Бонувон аксаран аз хизматрасониҳои духтурони гинеколог баҳравар мегарданд ва муддате чанд пушти дари ҳуҷраҳои муолиҷа мунтазир менишинанд. Овезаҳо бо навиштаҷоти «давраи перинаталӣ»-ро на як бору дур бор мушоҳида кардаанд ва шояд ба худ суод кардаанд, ки он чӣ маънӣ дорад. Мебояд донист, ин ду вожа бо ҳаёти модару кӯдак сахт алоқаманд аст.
Мавзӯи «Татбиқи самараноки давраи перинаталӣ», ки давраҳои ҳомиладорӣ, валодат (таваллуд) ва марҳилаи пас аз таваллудро дар бар мегирад, мавзӯи муҳим ва актуалист, зеро сухан дар мавриди ҳаёти зан ва ҳам насли ӯ хоҳад рафт.
Ҳомиладорӣ
- Ҳомиладориро қаблан чун беморӣ медонистанд ва имрӯз ҳамагон медонанд, ки он беморӣ набуда, марҳилаи муътадил ва хеле ҳам муҳим дар ҳаёти зан маҳсуб меёбад. Зан агар тарзи ҳаёти солимро риоя намояд, барои ба куллӣ тағъир додани тартиби ҳаёти рӯзмарра дар ин давра зарурат намеафтад. Яъне, машқҳои љисмонии сабук, шуғл, ҳаёти оилавӣ, одатҳои бад надоштан – ин ҳама омилҳои муҳими ҳаёти зан то давраи ҳомиладорӣ, вақти ҳомилагӣ ва пас аз он мебошанд, - иброз дошт Зуҳро Каримова, духтури навзодони таваллудхонаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон.
Воқеан ҳам, ҳар як зан ҳуқуқ дорад, ки дар давраи ҳомиладорӣ аз хизматрасониҳои босифат баҳравар гашта, оид ба љараёни ҳомилагии худ пурра хабардор бошад ва оид ба валодат маълумоти саҳеҳ гирад.
- Дар давраи ҳомиладорӣ истеъмоли ҳаб ва ё доруҳои дигар манъ аст, ба ғайр аз он доруҳое, ки духтур тавсия медиҳад. Бонувон набояд фаромӯш созанд, ки ҳангоми гирифтани ҳама гуна кӯмаки тиббӣ духтуронро оид ба ҳомиладории худ мебояд дар ҷараён гузошт. Маҳлулҳои аз гиёҳҳо тайёркардашуда низ дору маҳсуб меёбанд ва нӯшидани онҳо бояд танҳо бо тавсияи духтур ба роҳ монда шавад. Аз бӯйҳои таъсирнокиашон зиёд ва нофорам (ба мисли бӯйи рангубор ва ё ранги нохун) худро канор гирифтан зарур аст ва ҳангоми истифода бурдан аз маводҳои тамизсозанда ва шӯяндаи рӯзгор чораҳои бехатарӣ мебояд андешид: бодиққат дастурамали онҳоро хонда, мувофиқи фармудаҳо амал кардан, дастпӯшак пӯшидан ва дар љойҳои ҳавогузар қарор доштан муҳим аст, - афзуд З. Каримова.
Валодат (таваллудкунӣ)
Дар тамоми љаҳон, дар системаи кӯмакрасонӣ ҳангоми валодат тағъиротҳои куллӣ ба амал меоянд, ки ба беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба занон дар давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд нигаронида шудаанд.
