Табиби
модару кӯдак
«Зиндагӣ маро бо нафаре рӯ ба рӯ кард, ки на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки берун аз он низ маъруфият дошт. Ин кас Саъдинисо Ҳакимова, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илми тиб, профессор мебошанд. Маҳз муаллимаи азиз сабаб шуданд, ки акушер – гинеколог шавам. Ҳангоми дар курси чоруми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино хонданам, муаллима тавсия доданд, ки дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ - гинекологӣ ва перенаталии Тоҷикистон, ҳамзамон дар таваллудхонаи № 1 шаҳри Душанбе навбатдорӣ кунам, аз ҳамон давра пешаи акушер - гинеколог шуданро интихоб кардам», – мегӯяд Саломат Мардонова.
Мардонова Саломат Маҳмадмуродовна дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст (1971). Падараш муҳандис, модар соҳибхона. Саломат ҳамроҳи се хоҳару як бародар ба воя расидааст. Аз хурдӣ ба гулдӯзиву дӯхтани либос шавқ дошт.
Пас аз хатми мактаби миёнаи №34 ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи тиббӣ супурд. Донишкадаро бо дипломи сурх хатм намуд. Ба ординатураи клиникӣ дохил шуда, онро низ соли 1996 бо баҳои аъло ба итмом расонд.
Соли 2002 номзади илми тиб гардид. Аз соли 2016 муовини директор оид ба корҳои табобатии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ - гинекологӣ ва перенаталогии Тоҷикистон таъйин гардид.
- Фаъолияти Пажӯҳишгоҳи акушерӣ - гинекологӣ ва перенаталогии Тоҷикистон бештар ба кадом самт равона гардидааст?
- Диққати асосӣ ба омода намудани олимони соҳа равона шудааст. Имрӯз дар пажӯҳишгоҳ мутахассисони сатҳи баланд омода мешаванд. Корҳои илмие, ки дар ин муассиса анҷом дода мешаванд, ба тайёр кардани бисёр дастурҳои методӣ барои пешрафти соҳаи тиб дар Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Яке аз имкониятҳои хуби мо доштани Шӯрои диссертатсионӣ дар пажӯҳишгоҳ мебошад. Яъне, табибон метавонанд рисолаи илмиашонро дар худи Тоҷикистон ҳимоя кунанд.
Муассиса ба панҷ бахш: акушерӣ, гинекологӣ, неонаталогӣ, методо-иттилоотӣ ва лабораторӣ тақсим мешавад. Ҳар бахш дорои Шӯрои илмист. Масалан, дар бахши гинекологӣ кормандони илмӣ ва клиникӣ кор мекунанду фаъолияташон таҳти назорати як роҳбар мебошад. Дар дигар бахшҳо низ ҳамчунин. Мо дар якҷоягӣ кор мебарем. Яъне, илмро пеш мебарем, таҷриба меомӯзем ва ҳам ёрии тиббӣ мерасонем. Вақте ягон беморро дар ҳолати вазнин меоранд, аллакай ҳар корманд, вазифаи худро медонад ва ба таври фаврӣ ёрӣ расонида мешавад. Асосан беморони вазнинро аз бунгоҳҳои тиббии маҳаллӣ ё беморхонаҳои марказии ноҳияҳо қабул мекунем. Ин гуна беморон бештар занҳое мебошанд, ки хавфи таваллуди пеш аз муҳлатро доранду онҳоро фишорбаландӣ ё хунравӣ азият медиҳад. Ғайр аз ин бонувони гирифтори бемориҳои вазнин, аз қабили лейкоз, нуқсонҳои модарзодии дил, гурдаро низ қабул мекунем.
Солҳои пеш дар таҷриба як ё ду зан бо бемориҳои саратони хун дучор мешуд. Дар якуним сол мо 10 нафарро бо нишонаҳои ин беморӣ бистарӣ намудем.
- Солҳои охир бемории саратони хун дар занҳо бештар мешоҳида мешавад, боз кадом бемориҳо табибонро ба ташвиш овардааст?
- Агар соҳаи акушерӣ-гинекологиро ба ду тақсим кунем, дар бемориҳои занона алҳол бештар беморони гиперпластикӣ ба назар мерасанд. Яъне бемории миомаи бачадон, омосҳои тухмдон. Ин беморӣ қаблан дар занҳои аз 40 – 45 боло дида мешуд. Ҳозир дар духтарҳои 16 – 18 ва 23 – 25 - сола низ во мехӯрад.
