Ҳанӯз то дидору баҳраёбӣ аз қиссаҳои рӯзгору зарофатҳои дилангезаш дар бораи шахсияту шуҳрати корбарию коргузории сарварбонуи номбардори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Лутфия Маҳмадиева каме огоҳӣ доштам.
Дар водии Рашт чашм ба олами ҳастӣ кушодаву дар рустое ба воя расид, ки шуғли дӯстдоштании мардумонаш китобдорию китобхонӣ буд. Падари Лутфия, ки давоми 27 сол роҳбарии фурудгоҳи Тоҷикободро ба уҳда дошт, ба илму ҳунаромӯзӣ ва раҳнамоии фарзандон дар интихоби касбу фарҳанги рӯзгордорӣ ниҳоят аҳамияти ҷиддӣ медод.
То масъулияти раиси маҳалларо ба зимма гирифтанаш, дар фаъолияти беш аз 30 - солааш ба сифати ҳамшираи гашти хонагӣ ва мудири бунгоҳи тиббӣ, аз шароити рӯзгору вазъи солимӣ ва фарҳанги оиладории дигар паҳлуҳои ҳаёти бошандагони деҳи зист ва рустоҳои атрофи он огаҳии комил дошт. Якеро аз хуруҷи бемории шадид раҳо бахшида, дувумиро дар айни валодат ёрии тиббӣ расондаву дигаронро дар шабҳои дарду ранҷуриҳояшон мададгору муттако буд.
Дарвозаи ҳавлӣ боз гардида, дар рӯ ба рӯи мо чеҳраи моҳтобии модари бузургвор намоён мешавад, ки раҳораҳ дар симои ӯ шоираи дарёдил, ҳамшираи дармонбахшу мушкилкушои мардум, раиси маҳаллаву вакили мардумӣ, раҳнамову ҳамнавои модарону коргарзанони рустоиро тасаввур мекардам.
- Ҳамин ҳозир аз вохӯриҳои таблиғотии хона ба хона баргашта, аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ҳисобот менавиштам,- узрхоҳона моро ба сӯи хона - идораи кумитаи маҳалла роҳнамоӣ мекунад Лутфия. – Дар вохӯриҳои ташвиқотии хона ба хона атрофи мавзӯъҳои сарфакории неруи барқ, истифодаи самараноки қитъаҳои наздиҳавлигӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суҳбат ороста, ҳамзамон бо аҳли оилаҳо тарзи дурусти захирасозии ғизо ва дигар масоили рӯзмарраро матраҳ менамоем.
Баъди раиси маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзода интихоб шудан, яке аз ҳуҷраҳои манзили истиқоматиашро ба идораи корӣ ва қабулгоҳи муроҷиати шаҳрвандон табдил дод. Дафтари корӣ кошонаи хушрангеро мемонад, ки дару девораш аз шиору овезаҳои расмӣ, намунаи ҳунармандию дастовардҳои меҳнатии сокинони деҳа ва гӯшаҳои дастурамалу барномаҳои омӯзиши тарзи кишту коркарди маҳсулоти кишоварзӣ оро ёфтааст. Таваҷҷуҳи маро ба бастаҳои маҷаллаву нашрияҳои рӯи мизу ҷевонҳо дида, коргузори деҳа изҳор дошт, ки мардум ба ин ҷо барои машваратпурсию мутолиаи матбуоти даврӣ ҳам меоянд. Китобҳои сабти будубоши аҳолӣ, феҳристи корафтодагону оилаҳои камбизоат, вазъи солимии аҳолӣ ва дигар иттилоот оид ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии сокинон бозгӯи он аст, ки масъулони кумитаи маҳал аз ҳолу аҳволи шаҳрвандон ва тамоми рӯйдоду воқеаҳои рӯзмарраи кулли хонаводаҳои деҳа ба хубӣ огаҳӣ доранд.
Илова ба вакилу раисии маҳалла ва масъулиятҳои дигари ҷамъиятӣ, Лутфия Маҳмадиева солиён ба ҳайси мудири бунгоҳи тиббии «Хуросон» - и деҳаи Нусратулло Махсум ва ҳоло ҳамшираи шафқат асту дар хизмати мардум мебошад. Самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва назорату чорабиниҳои пайвастаи оммафаҳмонӣ аз ҷониби ӯву ҳампешагонаш дар бунгоҳу марказҳои саломатии деҳоти мазкур буд, ки дар мавсими хуруҷи бемории COVID -19 маризе ба қайд гирифта нашудааст.
