Аз насли Сино
Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии тиббии № 2 ба номи академик К. Тоҷиев», МД «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ», МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» аз пойгоҳҳои клиникии кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маҳсуб ёфта, дар шаҳрчаи тиббии шаҳри Душанбе ҷойгиранд. «Маркази тибби халқӣ» низ дар гӯшаи шаҳраки табибон бо усулҳои анъанавии гиёҳдармонӣ табобати маризонро ба роҳ мондааст.
Қисми даромадгоҳи шаҳрчаро бинои Маркази шаҳрии тиббии № 2 ба номи академик К. Тоҷиев фаро гирифтааст, ки аз 7 шуъба иборат буда, дар рушди илми колопроктология дастовардҳои назаррасро дорост.
Дар шуъбаи ташхису машварат тамоми шароит муҳайёсту табибони гӯшу гулу ва бинӣ, амрози занона ва дандонпизишк пайи муолиҷаи беморонанд. Дар ҳуҷраҳо дастгоҳҳои муосири соҳаи тандурустӣ, ба мисли томографияи компютерӣ ва рентгени рақамӣ, ултрасадои умумӣ ва занона мавҷуд буда, ҳамчунин, дар ҳуҷраҳои патогистология, физиотерапия ва даруннигарӣ ташхиси босифати беморон роҳандозӣ мегардад.
Дар ҳуҷраи патогистология баъди ҷарроҳии беморон ба омӯзиши узвҳои корношоями инсон мепардозанд. Ҳар қабати узви беморро муоина ва таҳқиқ намуда, хулосаи зарурӣ медиҳанд, ки бемор минбаъд ба чӣ тартиб муолиҷаро ба роҳ монад. Дар ҳуҷраи даруннигарӣ тавассути дастгоҳи гастроскоп қабат ва пардаҳои луобии сурхной ва меъда ташхис карда мешаванд.
Вижагии марказ дар он аст, ки ҷарроҳии узвҳои репродуктивӣ ва рӯдаи рости занон аз ҷониби бонувони табиб ба роҳ монда мешавад, ки онҳоро колопроктолог мегӯянд. Ба камбуди чунин мутахассисон солҳои зиёд ин мушкил арзи вуҷуд дошт. Ҷарроҳиҳое, ки аз ҷониби табибони мард ба роҳ монда мешуд, боиси нигаронии оилаҳо мегардид. Аз ҳисоби занон ёварони ҷарроҳон низ зиёд мебошанд. Ин мушкил имрӯз то андозае ҳалли худро ёфтааст ва мардҳои хонадон аз чунин тарзи хизматрасонӣ қаноатманданд. Чор нафар бонуи ҷарроҳ - колопроктолог Нигина Даминова, Парвина Музаффарова, Раъно Қаҳҳорова ва Силсила Расулова дар ин марказ фаъолият менамоянд. Хушбахтона, боз се бонуи дигар дар ин самт омодагӣ мебинад.
Парвина Музаффарова дар ин пеша собиқаи 17 - солаи корӣ дорад. Вай ҳар ҳафта 5 -7 амали ҷарроҳии рӯдаи ғафс ва рост, бавосир, берун омадани узвҳои дарунии зан, тарқиши чатан ва ғайра мегузаронад. Ҳар 5 сол ҳамроҳ бо дигар бонувони ҷарроҳ озими шаҳри Москва гардида, аз курси такмили ихтисос мегузарад. Дар ин миён ҳамасола дар конфронсҳои илмии байналмилалӣ ширкат варзида, маърӯзаву гузоришҳои илмии хешро миёни ҳамкасбонаш аз дигар кишварҳо муаррифӣ менамояд. Алҳол, дар мавзӯи «Норасоии ҳалқамушаки намуди омехта» рӯи рисолаи номзадиаш кор карда, тасмим дорад, ки дар фурсати наздиктарин онро ҳимоя намояд. Ташхиси рӯдаи ғафс ва ростро тариқи таҷҳизоти махсусе бо номи колоноскопия ба роҳ мемонад, ки нозукиҳои корро дар ин самт аз устод Бахтиёр Ҷумъабоев омӯхтааст.
- Ҳангоми таваллуд бо сабаби бузург будани ҷисми тифл метавонад тарқиши чатан то рӯдаи рост (дараҷаҳои 1 - 4) ба вуқӯъ ояд, ки ҳатман онро ҷарроҳӣ мебояд. Аксаран бонувон фосилаи байни таваллудро, ки на кам аз 2 -3 сол аст, риоя намекунанд. Баъди таваллуди тифли дуюм, сеюм ва ғайра чунин бонувон камхун шуда, чандирии ҳалқамушаки рӯдаи рост заиф мегардад. Дар натиҷа пешоб, бод ва наҷосатро нигоҳ дошта наметавонанд, бахусус ҳангоми сулфа ва ё атсазанӣ. Аз беэътиноӣ ин бемориҳо куҳна гашта, табобат низ мушкил мегардад. Ғайр аз ин, дар ҳаёти шахсӣ низ мушкилиҳои зиёдеро аз пай дорад, - мегӯяд Парвинабону.