Дар бахши момодоягӣ занҳо бо бемориҳои экстрагениталӣ (саратон, гурда, дилу рагҳо камхунӣ, фишорбаландӣ) ворид мешаванд. Инчунин, оризаҳои вазнини ҳомиладорӣ, ки дар баъзеашон норасоии кори дилу рагҳои хунгард, ҷигару гурда мушоҳида мешавад, зиёданд.
- Сабаби зиёд шудани бемориҳои занонаро дар чӣ мебинед?
- Ин аз таъсири бади равонии ҷанги шаҳрвандист, ки натиҷаҳояш ҳоло равшан мешавад. Пеш аз ҳама марбут ба буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳолати асабонияти заноне, ки замони ҷангу баъди ҷанг фарзанд ба дунё оварданду имрӯз он тифлон худ модар мешаванд. Норасоии витаминҳо низ боиси ангезиши ҳар навъи бемориҳо мегардад.
Мардуми мо бештар углевод ё ғизоҳои хамирӣ истеъмол мекунанд. Аммо барои афзоиши кӯдак дар батн, истеъмоли сафедаву витаминҳо ниҳоят муҳиманд. Ҳамин омилҳо сабаби зиёд шудани бемориҳои занона мегарданд.
Роҳи ҳалли мушкилӣ: асабро эҳтиёт бояд карду ғизои дуруст истеъмол намуд.
- Пажӯҳишгоҳ чун як маркази муҳими илмӣ барои солимии ҷомеа хизматҳои шоёнеро ба анҷом расонидаасту мерасонад, оё зарфияту имкониятҳои имрӯза барои бароварда сохтани мушкили мардум кифоя аст?
- Ҳукумати ҷумҳурӣ муассисаи моро ҳаматарафа дастгирӣ мекунад. Тамоми намуди таҷҳизоти муосири тиббиро дорем. Аммо зикр кардан ба маврид аст, ки пажӯҳишгоҳи акушерӣ - гинекологӣ ва перенаталогии Тоҷикистон асосан барои 5000 бемор пешбинӣ шудааст. Аз рӯи омор дар клиникаи пажӯҳишгоҳ соли 1996 ҳамагӣ 3-4 ҳазор, 2008 – 6 ҳазор, 2016 - 8 ҳазор, 2019 - 11 ҳазор тифл таваллуд шудааст. Табиист, ки мо, табибон, хоҳу нохоҳ камбуди ҷой ва таҷҳизоти тиббиро эҳсос мекунем.
Барои ҳалли ин камбуд дар пойтахт ба як маркази перенаталогии дигар ниёз дорем. Агар чунин марказ бунёд гардад, кори мо, табибон, густурдатар ва нишондиҳандаҳои омори бемориҳои занона пасттар мегардид.
- Сатҳи донишу фаҳмиши мутахассисони ҷавонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Дониши ҷавонони имрӯза хуб аст. Забонҳои хориҷиро медонанд, ба шабакаҳои интернет дастрасӣ доранду донишашонро такмил медиҳанд.
Дар пажӯҳишгоҳ 72 табиб фаъолият дорад, ки 47 нафараш ҷавононанд. Яъне, ба ҳар коргари таҷрибадор як ҷавон рост меояд. Бинобар ин, ба ҳар мутахассиси ботаҷриба як ҷавонро вобаста кардаем. Аз мутахассисони мо 47 нафар номзади илми тиб, 4 нафар доктори илми тибанд. Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа ба ҷавонон дарс медиҳем. Онҳо навбатдорӣ мекунанд, имтиҳон месупоранд. Хуллас, тамоми шароитҳо барои ташаккул ёфтану соҳибтаҷриба гардидани ҷавонон ин ҷо фароҳам аст.
- Оила барои як табиб…
- Ҳама чиз, буду набуд, хушбахтӣ. Шукр оилаи солим дорам, модари чаҳор фарзанд ҳастам. Дар тарбияи фарзандон ва рӯзгордорӣ ҳамсарам, хусуру хушдоманам маро дастгирӣ менамоянд. Фарзандони калониам донишҷӯ, хурдиам хонандаи мактаб.
Аз он шукрона мегӯям, ки дар Ватани ободу осоишта зиндагӣ ва фаъолият дорам. Чун хидматгори мардум ва қосиди хабари хуш - пайки модарӣ аз касби интихобкардаам розиам.
Шаҳноз