Чанд моҳ қабл дар саҳни ҳавлии беморхонаи маъруф бо номи «1-ум Совет» - и шаҳри Душанбе ба гуфтае ҷойи сӯзанзанӣ намеёфтед. Рафтуомади бемордорон, садои гӯшхароши мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» ва пизишкони либосҳои муҳофизатидошта ваҳму таҳлукаи зиёдеро ба дили мардум ҷо намуда буданд. Дар ин маврид табибон қаҳрамононе буданд, ки бо иродаи қавӣ ва ҳисси инсондӯстӣ аввалин шуда, ба ёрии корафтодагону маризон шитофтанд. Онҳо дастгиребон бо вирусе буданд, ки таҳлукааш хатари рабудани ҷони инсонро дошт.
Аммо имрӯз муҳити беморхона ором аст. Дар чеҳраи одамон эҳсоси тарс дигар дида намешавад. Ҳар нафарро пӯшидани ниқоб ва риояи фосила ҳангоми муошират ба таври маъмулӣ шуда, ба хотири мубтало нагаштан ба ин вабо, яъне KOVID - 19 ва беҳдошти солимии хеш худро масъули саломатӣ медонад.
Бо ворид шудан ба бинои беморхона моро Фирӯза Басирова, мудири шуъбаи септикию сироятии кӯдакони навзод ва норасиди Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Аҳмад Каримови шаҳри Душанбе истиқбол намуд. Шуъбае, ки моҳе пештар даҳҳо маризон дар ин ҷо бистарӣ буданд, шифо ёфта, ба зиндагии маъмулиашон пайвастанд.
Фирӯза Басирова духтури кӯдакона бошад ҳам, муддате бо тақозои вақт ба табобати беморони маризии нав, ба истилоҳ «пневманияи нав» машғул шуд. Ӯ дар оғози суҳбат чунин гуфт:
- Кӯдаконро зиёд дӯст медорам ва интихоби пешаи пизишки атфол шуданам ҳам боис ҳамон меҳру муҳаббат ба тифлон аст. Пас аз хатми мактаби деҳа ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино омадам. Бахт ба рӯям хандид ва донишҷӯи ин даргоҳи илму маърифат гардидам. Бо саъю талош дар аз худ намудани таҷрибаву андӯхтани дониш кӯшидам, аз устодони илми тиб кор омӯхтам. Ва бо ҳамин минвол солҳои тиллоии умрам паси сар шуданд.
Кунун аз соли 1991 ба ҳайси духтури атфол - кӯдакони бо бемориҳои модарзодӣ таваллудшударо табобат менамоям.
Ҳамсуҳбатам лаҳзае хомӯширо ихтиёр намуд. Пас аз рӯзҳое, ки ӯву ҳамкасбонаш шабу рӯзи оромӣ надоштанд ва ҳафтаҳоро дур аз дидори фарзандону хонавода дар беморхона сипарӣ менамуданд, ёдовар гашт:
- Аз он ки моҳҳо тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои интернетӣ мардуми сайёра дар мавриди маризии COVID-19 аз ҳар гуна овозаҳо бархӯрдор шуданд, ин ба рӯҳияи одамон таъсири ҷиддӣ расонд. Ростӣ, рӯзҳои нахустини авҷи маризӣ ба ҳангоми қабули беморон чунин эҳсоси тарсу ваҳм маро ҳам фаро гирифта буд. Вале дар ҷараёни кор бо маризон тарс батамом вуҷудамро тарк гуфт. Эҳсоси инсондӯстӣ боло гирифтаву адо намудани қарзи касбӣ дар пешам меистод. Беморон низ инсоне буданд, ки дар пеши дард оҷиз ва ниёз ба пизишк доштанд. Дар он ҳолат ҳама умедашон ба духтурон буд…, - мегӯяд мавсуф.
Ба гуфтаи ӯ беморону муроҷиатгарон аз нигоҳи равонӣ хеле афсурдаҳолу парешонхотир буданд. Ин ҳолатро ӯ дар чеҳраи ҳар як мариз ва ҳатто одамони солим аз нигоҳи аввал ҳувайдо буд, мушоҳида менамуд. Фирӯза дарк менамуд, ки аксари маризон комилан эътимоди дуюмбора ба ҳаёти пешина баргаштанро надоранд. Онҳо рӯҳан ноумед гардида буданд.
Аз ин рӯ, ӯ бо гурӯҳи ҳамкасбон тасмим гирифт, то тариқи равонпизишкӣ, яъне қаблан бо роҳи маслиҳатҳои равонӣ ба табобат шурӯъ намояд. Зеро аз он ки дар ҷаҳон ҳанӯз (ва имрӯз ҳам) ягон намуди дорувории муайян дар табобати ин беморӣ санҷида нашудааст, онҳоро низ водор сохт, то барои табобати маризон усули дастрасро истифода баранд.
Он рӯзу шабон ағлаби муроҷиатгарон дар хона машғули худтабобаткунӣ буданд. Аксаран муддати то 20 рӯз дар хона бемориро гузаронда, сипас бо ҳолати вазнини нафастангӣ ё ҳарорати баланди бадан ба бемористон интиқол ёфтанд. Табибон дар ин маврид тавонистанд, бо василаи равонпизишкӣ ва гузарондани тамринҳо барои нерумандии узвҳои роҳҳои нафаскашӣ саломатиашонро дар муддати 4 - 5 рӯз дувумбора барқарор намоянд.
Ба гуфтаи табиб, асосан онҳое, ки ба гурӯҳи риск шомиланд, яъне гирифторони бемориҳои диабети қанд, ишемияи дил ва одамони масунияти баданашон суст, бештар аз ин намуди маризии нав азият кашиданд. Аксари шифоёфтагон бо иродаи қавӣ дар баробари бемориҳои музминдоштаашон аз маризии нав раҳоӣ ёфтанд.
Фирӯза Басирова ҳоло аз бепарвоии бархе аз шаҳрвандон, ки беэҳтиётӣ менамоянд изҳори нигаронӣ намуд.
- COVID-19 тамоми ҷаҳонро фарогир аст ва то ҳанӯз ба пуррагӣ аз байн рафтани он дар ягон кишвари дунё ба қайд гирифта нашудааст. Баръакс, сар задани ба истилоҳ «мавҷи дуюм» - и он иддае аз давлатҳои сайёраро нигарон кардааст. Ҳамон амалҳои эҳтиётии эмин мондан аз ин бемориро, ки аз ҷониби коршиносон санҷида шудааст, ба мисоли риояи тозагӣ, тез – тез шустани дастҳо, пӯшидани ниқоб ва нигоҳ доштани фосила дар ҷойҳои серодам, мутаассифона, аз ҷониби аҳолӣ аҳамият дода намешавад.
Рӯҳи солим – тани солим мегӯянд. Албатта, дар баробари баланд бардоштани масунияти бадан ва риояи қоидаҳои беҳдошт аҳолиро зарур аст, ки рӯҳияи худро солим нигоҳ доранд. Тарс, таҳлука ва ноумедиро аз худ дур созанд, - хулоса мекунад табиб.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО