Дилдодаи кӯҳистон
Манзура, ки дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе соҳиби пешаи ҳамширагию пизишкӣ гардида буд, дар бораи зиндагии мардуми зодгоҳи аслии падару модараш – ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тасаввуроти амиқу аниқе надошт. Аз суханони волидон медонист, ки Мастчоҳи куҳан як гӯшаи дорои обҳои сарди гуворо, ҳавои тозаи фараҳафзо, меваю сабзавоти аъло, гӯшту шири беҳамто аст. Дар овони бачагӣ ду - се маротиба ба деҳаи Падроғи кӯҳистон, ба аёдати бобою бибияш рафта ва ҳамин тасаввури нек дар зеҳнаш нишаста буд. Аммо намедонист, ки дар ин ноҳияи дурдаст мардум ба чи душворию сахтиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Дӯзанда, ҳамшираи шафқат, пизишк
Соли 1984, баъди хатми мактаби миёна бо баъзе сабабҳо натавонист ба орзуяш – пизишк шудан бирасад. Бекор нанишаст, дар комбинати хизмати маишии ноҳия дӯзанда шуд. Чевари хубе буд, вале ҳамеша китобҳои марбут ба илми тиб мехонд. Соли 1987 ба сӯи қуллаи орзуи аслӣ ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд шомил гардид. Соли 1990 ӯро ҳамшира - момодояи шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ таъйин карданд. Ӯ ба пизишкони маълумоти олидор, ки шабу рӯз барои саломатии модарону кӯдакон мубориза мебурданд, ёрӣ мерасонд. Аммо хоҳиши хондану маълумоти олӣ гирифтан дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ӯро ором намегузошт. Ниҳоят соли 1991 ҳуҷҷатҳояшро ба курси тайёрӣ супурд ва баъди як сол донишҷӯ гардид.
Таҳсил солҳои аввали нобасомониҳо осон набуд. Ҳатто баъзе ҷавонмардон ба хавфи ҳар лаҳза қурбони тири дайду шудан тоб наоварда, пойтахти кишвари нав ба истиқлол расида, вале ба гирдоби ҷанг дармондаро тарк мекарданд. Ӯро ҳам волидон, хешу таборон мехонданд, то ба зодгоҳ баргардад, ҷони ҷавонашро дар хатар нагузорад. Манзура барои расидан ба орзуи дерин ин даъватҳои дилсӯзонаро рад мекард. Сабраш бор овард ва ӯ соли 1999 бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳайси духтури момодоя фиристода шуд.
Орияти диёрдорӣ
Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1956, баъди ба дашти Дилварзин кӯч бастани сокинонаш ва таъсис ёфтани ноҳияи нав бо номи Мастчоҳ қариб 40 сол аз назарҳо дур афтода, аз Мастчоҳи нав идора кардани он ба душворӣ сурат мегирифт ва мушкилоти сокинонаш бешумор буд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар, бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамчун ноҳияи алоҳида дар харитаи ҷумҳурӣ арзи вуҷуд кард.
Нахустин раиси ноҳияи навтаъсис Сироҷиддин Ҳасанов, ки ҳуҷраи корияш дар вагончае буд, аввалин пизишки амрози занонаи мастчоҳӣ – Манзура Мирзоҷоноваро бо хушнудӣ пазируфт.
- Мушкилот аз мӯйи сар бисёр, хоҳарам, аммо ба боварии Президенти мамлакат сазовор шуда, диёри бобоиро эҳё ва обод намудан даркор аст. Бо дархости мақомоти маҳаллӣ аз дигар шаҳру ноҳияҳо мутахассисон меоянд, аммо як моҳу як сол нагузашта, гурехта мераванд, - гуфт раис.
Ҷон бар каф
Ӯ нахустин рӯзҳои корашро дар бемористони деҳаи Пастиғав бе оби дида ба ёд оварда наметавонад. Аз оғози кораш ҳафтае нагузашта, аз як деҳаи болои Мастчоҳ нисфи шаб зани ҳомилаеро оварданд, ки ҳам аз дарди ҳамл ва ҳам бардору зани роҳи ноҳамвору дур ҷонаш ба лаб расида буд, гоҳ ба ҳуш меомаду гоҳ беҳуш мешуд. Хунравӣ оғоз гашта буд.
