Афзоиши дандон аз давраи пайдоиши ҷанин дар батни модар, ҳафтаи 6 - 7 - уми ҳомиладорӣ оғоз ёфта, минбаъд то синни 18 давом меёбад. Дар 20 - солагӣ инкишофи дандон ба анҷом мерасад.
Бинобар ин барои рушди хуби дандонҳои тифл модарро зарур аст, ки ҳанӯз аз оғози пайдоиши он хӯроки серғизову дорои витаминҳо, намакҳои минералӣ ва микроэлементҳо, аз қабили калтсий, фосфор истеъмол намояд. Истеъмоли бенизоми ғизо, бемориҳои музмин, норасоии витамин дар организми модар ва кӯдак боиси ихтилоли ташаккули бофтаҳои сахт ва осеби дандонҳо мешаванд.
То баромадани дандонҳои аввал омилҳои зиёде метавонанд ба саломатӣ ва ташаккули ковокии даҳони кӯдак таъсир расонанд. Масалан, истеъмоли доруҳои гуногун, ба монанди антибиотикҳои тетратсиклин боиси тағйир ёфтани ранги табиии сафеди дандонҳо мегардад. Бинобар ин истифодаи баъзе доруҳо ҳангоми ҳомиладориву давраи ширдиҳӣ тавсия дода намешавад.
Аввалин дандонҳои ширӣ
Аввалин дандонҳои ширӣ дар кӯдакон аз 5 - 8 - моҳагӣ пайдо мешаванд ва то синни 3-солагӣ афзоиш меёбанд. Ивазшавии дандонҳои ширӣ ба асосӣ тақрибан аз 6 - солагӣ оғоз мешавад. Ин раванд хеле тӯлонӣ буда, метавонад то 12 – 14 - солагӣ идома ёбад. Агар дандонҳои асосӣ 32 – то бошанд, дандонҳои ширӣ 20 – тоянд. Решаи дандонҳои ширӣ кӯтоҳ буда, шаклашон нисбат ба дандонҳои асосӣ хурдтаранд. Каме каҷ баромадани дандонҳои ширӣ набояд боиси ба ташвиш афтодани волидони тифл шавад. Мавқею шакли дандонҳо метавонад дар раванди ба воя расидани кӯдак тағйир ёбанд.
Аксар вақт ҳангоми баромадани дандонҳои ширӣ кӯдакон нороҳат гашта, табашон гоҳе баланд шуда, инҷиқӣ мекунанд. Оби даҳонашон мешорад, организмашон таомро бо душворӣ ҳазм менамояд. Гоҳо шикамравӣ ва қайкунӣ низ ба назар мерасанд.
Барои сабук кардани раванди дандонбарорӣ ба кӯдакони хурдсол бозичаҳои махсус, ки шакли ҳалқаро доранд, додан мумкин аст. Инчунин, метавонед, сабзии пӯсткандашударо диҳед. Барои истеъмол бештар ғизоҳои моеъ ва оби ширгармро истифода баред. Дар ин давра кӯдак ба меҳру муҳаббат ва ғамхӯрии махсуси волидон ниёз дорад. Агар кӯдак калонтар бошад, бо ёрии бозиҳо, мусиқии форам фикри ӯро андармон намудан мумкин аст.
Пеш аз хоб рафтан матои мулоиму тозаро дар оби ширгарм тар карда ба милки дандони тифлакон гузоред, то он андаке бошад ҳам, дардро рафъ сохта ба кӯдак имкон медиҳад, ки осоишта бихобад. Агар ин амалҳо натиҷаи дилхоҳ надиҳанд, ба табиб муроҷиат намудан зарур аст, то бо тавсияи пизишк доруву равғанҳои махсусро, ки ба синну соли кӯдак мувофиқ аст, дастрас ва аз паи табобат шудан мувофиқи мақсад аст.
Пӯсиши дандонҳои ширӣ
Дар ковокии даҳон микроорганизмҳои зиёдро дучор омадан мумкин аст. Афзоиши ин микроорганизмҳо ба пайдоиши пӯсидан оварда мерасонад. Пӯсидагии дандон аз вайрон шудани минералҳои эмали қисми болоии он оғоз меёбад. Эмали дандонҳои ширӣ тунук буда, тез нобуд мешавад.
