Заҳмати беш аз сисолаи ҳамшираи шафқати шифохонаи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ Чиллабегим Беҳронова бо медали «Хизмати шоиста» қадр гардид. Мукофотро дар Қасри миллат ба ӯ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурд.
Он лаҳзаи дидори Сарвари давлат бо кормандони тибби кишвар ва ҷоизасупорӣ барои Чиллабегим боиси ифтихор аст.
- Шарафи ҳузур дар чунин ҷамъомади бонуфуз ва дар қатори беҳтарин кормандони соҳа мукофоти давлатиро аз дасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан, ки сулҳу ваҳдат ва пешрафту шукуфоии кишвар ба ному кори Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ доранд, барои ҳар шахс дар радифи беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёташ мақом меёбаду бароям ҳамеша хотирмону ҳаяҷонбахш мемонад. Чунин мешуморам, ки дар симои ман фаъолияти кормандони шифохонаи вилоятӣ қадр гардиду ҳангоме барои гирифтани ҷоиза ному насабамро хонданд, бо ҳисси сипос ва қалби сарщор аз ифтихор ба саҳна боло шудам,- ба ёд меорад Ч.Беҳронова.
Дар қатори сокинони зиёди кишвар аҳли кормандони шифохонаи вилоятӣ дастҷамъона дар толори бузурги муассиса аз оинаи нилгун ин лаҳзаҳоро тамошо мекарданд. Вақте Сарвари давлат мукофотро ба Чиллабегим супурд, толорро мавҷи кафкӯбӣ фаро гирифт. Дар чеҳраи ҳама, чи пизишкону чи ҳамшираҳои шафқат ва чи парасторон болидагӣ ва хурсандӣ ҳувайдо буду ҳама самимона ба шодии ҳамкорашон шарик гаштанд.
Чиллабегим бо меҳнати садоқатмандонаи касбӣ тӯли солиёни зиёд обрӯ ёфту ба шарафи эътирофу эҳтироми умум ва аҳли кормандони шифохона будан сазовор гардид. Масъулиятшиносӣ, омӯзиш ва такмили пайвастаи маҳорату малакаи касбӣ дар ниҳоди ин бонуи меҳнатдӯст беҳтарин хислатҳои корманди тибро сайқал доданду ӯро аз зумраи афроди хилъати сафедпӯш гардонданд, ки мардум бо эҳтиром ва бовар ба онҳо менигаранд.
Волидони ӯ - Саидюёҳ ва Давлатсултон нуҳ фарзанди азизи хешро ба воя расонданд. Таваллуди фарзанди панҷум, моҳи декабр ба аҳли хонавода шодиву сурур овард. Падару модари заҳматкаш на барои бадавлат шудан, балки ба хотири ба дунё омадани сарвати бебаҳо дар хонадон фоли пайи неки ҳар чӣ тезтар паси сар шудани сардиҳои чиллаи зимистон ба кӯдаки навзод Чиллабегим ном гузоштанд.
Вай мисли бародарону хоҳарон мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуду орзуи идомаи таҳсил дар донишгоҳи тиббиро дошт. Вале дар оила ҷиҳати имкониятҳои танги молиявӣ ба хулосае омаданд, ки духтарашон бояд роҳи камхарҷи соҳиби касбу кор шуданро интихоб намояд. Бо маслиҳати хешовандон Чиллабегим ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе супурд. Соли 1988-ум пас аз хатми омӯзишгоҳ мутахассиси ҷавон шаш моҳ дар шуъбаи қабули беморхонаи вилоятӣ кор карду сипас ӯро ба шуъбаи бемориҳои сироятӣ гузаронданд
- Ҷойи кор ба маънои воқеиаш хонаи дувум гардид. Агар гӯем, ки Чиллабегим бештари ҳаёташро барои хизмат ба беморони шуъба масраф намудааст, муболиға намешавад. Интизоми меҳнатро риоя мекунаду хоҳиши ҳамкоронро ҳеҷ гоҳ рад накарда, ба ёрӣ мешитобад. Дили гарму дастони нарм, донишу малакаи баланд, хоксорӣ, хушгуфторӣ, инсондӯстӣ ва майлу иродаи ҳамеша ба мадади дигарон омода будан, ӯро маҳбуби кормандону беморони шуъба гардондааст, - мегӯяд пизишки собиқадор Гулчеҳра Икромбекова.
- Чиллабегим нисбат ба худ серталабу сахтгир ва тозакор асту таъйиноти пизишконро хеле дақиқ ва бо камоли кордонию касбияти баланд иҷро менамояд. Вай аз зумраи намунаи беҳтарин кормандонест, ки пизишкон дар симои ӯ ёвари боэътимодашонро мебинанду аз кораш ҳамеша қаноатманд ва дилпуранд, - баён медорад пизишк Меҳринисо Назаралиева.
Беморон мегӯянд, ки онҳо аз сифати хизматрасонии пизишкону ҳамшираҳои шафқат ва парасторон дар ин ҷо розиянд, вале чунин мешуморанд, ки толеи афроде, ки нигоҳубинашон ба ҳамшираҳои шафқати ғамхору меҳрубон, ботаҷриба ва дастони пурэъҷозу дармонбахш дошта, ба мисли Чиллабегим вобаста мешаванд, бештар омад кардааст. Дар баробари муолиҷаи беморон пизишкон чун чораи пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро густариш медиҳанд.
Коршиносон иқтидори давлат ва дастовардҳои илми тибби тоҷик, заҳмати кормандони тиб ва саҳми фаъоли ҷомеаро дар мубориза бо таҳдиди коронавирус омили пирӯзӣ бар он арзёбӣ мекунанд. Дар шифохонаи вилоятӣ бар зидди коронавирус палатаи махсуси табобати беморон таъсис ёфт. Пизишк Меҳринисо ва ҳамшираи шафқат Чиллабегим дар қатори аввалинҳо барои табобати маризони COVID – 19 сафарбар шуданд. Зеро вируси нав, пеш аз ҳама, бемории сироятӣ буда, табобати он ба донишу таҷриба ва малакаи мутахассисони ин соҳа ниёзи шадид дошт.
Ҳамшираи шафқати пуркору серғайрат Чиллабегим дар хонавода низ хушбахт аст. Зеро се фарзанди солеҳ ба воя расондааст, ки бо кору ахлоқи ҳамидаашон номбардори волидон гардидаанд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