Ба гуфти Силсила Расулова, аспиранти кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, тибқи омор беш аз 90 дарсад занон бо чунин мушкилиҳо кам ё беш дучор меоянд. Силсилабону дар мавзӯи «Муносибгардонии усули ҷарроҳӣ ва табобати тарқиши чатан ҳамроҳ бо оризаи рӯдаи рост» рисолаи номзадиро ба наздикӣ ҳимоя карданист. Ӯ бо Парвина Музаффарова таҳти роҳбарии устод Ҷиёнхон Муҳаббатов рӯи мавзӯи «Беҳтар кардани сифати ҷарроҳӣ» дар ин самт кори илмӣ бурда, аз 24 то 30 фоиз оризаҳои ҷарроҳиро то ба 6 фоиз расондаанд.
Соли 2019 дар форуми байналмилалии бонувони ихтироъкор ва навовар дар соҳаҳои тиб ва техника дар Ҷумҳурии Корея миёни 64 кишвари ҷаҳон бо гирифтани ҷойи дувум ва медали биринҷии ин ҳамоиши ҷаҳонӣ сазовор гаштаанд. Бо чунин дастоварди назаррас ин ду бону соҳиби ду патенти бузург – ҳам Авруосиё ва ҳам Ҷумҳурии Кореяро ба даст оварданд.
- Вақте дар дигар давлатҳо бо маърӯзаҳои илмӣ сухан меронем, хориҷиён ангушти ҳайрат мегазанд, ки бонувони тоҷик дар радифи корҳои илмиву фаъолияти касбӣ оила барпо менамоянд, фарзандонро ба воя мерасонанду тарбия мекунанд ва ҳам дар хонаводаи шавҳар бо хусуру хушдоман ба сар мебаранд, - мегӯяд Силсилабону.
Ин бонувони корозмуда, ҳамчунин, ба донишҷӯёне, ки аз хориҷи мамлакат барои таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон меоянд, бо забони англисӣ аз нозукиҳои соҳа дарс мегӯянд. Дар конфронсҳои байналмилалӣ маърӯзаву корҳои илмиро низ бо ин забон озодона баён медоранд.
Парвина дар баробари ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумӣ будан, раиси занони маркази тиббии мазкур аст ва дар ин самт бо бонувон, ки шумораашон беш аз 100 нафар аст, фаъолият мебарад. Наздики 40 фоиз табибон, 95 дарсади кормандони миёнаи тиббӣ ва 100 фоиз тозанигорони муассиса бонувон мебошанд. Дар самти ҷарроҳӣ бонувони муассиса 20 фоизро ташкил медиҳанд.
- Аз давлатҳои Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва ғайра бонувон аз хизматрасонии мо баҳравар мегарданд. Арзиши хизматрасонии мо назар ба дигар кишварҳо нисбатан арзон аст. Мутобиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти № 600 ҷарроҳии ғуфравӣ (дохили шикам) аз 700 сомонӣ ва ғайриғуфравӣ (маҳбал, рӯдаи рост) аз 530 сомонӣ шурӯъ мешавад, ки дар рафти муолиҷа беморон бо ғизо ва дору таъмин мегарданд. Нафароне, ки ба гурӯҳи имтиёзнок дохил мешаванд, аз хизматрасонии ройгон бархӯрдоранд, - иброз дошт Силсилабону.
Бо роҳбарии сардухтури марказ Масъудҷон Абдуллозода ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ таҷҳизоти муосир мунтазам ба муассиса ворид мегарданд.
- Ба наздикӣ дар марказ дастгоҳе бо номи колоногидротерапия таҷҳизонида шуд, ки қабзияти музмин, дамиши шикам ва ҳар гуна омосҳои рӯдаҳоро метавон бо он шуста, табобат кард. Ин дастгоҳ обро покиза намуда, ҳарорати онро муътадил мегардонад ва аз худ дору ихроҷ месозад. Бонувони ҷарроҳ аз чунин навгонию пешрафтҳо дар рушди илми колопроктология дар кишвар хушнуданд ва беҳтар намудани сифати ҷарроҳиро дар ин самт шиори хеш медонанд, - афзуд Парвина Музаффарова.
Ситора ашӯрова