«Духтур бояд дар ягон ҳолат аз бемор ҳазар накунад», - изҳор дошт Сабзина Асанбекова, яке аз пизишкони беморхонаи вилоятӣ дар Хоруғ, ки дар сафи пеши мубориза бо вируси нави COVID - 19 қарор доранд.
Пизишкони тоҷик бо сарбаландӣ собит сохтанд, ки дар мубориза бо бемориҳои гуногун, аз ҷумла таҳдидҳои табиии биологӣ, назири вируси нави COVID - 19 аз лиҳози касбӣ ва имконоти фаннӣ омодаанд.
Тадбирҳои сари вақт андешидаи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии пизишкони ҳозиқу кордон боис гардиданд, ки ҳолатҳои сироятёбии сокинони кишвар бо вируси нави тоҷдор камтар бошанд.
Сабзина Асанбекова, мудири шуъбаи бемориҳои дарунии шифохонаи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ, аз зумраи пизишкони касбӣ дар давраи аз рӯзи расман эълон шудани хуруҷи коронавирус дар кишвар сифату хислатҳои ботинии фаъолияти ҳамарӯзаашон ба мисли эҳсоси баланди масъулияти касбӣ, донишу таҷриба, кордонӣ, тозакорӣ, бодиққат ва меҳрубону ғамхор будан дар муошират ва муносибат бо мизоҷон боз ҳам бештар зоҳир гардиданд.
Пизишкони бемористони вилоятӣ ба 1114 нафар ашхосе, ки бо нишонаҳои бемории вируси нави тоҷдор бистарӣ гардиданд, шифо бахшиданд. Бо одамони зиёде, ки дар минтақаи карантини беморхонаи вилоятӣ ба табобат фаро гирифта шуда, аз панҷаи беморӣ раҳо ёфтанд, ҳамсуҳбат шудам. Онҳо бо сипос ва самимият пизишкони зиёдро ном мебурданд: «доктор Суруш», «доктор Малик», «доктор Кошиф», «доктор Нуринисо», «доктор Меҳринисо», вале дар ин байн номи доктор Сабзина бештар вирди забонҳо буд.
Нақли ҷавонзане аз Хоруғ, ки дар саҳни беморхона пас аз табобат гирифтанаш дучор омадам, касро мутаассир месозад. Ин ҷавонзан, ки ба иллати аз сар гузарондаи мусибат, овардани исмаш ҷоиз нест, муддате дар хонаи бародараш дар Душанбе зиндагӣ доштааст. Дар ин вақт додари азизаш аз муҳоҷират баргашту хоҳари аз дидорбиниаш шод тасмим гирифт, ки зуд ба Хоруғ баргардад. Ҳавои гарм аз як тараф, аз сӯи дигар хабарҳои воҳимаангез аз паҳншавии вируси нав ва наздик шудани мавҷи ин бемории ношинос ба Тоҷикистон ӯро ба ин тасмим водор сохтанду мехост, ки ҳар чи тезтар дар хонаи худ бошад. Вақте ба Хоруғ расид, аз воситаҳо ахбор шунид, ки хуруҷи бемории коронавирус расман эълон ва роҳҳо банд шуданд. Дар ин асно бародар ба воситаи телефон ба хоҳар хабар дод, ки додараш ногаҳон бемор шуду ӯро ба бемористон бурданд. Намедонист, ки аз таъсири ин хабар ва ё беморӣ бошад, ки сараш чарх заду бемадор шуд. Наздикон ёрии тиббии таъҷилӣ даъват намуданду ӯро ба беморхона бурданд.
- Вақте чашм кушодам, худро дар палатаи махсус дидам. Дар рӯ ба рӯям бо риояи фосилаи муайян доктор Сабзина менишаст. Ӯ чун ҳамеша ботамкину меҳрубон, маро дилбардорӣ дода гуфт, ки ҳамааш хуб мешавад, нишонаҳои бемории ман табобатшавандаанд ва ташвишу изтироб накашам. Доктор Сабзина аллакай медонист, ки додарам дар Душанбе бо нишонаҳои сирояти вируси нав бистарӣ шудаасту аҳволаш хеле вазнин аст ва бар пояи ташхис худам низ, бо эҳтимоли зиёд вақти мулоқот бо додарамон бо ин вирус сироят шудам. Вале аз ман ҳазар накард ва ҳамеша чун хоҳари меҳрубон дар паҳлуям буду самимона маро муроқибат мекард. Ба ҳар сухан ва дархост гӯш дода доруву ғизо мерасонд. Беморӣ ва фоҷиаи ба сари мо омадаро аз ман пинҳон дошт, ба чеҳраи кушод ва оромаш нигоҳ мекардаму бовариам ба шифо ёфтан меафзуд.
Пас аз табобат ва шифо ёфтан ба шарофати табибони ҳозиқи бемористон ҷавоб шудам. Дар чашми наздиконе, ки маро истиқбол карданд, ашк чарх мезад ва ман инро ашки шодӣ аз шифо ёфтани худ ва додарчаам медонистам. Вале афсӯс, ки дар баробари ашки шодӣ аз шифо ёфтанам, он ашки ғаму андуҳ ва ҳасрат аз марги додарчаи ҷавонмаргамон будааст. Тавре дар хона гуфтанд, кӯшишҳои зиёди табибон барои муолиҷаи додарчаамон натиҷа надоданду ӯ фавтидааст. Ба пизишкон муяссар шудааст, бо заҳмати зиёд бародар ва зану фарзандонашро, ки низ ба бемории вируси нави тоҷдор сироят шудаанд, ба табобат фаро гирифта, шифо бахшанд ва аз онҳо миннатдорам, - гуфт ҷавонзан ва ба ёди додараш ашк бари рӯяш ғел хӯрд.
