Дохили мусофирбари № 25 моломоли мусофирон буд. Маро суњбати ду духтар ҷалб намуд. Яке ба дигаре мегуфт: «Муниса, сабр кун, ќариб ба донишгоњ расидем».
Аз рафти суњбат пай бурдам, ки духтарак диќќи нафас доштаасту ин субњ фаромӯш кардааст, ки доруяшро истеъмол намояд. Бо њисси кунҷковї ба суњбаташон њамроњ шудаму гуфтам: «Духтарњо, шумо бояд аввал назди табиб раведу пас ба дарс»…
Муниса табассуми малење афканду гуфт: «Апаҷон, мо дар донишгоњ нафаре дорем, ки ғамрасу ғамхори донишҷӯён аст. Аз рӯи маслињату машварати он бону амал карда, зуд ба худ меоем»…
Дидани бону бароям аҷиб намуд. Дар истгоњ духтарон поин шуданд, ман њам. Баъди чанде роњ паймудан, факултети сохтмон ва меъмории Донишгоњи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимї намудор шуд. Дар дами дар бонуе бо хилъати сафед ва мӯйњои њамранги хилъат, бо лањни ширин таби донишҷӯёнро санҷида, иҷозати вурудашон медод.
Духтарони њамроњ наздаш рафта, њолатро шарњ доданд, бонуи хилъатсафед онњоро ба бунгоњи тиббї бурд. Пас аз суњбат бо декани факултети мазкур Парвиз Хоҷаев, маълумамон шуд, ки ин бону њамшираи тибби донишгоҳ будааст.
Мењринисо Халифаева зиёда аз 40 сол аст, ки пайи ин пеша кору пайкор дорад. Ӯ хатмкардаи коллеҷи тиббии шањри Кӯлоб буда, фаъолияташро дар таваллудхонаи шањри Кӯлоб оғоз намудааст. Пас аз калон кардани се фарзанду соњибмаълумот гардондани онњо ањли хонавода ба шањри Душанбе кӯч баст.
Фарзандонаш Мунира, Зафар ва Муборак донишҷӯ шуданд. Тамоми азму талоши ин бону бањри ояндаи дурахшони фарзандон равона мегардад. Ва имрӯз зањматњои модар самар додаву фарзандон дар соњаи интихобкардаашон зањмат доранд. Кунун модар дар тарбияи наберањо сањм мегирад ва дар њалќаи 15 набера худро бибии хушбахт мењисобад.
- Сањми падару модар дар тарбияи фарзандон наќши калонро мебозад. Волидон мисли ду ќаноте њастанд, ки бањри парвози баланди ҷигарбандон дар зиндагї доим дар њаракатанд. Ва бењтарин чиз барои фарзанд зиндагии намунавии волидон аст, ки онро аз мо меомӯзанд. Аз ин рӯ, мо бояд идеали онњо дар зиндагии минбаъдаашон бошем, - мегӯяд Мењринисо Халифаева.
Њоло ки дар байни донишҷӯён аст, иќрор меояд, ки њар кадомеро чу фарзанд дӯст медорад. Аз бозе, ки ба донишгоњ омад, њар донишҷӯро фарзандвор дӯст дошту модарвор мењрубонї намуд. То онњо аз чењраи гармаш тавонанд симои модари худро пайдо созанд. Аз суњбат бо донишҷӯён маълум гардид, ки холаи Мењринисо барояшон ќадрдону соњибэњтиром аст.
- Њангоми андаке нотоб шудан, мешитобем сӯи њуҷраи кории ӯ. Баъзан бо суханони ширин ва дилбардории модаронаи ӯ мо дардро гум мекунем. Њар субњ бо чењраи офтобияш моро истиќбол мегирад ва аз саломатиямон пурсон мешавад, - мегӯяд Саида, донишҷӯи факултети мазкур.
Бо пањн шудани бемории оламгири COVID -19, њарчанд нафаќахӯр бошад њам, рӯ ба гурез наовард. Бањри пешгирии вабо тадбирњо ҷуст.
- Бо пайдо шудани беморї дар кишвар њароратсанҷњои замонавї надоштем. Аз рӯи усули пешини тиб њароратсанҷњои муќаррариро дар хлори 0,5 фоиза тар карда, пас ба нафари дигарї мемондем, то беморї аз як кас ба каси дигар нагузарад. Хушбахтона, корњои пешгирї самар доданду нафарони кам ба ин беморї гирифтор шуданд. Бо пайдо шудани таб ёрии аввалияро расонда, донишҷӯро ба назди табиби оилавї мефиристондем ва аз њолаташ мудом мепурсидем. Аз устодони факултет 4 нафар ба беморї гирифтор ва сари ваќт ба табобат фаро гирифта шуд. Хушбахтона, саломат ба кор баргаштанд, - гуфт бону Мењринисо.
Ректори донишгоњ Њайдар Одинаев зуд - зуд ба факултет омада, доруву дармони ёрии аввалияро бањри кормандону донишҷӯёни факултети сохтмон ва меъморї фароњам меорад. Декани факултет њам пайи бењбуди шароити хуби донишҷӯён саъй меварзад.
Њар рӯзи кории бону Мењринисо аз санҷидани таби устодону донишҷӯён, ки таи 4 њазор нафарро ташкил медињанд, оғоз меёбад. Њарчанд солаш ба ҷое расида бошад њам, бекориро хуш надораду мехоњад, то имкон дорад бањри бењбудии саломатии нафаре сањм бигирад.
- Пеш аз њама, инсон бояд ба касбаш содиќ бошад, нафъе барои ҷомеа расонад. Барои модарон чї муњим аст? Албатта, саломатї. Шукр, ки дар давлати осоишта ба сар мебарем. Бовар дорам, ки ин бемориро бо хубї пушти сар мекунем,- мегӯяд табиби мушфиќ апаи Мењринисо.
Дар чењраи офтобии ин модар ин ќадар боварї, дӯстдорї ва муњаббати бепоёнро дарк кардам, ки њад надорад. Аз зиндагї, дӯстдории касб, муњаббати бепоёнаш нисбат ба мардум метавон соатњо ќисса кард…
Фарзона ВОСЕЕВА