Дар лаҳзаҳои аввал каме дасту по хӯрд. Шавҳару падари зан дудила шуданд: «Оё ин духтури ҷавон аз уҳдаи кор мебаромада бошад? Ё беҳтар он аст, ки боз 60 километр роҳ паймуда, беморро ба маркази ноҳияи Айнӣ фуроранд?» Ин суханонро шунида, Манзура ба худ омад. Охир, лаҳзаи таваллуд торафт наздик мешуд ва идома додани роҳ барои модару кӯдак маргбор буд. Ӯ ба нияти соҳибони бемор қатъиян зид баромад ва корро сар кард. Баъди як соати часпу талош кӯдак чашм ба олами ҳастӣ кушоду модар тамоман аз ҳуш рафт. Барои ба ҳуш овардани модари ҷавон, ки таваллуди нахустинаш будааст, талош варзид. Ниҳоят кӯшишҳои пизишки ҷавон натиҷаи фараҳбахш оварданд: модару кӯдак зинда монданд.
- Субҳи он шаб дастҳоямро мешустаму мегиристам, аз ҳаяҷон, аз бими зинда намондани он тифлу модараш, аз хастагӣ ва шояд ҳам аз шодии нахустин амалиёти мустақилонаам ҳамчун пизишки момодоя, – мегӯяд Манзура. – Акнун ҳар гоҳе ба он деҳа равам, он зан маро ҳатман ба хонааш мебарад. Боз соҳиби чор фарзанд шудааст, ки ҳама маро бо эҳтироми хосса «бибии духтур» мегӯянд.
Мубориз
Он солҳо дар кӯҳистон мошин хеле кам буд. Манзура ҷавонзани чобуку чаққон ба деҳаҳои дурдаст аксар вақт пиёда ва гоҳе савори мотосиклу трактор ва мошин рафтуо мекард. Боре як мард нисфи шаб ба хонааш омаду илтиҷо намуд, ки ҳамсараш сахт бемор аст. Охири тирамоҳ буду ҳаво сард, Манзура аз хона баромаду дид, ки мард дар назди мотосикли сечарха, ки каҷоваашро канда, барои алафкашонӣ мувофиқ кардаанд, истодааст. Илоҷи «не» гуфтан надошт. Масофаи беш аз даҳ километрро тай заданд. Зан дар оташи таб месӯхт ва ҳазён мегуфт. Ӯ зуд ба муоинаю муолиҷаи бемор пардохт. Субҳ ҳолати бемор беҳтар шуд ва пизишк бо ҳамон мотосикл ба беморхона баргашт. Эҳсос намуд, ки шамол хӯрдааст ва худро як ҳафта табобат кард.
- Баъзе мардони побанди таассубу ҳурофот ҳатто намемонанд, ки занҳояшон барои таваллуд ба беморхона раванд. Боре шоҳиди чунин воқеаи нангин шудам. Дар деҳае мардумро муоина мекардам. Хабар расид, ки ҷавонзане дарди таваллуд мекашад, вале ҳамсараш намехоҳад беморхона равад. Зуд он ҷо ҳозир шудам ва ӯро муоина кардам. Таваллуди нахустинаш будааст ва дар хона ҳеҷ шароити мусоиде барои таваллуд мавҷуд нест. Ба қавле пӯстинамро чаппа пӯшидаму ба ҳамсари ҷоҳили ӯ ҳуҷум кардам ва гуфтам, ки агар зуд мошин ёфта, ҳамроҳ занатро ба таваллудхона набарем, худам ӯро пуштора карда мебарам ва ягон кору ҳоли бад шавад, туро худам ба ҷавобгарӣ мекашам. Баъд ба худ омаду мошин ёфт. Маълум буд, ки зан бе ҷарроҳии қайсарӣ таваллуд карда наметавонад. Ӯро ба таваллудхонаи ноҳияи Айнӣ расондем. Чун шавҳар фаҳмид, ки он шаб дар таваллудхона акушер - гинекологи мард навбатдор будааст, қатъиян норозӣ шуд ва ба Хуҷанд мебарем гуфт. Ман илоҷи не гуфтан надоштам. Чун аз ағба гузашта, ба Шаҳристон расидем, вазъи зан хеле вазнин шуд ва ӯро ба таваллудхонаи ин ноҳия бурдему чашмаш равшан шуд. Акнун он писарак калон шудааст ва ман ӯро бо ҳазл «шаҳристонӣ» мегӯям. Модари ӯ ҳам қиссаи таваллуди ӯро гуфта будааст, ки миннатдорона лабханд мезанад. Баъди он воқеа падараш ҳам ислоҳ шудааст ва ҳар бори ҳомиладоршавии бонуи хона ӯро худ ба муоина меорад.