Пӯсиши дандонҳои шириро дар баъзе кӯдакон ҳанӯз аз 2 – 3 - солагӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳангоми сари вақт табобат накардани пӯсидагӣ, он метавонад ба зиёд шудани бактерияҳо ва дарди дандонҳо сабаб гардад.
Пешгирӣ
Пас аз баромадани дандонҳо ба рӯйхати ғизои кӯдакон хӯрокҳои сахттару фоиданоктар, аз қабили себҳои тару тоза, сабзӣ, гӯшти моҳиро ворид намудан муфид аст.
Дандонҳои шириро бояд аз рӯзи нахусти пайдоишашон тоза кард. Онро аввал падар ё модари тифл бо докаву оби ширгарм оҳиста тоза кунанд. Ҳангоме ки кӯдак калонтар шуда, озодона қошуқро гирифта ба даҳон бурданро меомӯзад, оҳиста – оҳиста ба ӯ доштани чӯткаи дандоншӯиро омӯзондан мумкин аст. Дар оғоз ҳатто «дандонҳои зоча ва ё хирсакро» ҳамроҳ бо фарзандатон «тоза» кунед, кушоиши кор мешавад.
Тавсия медиҳем, ки дар аввал дандонҳоро бо чӯткаи махсуси кӯдакона, танҳо бо оби ширгарм рӯзе як маротиба тоза бояд шуст. Пас аз якчанд муддат, ҳангоме кӯдак ба дандоншӯӣ одат мекунад, аз хамираи дандонтозакунии кӯдакона истифода бурдан ҷоиз аст.
Хамираи дандоншӯӣ
Дар таркиби хамираи дандоншӯӣ барои кӯдакон фтор, фосфор ва калсий бо андозаи муайян, дар омехтагӣ мавҷуданд. Ин элементҳо дар ҳамбастагӣ эмали дандонҳоро мустаҳкам ва аз ҳар гуна микроорганизмҳо муҳофизат менамоянд.
Инчунин, хуб аст, агар хамира хушбӯву хуштаъм бошад, то дар рафти истифодаи он кӯдакон афсурдахотиру дилгир нашаванд.
Маҳлули дандоншӯиро вобаста ба синни кӯдак, ки дар қуттии рӯи он дарҷ ёфтааст, интихоб намудан зарур аст.
Муолиҷа
Барои пешгирии иллати дандон, кӯдакон бояд соле ду маротиба аз муоинаи духтури дандонпизишк (стоматолог) гузаранд ва тавсияҳои ӯро пурра иҷро намоянд. Агар дандонҳои кӯдак ягон иллат гирад, пас дар ҳар се моҳ ба табиб муроҷиат намудан ҳатмист. Дарди дандонро набояд интизор шуд. Агар кӯдак дарди шадиди дандон дошта бошад, пас аллакай мушкилоти пӯсиш ҷо дорад. Хеле муҳим аст, ки табобати дандонҳои шириро дандонпизишки кӯдакон анҷом диҳад.
Дандонҳои ширӣ, ба мисли дандонҳои доимӣ, каналҳои реша ва торҳои асабро доранд, ки сари вақт табобат карда нашаванд, кӯдакро ба ташвиш меоранд. Пӯсиши дандонҳои ширӣ оқибат ба бофтаҳои устухон ва дандонҳои доимӣ таъсир мерасонад.
Маҷмӯи пурраи дандонҳои ширӣ шаклу андозаи дурусти ҷоғро ташкил медиҳанд. Агар дандонҳо бо сабаби пӯсиш нобуд шаванд ё барвақт бо таъсири омиле афтанд, ин раванд боиси каҷ баромадани дандонҳои доимӣ ва норасоие дар ҷоғ мегардад.
Сирояти бактерияҳои касалиовар, ки аз ҳудуди дандони пӯсида паҳн мешавад, баъдан боиси пайдоиши бемориҳои дил, буғум, гурда ва вайрон шудани узвҳои меъдаю рӯда мегардад.
Солимии дандонҳои асосӣ аз нигоҳубини дуруст ва муолиҷаи саривақтии дандонҳои ширӣ вобаста аст. Дандонҳои солим яке аз омилҳои асосии зебоӣ ва тансиҳатист.
ШАҲНОЗ