Соли 1998 Бюрои минтақавии Аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) консепсияи «Саломатӣ барои ҳама дар асри 21»-ро қабул намуд, ки дар он принсипҳои муосири кӯмаки перинаталӣ оварда шудаанд ва ба нигаҳдории љараёни муътадили давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини физиологии тифли навзод, аз соатҳои аввали ҳаёт бо шири модар таъмин намудани навзодон ва маҳдуд накардани алоқаи модар ва кӯдак равона гардидаанд. Чунин усулҳои муосир имрӯзҳо дар системаи тандурустии мо низ љорӣ гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки бо ёрии усулҳои далелноки тиббӣ беасос ва ба мақсад мувофиқ набудани аксарияти мудохилаҳои тиббӣ ва муолиљаҳои пешина, ки солҳои зиёд дар таваллудхонаҳо истифода мешуданд, исбот гардиданд. Аз қабили модару кӯдакро аз ҳамдигар ҷудо нигоҳ доштан, аз рӯи соат ширмакониро ба роҳ мондан, сахт парпеч кардани навзод, ҳамарӯза чен намудани вазни тифл, бо воситаҳои тамйизӣ коркарди кӯдак ва амсоли инҳо.
Дар мавриди қабул намудани қарор оид ба иштироки ин ё он нафари наздик ҳангоми таваллудкунӣ сухани ҳалкунандаи зани ҳомила нақши муҳим мебозад. Бешубҳа, барои рафъ намудани шиддати асабоният ва валодати бенуқс ҳозир будани шахсе, ки зан ба ӯ пурра бовар дорад, мусоидат менамояд. Кӯмак ва дастгирии шахси наздик барои оромшавии мушакҳои бадан ва руҳия мусоидат менамояд ва барои ҳосилшавии эндорфинҳо, ки моддаҳои табиии бартарафкунандаи дард мебошанд, шароит фароҳам меорад. Ҳозир будани шахси боэътимод марҳилаи мухозро кӯтоҳ менамояд, тарсро аз байн мебарад ва ҳодисаҳои нуқсбардориро ҳангоми валодат кам менамояд.
Давраи пас аз валодат
Бино ба гуфти З. Каримова дар ин давра аввалин иқдоме, ки модар бояд ба таври ҳатмӣ ба роҳ монад, ин бо шири модар таъмин кардани навзод аст.
- Тибби ҷаҳонӣ собит сохт, ки шири модар барои тифл ғизои беҳтарин буда, дар шаш моҳи аввали ҳаёти кӯдакро пурра бо он таъмин кардан зарур аст. Кӯдак дар ин давра ғайр аз шири модар дигар ғизо истеъмол наменамояд. Об, шарбат ва ё ғизои иловагӣ ба кӯдак намедиҳанд, зеро таркиби шири модар ҳама гуна моеъ, ғизоҳои гуногун, калория ва ферментҳое, ки ба тифли навзод заруранд, доро мебошад. Аз ҳама муҳим дар вақти ширмаконӣ бадани зан ба майлу хоҳишҳои кӯдак љавоб мегӯяд ва чӣ қадаре, ки кӯдак шир зиёд макад, ҳамон қадар шири модар бештар ҳосил мегардад. Баъдан, модар агар ғизои витаминдор истеъмол накунад, шири ӯ кам гашта, дар натиҷа кӯдак вазн мепартояд ва ба табкунӣ ва ихтилоҷ метавонад дучор ояд. Истеъмоли шир ва хӯрокҳои обдор ғизонокии шири модарро зиёд мегардонад, - афзуд Зуҳро Каримова.
Дастур ва принсипҳое, ки аз љониби СҶТ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ гардидаанд, истифодаи технологияҳои каммасрафро пешбинӣ менамоянд, ки дар шароити имрӯзи мо истифодаи чунин усулҳои камхарљ ба мақсад мувофиқ аст. Аз ҳама муҳим он аст, ки чунин барномаҳо имкон медиҳанд, ки натиљаи дилхоҳ ба даст оварда шавад. Яъне беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ дар самти солимии репродуктивӣ ва зиёд кардани шумораи кӯдаконе, ки ҳаёти онҳо ба таври физиологӣ оғоз меёбад, бешубҳа, барои ташаккули солими миллат заминаи хубе хоҳад буд.
Ситора