Касбияти пизишк
Дар шароити ноҳия танҳо бо як ихтисоси маҳдуди пизишки момодоягӣ кор кардан имконнопазир аст. Ӯро барои муолиҷаи амрози ҳам занон, ҳам мардон, ҳам кӯдакон даъват мекарданд. Аз ин рӯ, таҳсили касбияшро такмил дода, соли 2007 пизишки оилавӣ шуд. Барои аниқ кардани ташхиси бемориҳо дастгоҳи ултрасадо (УЗИ) зарур буд. Соли 2010 ихтисоси духтури ташхисгари УЗИ - ро омӯхт ва соҳиби як дастгоҳи портативӣ – сайёри УЗИ гардид. Акнун чун табиби оилавӣ ба ҳар деҳае, ки равад, УЗИ - и хурдакакашро, ки беш аз 20 кило вазн дорад, бо худ мебарад.
Вақте ки дар ҳар деҳа мардум табиби ҳозиқи худро гарму ҷӯшон истиқбол мегиранд, калонҳо хоҳару хурдон апаю модару бибияш мехонанд, сараш ба осмон мерасад. Эҳтироми самимӣ муфт ба даст наомадааст. Аз худ гузаштанҳо, шабҳои бехобию сафарҳои ногаҳонӣ ба ин ё он деҳаи дурдаст, комёбию нокомиҳо, ҳаяҷонию асабонӣ шуданҳо ба саломатии пизишк Манзура Мирзоҷонова бетаъсир набудаанд, ки чаҳор-панҷ соли охир аз бемории қанду фишори баланди хун ранҷ мекашад, вале бо ҳамон часпу талоши пешин барои саломатии дигарон ҳамеша омода аст.
Ҷавонпизишкони фирорӣ
Манзура аз он ҷиҳат хурсанд аст, ки духтарон аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ солҳои охир ҷиддан ба таҳсил дар коллеҷҳою донишгоҳҳои тиббӣ шуғл меварзанд. Худи ӯ чандин нафарашонро тарбия кардааст. Аммо ҳанӯз соҳаи тандурустии ноҳия ба кадрҳои миёнаву олии тиббӣ сахт ниёз дорад.
- Мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдоранд, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон бинои нави замонавии беморхона сохтанд, ки бо ҳама таҷҳизоти муосир таъмин аст. Афсӯс, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи тандурустӣ барои бо мутахассисон таъмин намудани он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекунанд. Солҳои пеш чандин нафар бо квотаи президентӣ донишгоҳҳои тиббиро хатм карданду танҳо чанд нафари ангуштшумор ба ноҳия баргашту бас. Духтарон дар дигар ҷойҳо ба шавҳар баромаданду писарон шаҳрҳою ноҳияҳои ободро барои кор интихоб карданд, мегӯяд табиби оилавӣ. – Ҷиҳати дигари масъала ғамхорӣ ва ҳавасманд кардани кадрҳои ҷавони соҳа мебошад, ки барои кор ба ноҳия меоянд. Онҳоро бояд зери қанот гирифт, одитарин шароити зисту зиндагияшонро таъмин намуд, ки алҳол ба қадри кофӣ эҳсос намегардад.
Модар
Манзура дар тарбияи 3 фарзанди ҷигарбанди худ низ ҷон коҳондааст. Манижаю Фирдавс маълумоти олӣ доранд, Мавзуна донишҷӯи соли аввали факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд аст. Шаш набераи дилҷӯ дар гирдаш парвона.
Ҷӯёи СУҒДӢ,
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