- Таваҷҷуҳи мардумро он вақт метавон ба амалҳои хайру ободонии маҳали зист ва рушду нумӯи деҳот ҷалб намуд, ки мо, масъулони деҳот, дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба солимгардонии ҷомеа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум дар сатҳи маҳал ба иҷро расонем, - мегӯяд раиси маҳалла. – Ба мушкилоту маҳдудиятҳои давраи пандемияи коронавирус нигоҳ накарда, дар чанд соли охир тариқи ҳашар пули деҳаро сохта ба истифода дода, як миқдор симчӯбҳои барқиро навсозӣ, роҳҳои 4 маҳалларо санг рехта, чандин километр каналу заҳбурҳои ҳудуди деҳаро тоза кардем. Мутмаинам, бо дастгирию саҳми ҳамдеҳагонамон дар корҳои ободонӣ дар соли нав нақшаҳои кашидани поёноб барои 80 хонаҳои истиқоматӣ, лоиҳаи гузарондани хати оби ошомиданӣ, бунёди боғчаи бачагона ва дигар мушкилиҳои сокинони деҳаи Мирзо Турсунзода ҳалли худро меёбанд.
- Узви шӯрои кумитаи маҳал 11 нафар буда, дар баррасии масоили ҳалталаби деҳа мақому масъулиятҳои баробар дорад. Омӯзишу таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ ва аз миёни садҳо хонаводаи деҳнишин муайян намудани оилаҳои камбизоату ниёзманд аз мавзӯъҳои ҳассосу баҳсталаби ҷомеаи имрӯзи мо ба ҳисоб меравад. Зеро дар қиёс ба имкониятҳои мавҷуда бобати расондани ёрии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, шумораи муроҷиаткунандагон барои гирифтани кумакҳои иҷтимоӣ нисбатан зиёд мебошанд, - меафзояд Лутфиябону.
Хотираҳои зиндагӣ ва кору пайкори беш аз се даҳсолаи ӯро дар ҷодаи тиб варақ зада, ҳамзамон, таассуроти масъулони ноҳия ва ҳамдеҳагонашро пеши рӯ меорам, ки аз дастоварду зарфиятҳои ӯ дар арсаи идоракунии кумитаи маҳал ва таҳкими ҳамкориву робитаи ҷомеа бо Ҳукумат мегуфтанд.
- Оё дар ҷавониҳо ва овони интихоби касб тасаввуроте доштед, ки чӣ рӯзгору сарнавиште шуморо интизоранд? - мепурсам аз ҳамсуҳбатам. Лутфия ғарқи хаёлоти кӯдакӣ аз ҳаёту рӯзгорони даврони дар остони зодмандонаш ба сар бурдан, қисса кард:
«Овони наврасӣ, ки лаҳзаи фориғ аз мактабу корҳои хона сар аз мутолиаи китобҳои бадеӣ намебардоштем, саргузашти як марди пушаймон дар қалби ман орзуи духтур шуданро барангехт. Қисса кӯтоҳ марди рустоие баъди пайи ҳам се духтар таваллуд кардани ҳамсараш, оилаи худро тарк намуда, аз деҳа ғайб мезанад. Ранҷу азоби ба воя расондани духтаракони маъсумашро танҳо модар медонисту бас. Бо гузашти солҳо духтарони таҳсилдидаву донишманд соҳиби хонаву бахти худ шуданд. Хоҳари хурдии онҳо, ки табиби яке аз беморхонаҳои шаҳр буд, мӯйсафеди бесарпаноҳеро, ки баъди аз бемористон мураххас шудан, ҷойи рафтан надошт, ба хонаи худ меорад. Он пирамард ҳамон марди сангиндиле буд, ки замоне зану духтарони худро ҳаволаи тақдир карда, пайи ҳавову ҳавасҳои ҷавонии худ рафта буд».…
Мусоҳибаи мо ва омаду рафти муроҷиаткунандагон соатҳо идома ёфт, ки аз ногуфтаҳои аҷибу суҳбатҳои дилангези бонуи равшанзамир чи гуна гузаштани як рӯзи зимистонро пайхас накардем. Дар бозгашт аз остони Лутфия Маҳмадиева орзу кардам, ки кош чунин шахсиятҳои кордону адолатпарвар ва ҷонфидои халқу меҳандӯсте ба мисли раиси маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ роҳбарони ғамхори мардум бештар медоштем.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