин назар аст, ки бемориҳои сироятӣ дар ҳама нуқоти олам фарогиранд. Як беморӣ аз як кишвар ба мулки ҳамсоя василаи обу боду ҳаво ё вуруди ашхоси муайян мегузашт ва мардумони он ҷоро ба дардмандиву зиллат мубтало мегардонд. Одамон аз рӯи имкон бо дард мубориза бурда, беморӣ варшикаста мешуд. Аммо шурӯъ аз асрҳои xIх - хх ва то имрӯз бо хусусиятҳои давлатдорие, ки абарқудратҳо ҳамҳамаи ғаноиву нерумандӣ доранд, аз амалиёти кимиёвӣ замину замон олуда гашт. Чизе нест, ки дар он доруи сунъӣ изофа нашуда бошад. Ин ба ҳаёти инсонҳои солим зарбаи гарон зад ва тиррешаи бемории сироятии коронавирус COVID - 19 аз ҳамин ҷост. Ҳаво олуда шуд, замин ба фиғон омад, инсоният ба заҳрпошӣ даст ёфт. Вируси сохта миллион-миллион одамро аз сайёраи мо рабуд. Ҳатто давлатҳои пешрафтаи дунё Бритониё, Фаронса, Итолиё ҳам ба ин беморӣ мубтало гардиданд.
Мардуми тоҷик аз аҳди қадим бо илму фарҳанг ва тамаддуни воло номвар буд. Шукр мегӯем, ки бо дастгирии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ шароити созгор фароҳам омада, вируси хатарзо аз ин сарзамин доман ғундошт. Дар дунё ягона кишварем, ки аз ин беморӣ ба зудӣ раҳидем.
Табиби исавиҳуш Банисадри Ҷалолӣ тӯли фаъолият ҳазорон беморонро аз дарди диабети қанд, норасоии гурда (гломерулонефрит), тромбопения, чурраи сутунмуҳра, миома, кистаи мағзи сар, безуриётӣ, саратони меъда, сактаи дил, нобиноӣ, эхинокок, беҳушӣ (эпилепсия), лейкоз, саратони сар ва монанди ин раҳоӣ бахшида, даҳҳо нафари дигар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову қитъаи Австралия барои муолиҷа дар назди ӯ номнавис шудаанд.
ӯ моҳҳои март ва апрели солҳои 2011 - 2012 дар симпозиумҳои байналмилалии Чин, шаҳрҳои Ню - Йорк ва Вашингтон перомуни ҷаҳонишавии тибби суннатӣ суханронӣ намуда, дар ин рав беморонеро аз Ҳиндустон то кантонҳои Сувис, Халиҷи Форс, Қарочӣ, Кобулистон, Туркия, Эрон ва Қафқоз ба табобат фаро гирифтааст.
Алъон табиби донишманду овозадор Банисадри Ҷалолӣ ва ҳамкоронаш дар як бинои истиқоматӣ, воқеъ дар маҳаллаи Қайроққуми шаҳри Душанбе, бо истифода аз усулҳои судманди тибби суннатӣ роҳҳои нави табобати бемориҳои ба истилоҳ давонашавандаро меҷӯянд.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,
нависанда