Руҷӯъ: Баротова Майсара Ҳурматуллоевна дар шаҳри Бохтар ба дунё омадааст. Овони таҳсил дар МТМУ №12 фориғ аз дарсҳо сӯи Институти илмӣ -тадқиқотии пахтакорӣ мешитофт то аз олими маъруф Бобо Сангинов донишҳои иловагӣ омӯзад. Фориғуттаҳсили Донишкадаи тиббии Осиёии шаҳри Тошканд (1980–1986). Фаъолияташро аз беморхонаи марказии шаҳри Левакант ба ҳайси табиби кӯдаконаи беморхонаи минтақавии хоҷагии Ф. Саидови ноҳияи Кӯшониён оғоз бахшид. Соли 1994 ӯро ба ҳайси омӯзгори филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар даъват намуданд. Баъдан, Майсара омӯзгории худро дар кафедраи патофизиологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино идома дод. Аз соли 2006, баъди такмили ихтисос ба симати табиби сироятшинос фаъолият намуда истодааст. Аз рӯзҳои нахустини хуруҷи бемории COVID -19 ӯ ба ҳайси табиби навбатдор дар шуъбаи сироятии беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ба фаъолият пардохт. Оиладор, соҳиби 1 писару се набера аст. |
Хуруҷи коронавирус, ки аз як музофоти дурдасти Чин сар зада тамоми кураи Заминро фаро гирифт, билохира, охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низ падид омад. Омилҳои коҳиш ёфтани таъсирпазирии ин вабои аср ва паст шудани шиддати паҳншавии он, пеш аз ҳама, ба он рабт дорад, ки COVID-19 тавассути ҳавои муҳити зист, одамон ва дигар воситаҳо дар олам паҳн гардида, то ба Тоҷикистон расидан хусусиятҳои биологӣ ва таъсирпазирии худро тағйир дод. Аз ҷониби дигар, то пайдоиши коронавирус ба кишвар табибони тоҷик фурсат доштанд, ки дар бораи ин вирус то ҷое маълумот пайдо карда, чораҳои омодагиро баҳри пешгирӣ ва мубориза бо он тақвият диҳанд.
Дар ҳамин марҳилаи ҳассос, ки хуруҷи COVID-19 боиси қатъи қисме аз корхонаҳо, раванди таълим ва дигар маҳдудиятҳои иҷтимоӣ шуда, иқтисодиёти ҷаҳонро ба зону менишонд, ба мисоли Майсара Баротова садҳо табибони асилу устувор барои наҷоти сокинони мамлакат аз ин вабои аср сина сипар намуданд.
-Гарчанде ҷомеаи башарӣ ба пайдоишу хуруҷи ин бемории ҳамагир чандон омода набуд, табибони тоҷик муваффақ шуда истодаанд, ки паҳншавии суръатзои онро пешгирӣ карда, ҳазорҳо нафар гирифторонро аз марг наҷот бахшанд,- мегӯяд табиби сироятшиноси маркази саломатии кӯдаконаи шаҳри Бохтар Майсара Баротова.
– Мутаассифона, баъзе солмандон, ба хусус беморони музмини қалб, диабети қанд, ВИЧ СПИД ва дигар касалиҳое, ки иммунитети паст доранд, ба асари коронавирус тоб оварда наметавонанд. Бинобар ин табиби сироятшиносро мебояд, ки иловатан ба чораҳои табобатӣ ба беморон эҳсоси рӯҳбаландӣ низ бахшида тавонад. Зеро эҳсоси ваҳму таҳлука ҳолати гирифторони вируси СOVID - 19-ро вазнин ва баданро фалаҷ намуда, ҳатто инсонро ба ҳалокат оварданаш мумкин аст.
Дар баробари омӯзиши муаммоҳои нокушодаи ин беморӣ имрӯзҳо дар самти кашфи ваксинаи зидди вируси СOVID -19 садҳо лабораторияҳои машҳури дунё кор бурда истодаанд. Яке аз хусусиятҳои ҳайратангези ин беморӣ дар он аст, ки коронавирус дар ҳар минтақаи хуруҷ сохт, ранг, шакл ва функсияҳои таъсирнокии худро тағйир медиҳад. Тавре мушоҳида кардем, дар аввал Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар хабару гузоришҳои худ шабаҳи COVID -19 –ро аз ранги нофармон то ба себу нок ва чӯбчаву дигар нишонаҳои рамзӣ дам ба дам иваз мекард. Ин ва дигар муаммоҳои сарбаставу мураккаби тоҷвирус беморонро ба таҳлука ва табибону олимони риштаи тибро ба тааҷҷуб меовард.
Ҳамин тавр, COVID -19 бо нишонаҳои сулфаву атса ва таби баланду бидуни онҳо ва ҳатто бидуни аломатҳои беморӣ аз як тан нафари дигарро сироят намуданаш, аз дигар бемориҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Вале, баъди паси сар намудани мавҷи аввали беморӣ, ки дар кишвари мо сабук гузашт, мардум COVID -19 –ро ҳам мисли дигар касалиҳои сироятӣ пиндошта, ҳатто ба қарору дастурҳо ва тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявии оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 нигоҳ накарда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ одитарин қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии ин бемориро риоя намекунанд.
Майсара Баротова бо такя аз фарзияи мутахассисон иброз медорад, ки ба қавле 70 дарсади сокинон ин бемориро бенишону бо нишонаҳои гуногун аз сар гузаронданд. Тибқи далелҳои олимон организми ин гурӯҳ одамон ҷисмҳои зиддибунёнӣ «антитела» пайдо кардаанд, ки онҳо дигар вируси берунаро ба бадан роҳ намедиҳанд. Аммо бо дарназардошти ҳанӯз ҳам пурраву дақиқ омӯхта нашудани хусусиятҳои ин беморӣ, кашфи доруҳои табобатӣ ва ваксинаи зидди коронавируси нав, беҳтар он аст, ки ба тавсияи табибон гӯш дода, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва иҷрои бечунучарои қоидаҳои санитарӣ -гигиениро набояд фаромӯш кард.
Дар пешгирӣ аз паҳншавӣ ва мубориза бар зидди бемории коронавирус иттиҳоду ҳамбастагии ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Маҳз донишу тавонмандӣ ва ҳисси хушбинию неруи хастанопазири табибон умеду боварии халқро дар мубориза бо ин беморӣ тақвият мебахшад. Муҳимтарин роҳи мубориза бо коронавирус, пеш аз ҳама, чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии он буда, баъдан ташаккули иммунитети мустаҳкам дар мубориза бо ин беморӣ нақши ҳалкунанда мебозад.
- Аммо то ба даст овардани ваксинаи зидди коронавирус ва ба роҳ мондани эмгузаронии аҳолӣ, бояд чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемориро боз ҳам тақвият бахшида, қарору дастурҳои дар ин самт ироа гардидаро бечуну чаро иҷро намоем. Ва дар ин марҳилаи ниҳоят муҳим иммунитети боварӣ дошта бошем, то дар мубориза бар зидди COVID -19 пирӯз гардем, - таъкид мекунад табиб.
Ҷамолиддини сайфиддин,
вилояти Хатлон