ДОКТОР ОРАШ АЛОӢ:
«Бонувони муҳтарам,
тирезаҳоро боз кунед!»
(мусоњиба вобаста ба бемории СOVID – 19 ва роњњои пешгирии он)
Директори Институти саломатии ИМА Ораш Алоӣ даъвати моро дар робита ба мусоњиба хуш пазируфт ва изњор дошт, ки даричаи робитањоро боз кардан бо маљаллае, ки мухотабаш бонувон аст, бисёр хушоянд мебошад. «Наќши занон дар њар самт: иљтимоӣ, иќтисодӣ ва сиёсӣ хеле муњим аст. Хусусан, дар замони пандемия ва риояи тозагиву озодагии гигиенӣ наќши занон махсус аст», - зикр кард табиб.
- Чандест, ки бемории СOVID-19 љањониёнро ба ташвиш овардааст. Дар муќобили ин вирус илм ба чӣ дастовардњо ноил шуд?
- Илм дастовардњои зиёде пайдо намуд ва айни замон бисёр чизњоеро медонем, ки соли гузашта намедонистем. Якум, чун медонем, ки ин беморӣ аз 1 то 3 дарсад фавт меорад ва бо таваљљуњи пешрафти илм ин ба 1 дарсад расидааст. Яъне, ин хабари хуш аст, ки фавт кам шуд.
Дуюм, бо роњи пешгирӣ метавон аз гирифторшавӣ ба ин вирус наљот ёфт. Аввал бо роњи ниќоб пешгирӣ аз ин вирус менамудем. Феълан, риояи гигиенаи шахсӣ ва фосилаи 2-метра, шустани дастњо. Ва нињоят, имрӯз тариќи эмгузаронӣ метавон суръати афзоиши бемориро гирифт ва мардумро наљот дод, ин њам бошад, тавассути тавлиди воксинњост. Айни њол, 25 воксин дар марњилаи охирин ва 200 воксин дар марњилаи санљиш ќарор доранд. Воксинњои дар дар фабрикањои дорусозии Чин, Англия, Германия, Россия ва Амрико истењсолшуда аз 70 то 94 фоиз самаранок аст. Илми тиб њам собит сохтааст, ки воксини беш аз 70 фоиз самаранок бошад, ќобили ќабул аст. Яъне, чун ин вирус љањонро даргир аст, њама даст ба даст шуда, аз пайи аз байн бурдани ин беморианд. Он чизе, ки воќеан, ба назар мерасад, ин хабари расидани воксин то охири соли оянда ба њар кишварњои љањон мебошад. Мо як зимистонро аз сар гузаронем, бањор хабари хуш мерасад...
- Пањншавии ин вирус бештар дар кишварњое, ки барои тавлиди ваксина сањм доштанд, мушоњида мешавад. Яъне, дар ин кишварњо соњаи тиб дар баробари дигар соњањо пешрафта буд…
- СOVID-19 бори дигар ба љањониён собит кард, ки ки бою абарќудрат будан, доштани технологияи тавоно ва ғайра наметавонад пеши бемориро гирад. Дар Фаронса, Италия, Россия, ки давлатњои пешрафтаву тараќќикарда буданд, шоњидем, ки чӣ кадар фавт зиёд буд. Чаро? Якум, ин ки бемориро намешинохтанд ва њељ маълумоте аз боби табобату пешгирии он надоштанд. Дуюм, одитарин ќоидањои гигиена риоя нашуд ва сеюм дар ин кишварњо сиёсатњои иштибоњ њукмфармо буд. Ва њоло мебинем, ки нисбат ба 6 моњи пеш њолат дар њама давлатњои дунё хуб шудааст.
- Бо расидани фасли сармо хуруљи бемории зуком низ дар назар буда, аломатњои ин маризии мавсимӣ бо коронавирус монанд аст. Пас, чӣ гуна метавон зукомро аз СOVID-19 фарќ гузошт?
- Бубинед, ин љо ду мавзӯест, ки якеро ба унвони пизишк ва дигареро аз нигоњи халќ бояд тафриқа гузошт. Ваќте табобат мутафовит аст, дар ин маврид метавон миёни ин ду беморӣ фарќ бошад. Агар ду беморӣ дошта бошем ва агар табобату пешгириашон яксон бошад, ташхис накунем њам, нигаронкунанда нест. Њар ду беморӣ њангоми нафаскашӣ вирусњое аз дањон хориљ менамоянд, ки боиси пањншавии беморӣ мегардад. Пас, замоне эњсоси тасф (њарорати баланд), дарунравӣ ва ларз пайдо шуд, бояд дар хона бимонд ва алоќаро бо дигарон ќатъ кард.
