Нигоҳ доштан ва қоидаҳои дурусти истифодабарии дору мавзӯест, ки қариб касе сари он андеша наменамояд. Бахусус, тарзи нигаҳдорӣ ва аз вайроншавӣ муҳофизат кардани навъҳои гуногуни он. Ба гунаи мисол, дар хона мо аниқ медонем, ки либосҳоро ба љевон, маҳсулоти ғизоиро ба яхдон гузоштан зарур аст. Лекин дорувориро дар куљо бояд гузорем, намедонем ва мегузорем ҳар куҷо, ки рост ояд.
Зарур аст, ки ба шартҳои ҳифзи доруҳо мувофиқи дастурамалашон риоя намоем, ба мисли ҳарорат, рўшноӣ, намнокӣ, алоқа бо ҳаво ва дастрасӣ ба аъзоёни оила.
Бояд гуфт, ки маводҳои доругӣ таҳти таъсири нурҳои офтоб ва гармӣ ба зудӣ вайрон мешаванд. Аз ин рў, барои нигаҳдории доруҳо љойи торик ва ё шишаи тирарангро мебояд интихоб кард.
Ҳаб ва ѓилофакҳо ба зудӣ метавонанд рутубанок шаванд, зеро намнокиро зуд ба худ мељабанд, аз ин рӯ, бояд дар љойи хушк нигаҳ дошта шаванд. Ҳуљраҳое, ки намнокияшон номуътадил аст, ба монанди ҳаммом ва айвони хона барои нигоҳ доштани доруҳо макони номусоид мебошанд.
Дар ҳолати кушода нигоҳ доштани дору бухоршавии он, љабида гирифтани моддаҳои парвозкунанда ва вокуниш ба оксиген метавонад ба вуқӯъ ояд. Ин аст, ки зарфи доруҳоро сахт маҳкам намуда, ҳабҳоро дар қуттиҳои махсуси ҳавоногузар љойгир месозанд.
Доруҳои аэрозолӣ ва газдоштаро дар љои торик ва дур аз шуои офтоб, гармкунакҳои барқӣ ва оташ нигоҳ медоранд. Аксарияти доруҳо бо ҳарорати хона, яъне аз 15 то 22 дараља мутобиқ кунонда шудаанд. Агар дар дастурамали дору қайд шуда бошад, ки дар љойи хушк ва торик нигоҳ доштан зарур аст, пас онро дар яхдон мебояд гузошт.
Бояд қайд кард, ки дар яхдонҳои замонавӣ љойи махсусе барои нигоҳ доштани доруҳо мавҷуд аст, лек хоҳ љойи махсус бошаду хоҳ не, доруҳоро дар яхдон аз намнокии иловагӣ муҳофизат кардан зарур меояд. Масалан, доруҳоро ба қуттӣ андохта, сипас қуттиро ба халтаи политэтиленӣ печонида ба яхдон гузоштан мувофиқтар аст. Дар ҷойи андаке хунуктар доруҳои шаклан мулоим, ба монанди малҳам, шамъчаҳо, ѓилофакҳо ва марҳамҳо гузошта мешаванд. Чун қоида ин доруҳоро дар рафҳои мобайнии яхдон метавон нигоҳ дошт. Дар рафҳои поёнтари дари яхдон шишаҳои доруҳои моеъро гузоштан мувофиқи мақсад аст.
Дар гармии тоқатфарсо ва сармои яхин нигоҳ доштани дору куллан нодуруст аст. Доруҳои сармозадаро беҳтараш истифода бурдан лозим нест.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки доруҳое, ки барои табобати узвҳои берунӣ ва дарунии одам пешбинӣ шудаанд, бояд аз ҳамдигар алоҳида нигоҳ дошта шаванд. Доруҳои барои узвҳои беруна пешбинишударо дар халтачаи полиэтилении алоҳида ва доруҳои барои узвҳои дарунӣ бударо дар халтачаи дигаре нигоҳ доштан зарур аст. Ё худ дар рафҳои алоҳидаи љевончаи доругузорӣ мебояд гузошт.
Доруҳои моеъ, ба монанди перекиси водород, йод ва сабзмоеъро аз дигар доруҳо алоҳида нигоҳ доштан лозим аст.
Қуттии доруҳоро дар љое мебояд гузошт, ки дастрас намудани он қуллай буда, љустуљўи он мушкилие пеш наорад. Аммо агар дар хона кўдакон ва беморони рўҳӣ бошанд, доруҳоро дар ҷойи дастнорас нигоҳ доштан беҳтар аст.
Алҳол муҳлати нигоҳдории доруҳо назар ба солҳои қабл хеле тўлонитар аст, ки ба ҳисоби миёна аз 2 то 5 солро дар бар мегирад ва он ҳам бояд дар шароити мувофиқ нигоҳ дошта шавад. Ҳангоми харидани дору ба муҳлати он мебояд эътибор дод. Доруҳое, ки дар дорухона тайёр мегарданд, муҳлати начандон тӯлонӣ доранд, ба мисли қиёмҳо ва доруҳои моеъ. Дар ҳарорати хона онҳоро метавон ба муддати 2 - 3 рўз нигоҳ дошт ва ҳамин ки оби онҳо тираранг, ё худ дар дохили онҳо поѓаҳо пайдо мешаванд, аз истифодаи онҳо мебояд даст кашид.
Зарур аст, ки дар хона гоҳ - гоҳ доруқуттиро пурра аз назар гузаронида, доруҳои аз муҳлат гузаштаро ба партов баред.
Ҳаб ва ѓилофакҳои аз истифода баромадаро ба чунин тарз мепартоянд: ҳамаи онҳоро аз коѓаз ва ё қуттиҳояшон људо сохта, ба варақи калоне мепечонанд ва ба сатили халољо мепартоянд. Ба лӯлаҳои ҳољатхона ҳаб ва доруҳои обакиро рехтан қатъиян манъ аст.
Ҳароратсанљи симобиро низ зиёд истифода мебаранд, ки он бехатар набуда, дар ҳолати беэҳтиётӣ метавонад зуд шиканад. Ҳароратсанљҳои аз истифода баромадаро ба коѓаз печонда, баъдан ба халтачаи полиэтиленӣ меандозанду даҳони онро маҳкам баста, ба халољо мепартоянд. Симоби рехтаро ба чунин тарз мегиранд: роҳи нафасро бо рӯймолчае баста, дастпўшак мепӯшанд ва тавассути ду коѓаз симобро аз замин мегиранд ва якљоя бо ҳароратсанљи шикаста чуноне ки зикр гардид, аввал ба коѓаз ва сипас ба халтачаи полиэтиленӣ меандозанд.
5 Қоидаи бехатарӣ инҳоянд:
С. Ашӯрова