- Ман намедонистам, ки бо вируси нав сироят мешавам. Ҳангоми тамошои барномаи телевизионии Россия суханони як пизишк маро мутаассир сохтанд, ки гуфт: «Ҳангоме ки ҳатто кӯдаки бемор ба ёрӣ ниёз дораду медонӣ, ки COVID - 19 дорад ва наметавонӣ ба ӯ наздик шавӣ, ин хеле дарднок аст. Аз беэҳтиётӣ ба ин беморӣ гирифтор шудаму чун маро ба ҳуҷраи махсуси карантин дар беморхонаи вилоятӣ ҷой доданд, фикр кардам, ки духтурон аз дур ва аз даричаҳо нигоҳ хоҳанд кард. Вале дар давраи табобат бегонагиро эҳсос накардем ва бештари духтурон бо риояи фосилаи муайян ҳам бошад, ҳамдаму ҳамрози мо буданд, - гуфт шифоёфтаи дигар аз ноҳияи Шуғнон.
Ба маълумоти мудирияти шифохонаи вилоятӣ доктор Сабзина рӯзҳои аз ҳама бештарро дар минтақаи хавфноки карантин бо беморон гузарондааст ва ин бесабаб нест. Зеро ӯ таҷрибаи 20 - солаи касбӣ дошта, агарчӣ пизишкони тахассуси гуногун баробар дар пешгирӣ ва табобати вируси нав саҳм доранд, вале чун табиби варзида ва боэътимоди соҳаи бемориҳои дарунӣ ба донишу таҷрибааш дар ин ҷо ниёзи шадид аст.
Доктор Сабзина ду давр шабонарӯзӣ дар минтақаи карантин фаъолият дошту тӯли қариб як моҳ фарзандон аз наздик модари мушфиқу меҳрубонашонро надида буданд. Танҳо тавассути садо ва тасвири телефонӣ аз аҳволи ҳамдигар бохабар мешуданд. Хушбахтона, падар, соҳибкори хурд, аз уҳдаи саришта намудани се фарзанди мактабхон баромад. Вале ҷойи ғизоҳои лазизи модарро дар ин давра бештар макарон, тухмбирёну донаҳои бирён, ҳасиб гирифтанду бо эҳсоси ин камбудӣ падар тасмим гирифт, ки ба хотири фарзандон ва эҳтиром ба завҷаи меҳрубон ва касбу корашон ҳунари пазандагиро меомӯзаду шояд ҳатто дар барномаи телевизионии «Лаззат» ҳам ширкат варзад.
Табибони беморхонаи вилоятӣ ва шифоёфтагон мегӯянд, ки аз ёриҳои расидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сокинони шаҳр сипосгузоранд. Ба мақсади пешгирӣ аз сирояти тоҷвирус ва муолиҷаи саривақтии беморон, ҳавасмандгардонии табибон ва дигар кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ аз номи Пешвои миллат корвони иборат аз 45 мошини пурбор бо маводи ғизо дар ҳаҷми 500 тонна, иборат аз орд, биринҷ, равған, шакар, макарон, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар намудҳои хӯрока ба маблағи умумии се миллион сомонӣ ва зиёда аз 50 намуди дорувории зарурӣ, либоси тиббӣ ва муҳофизатӣ, ниқоб, дастпӯшак, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ, воситаҳои техникӣ ба маблағи ду миллион сомонӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ва ниёзмандон дастрас гардиданд.
Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ низ барои табибон ва муассисаҳои тандурустӣ либоси махсус, хлор ва дигар муҳимоти зидди паҳншавии коронавирус мадад намуданд. Сокинони маҳаллаҳои шаҳр дар давраи буҳронии хуруҷи вируси нав таъмини беморон ва пизишкони шифохонаро дар се вақт бо хӯроки гарм ба уҳда гирифта, волонтёрон ғизоро сари вақт мерасонданд.
- Омода будани пизишкон ва шаҳрвандон ба ҷилавгирӣ ва мубориза бо таҳдиди нав ба саломатии одамон, ки натиҷаи тадбирҳои саривақтии андешидаи Ҳукумати кишвар дар ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, омили асосии пирӯзӣ бар COVID-19 гардиданд, - баён медорад С. Асанбекова.
Сабзина муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намуд, дари ихтисосҳои зиёд барояш кушода буд. Вале ӯ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро интихоб намуд. Ин даврае буд, ки пизишкон музди хеле кам мегирифтанду на ҳама духтур шудан мехост.
- Дар Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб ба ҳамкоронатон чӣ таманно доред? - мепурсам аз ҳамсуҳбатам.
- Духтур бояд дили гарму дастони тоза дошта бошад, зеро одамон, бахусус беморон, бо умед ва эҳтирому боварӣ ба ашхоси хилъати сафедпӯш менигаранду бовар дорам посбонони саломатии сокинони кишвари азизамон ба ин эътимод сазоворанд. Ба ҳама саломатии бардавом ва хушбахтӣ таманно менамоям.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
шаҳри Хоруғ