Зукоми фаслӣ ва СOVID-19 антибиотик ё табобати ихтисосӣ намехоњад. Барои зиддињарорат ва дард истеъмоли парасетамол басанда аст. Дар мавриди сулфа лимӯ ва асалчой ва, агар сулфаи зиёд бошад, метавон доруи зиддисулфа хӯрем. Мевањои тоза, лаблабу, лимӯ, шалғам, ки аз витамини С бой њастанд, давои ин бемориянд.
- Аксаран баъди аз сар гузарондани бемории СOVID – 19 эњсоси бењолӣ мекунанд ва инро аз таъсири доруњои бисёри антибиотикӣ медонанд. Оё ин дуруст аст?
- Бале. Аслан беморињои вирусӣ бењолиро дар бадани одам ба вуљуд меоранд ва вируси ёдшуда низ чунин хусусият дорад. Бо истифода аз антибиотикњо чунин њолат бештар эњсос мегардад, зеро антибиотик доруи кимиёвии ќавист ва бењолиро эљод мекунад.
- Онњое, ки як бор мубталои ин вирус шудаанд, дуюмбора хавфи гирифторшавиашон њаст ё баръакс?
- Ин бовар, ки боре нафаре ин вирусро дошту акнун антитела (подтан) дар баданаш боло рафт ва дигар бемор намешавад, иштибоњ аст. Бояд гуфт, касоне, ки як бор ин вирусро мегиранд, метавонанд боз бемор шаванд, вале сабук ё шадидтар номаълум аст. Ин вобаста ба масунияти бадани инсон аст. Ваќте ин беморӣ боиси фавт аст, пас аз гирифторшавӣ эњтиёт шарти аввал аст. Пешгирӣ бењ аз табобат мебошад.
- Оризањои вирус бештар дар кадом узвњои бадан таъсири манфӣ мегузорад?
- Вируси куруно асосан дар шуш, љигар, асаб ва хун нороњатиро эљод мекунад, ки он табобати ихтисосиро мехоњад. Вируси зуком ва коронавирус дарди мушаку устухон медињад ва бо мурури ваќт мегузарад. Касе бо аломатњои шадид бемориро гузарондааст, бештар гирифтори лахташавии хун мегардад. Онњо бе тавсияи духтур набояд доруњои зиддилахташавии хун истеъмол намоянд, зеро иштибоњан нӯшидани доруворињо боиси хунравӣ мешавад. Афроде, ки ба воњима дода шудаанд, бояд оромишро нигоњ доранд. Ваќте вирус ва роњњои пањншавиашро медонем, чаро тарс дошта бошем? Њатто замоне, ки карантин аст, худро дар мањбас эњсос набояд кард. Дар бораи солим шудан ва дар фикри сироят накардани дигарон бояд буд.
- Эмгузаронии маризии зуком барои пешгирӣ аз СOVID-19 мусоидат мекунад?
- Зуком ва куруно ин ду вируси комилан мутафовиданд ва њељ вобаста ба њам нестанд, вале њар ду њам метавонад, пневмонияро эљод кунад. Агар ба василаи эмгузаронӣ як «душман» - ро кам кунем, хубтар аст.
- Боз чӣ тавсияњоро ба хонандагони маљаллаи «Бонувони «Тољикистон» арз карданиед?
- Тоза нигоњ доштани њавои хона, идора ё њар маконе, ки одамони зиёде гирд омадаанд. Бонувони муњтарам, аз хунукӣ натарсед! Тирезањо боз кунед! Дар давоми пандемия исбот шуд, ки њавои тозаву беғубор корсоз аст.
Бонувон ба кӯдакон омӯзиш дињед, то дастонро зиёд шӯянд. Дар кишваре, ки об фаровон дорад, мардумаш бояд дар шустани дастњо низ «пешсаф» бошад. Риояи гигиенаи шахсӣ барои њамаи беморињо муњим аст. Дар бораи ниќоб гуфтанӣ њастам, ки ниќоби филтирдор барои бахшњои эњёгарии беморхонањост ва ниќоби љарроњӣ, ки на беш аз 4 то 6 соат истифода мешавад, на барои омма аст. Зеро њар рӯз тавони харидории ниќобро на њар кас дорад. Бонувони азиз, барои худу ањли хонаводаатон аз порчањои адрасӣ ва дигар матоњои пахтагии бо гулдӯзӣ ороишёфта ниќоби хонагӣ дуруст кунед. Ин гуна ниќобњо безарар буда, барои сарфаи буљети хонадонатон мусоидат мекунанд.
Ќутбия НЕЪМАТУЛЛО