чӣ тавр бар зидди COVID - 19 мубориза бурд?
Бовар накардам
Шунидам, ки муовини аввали раҳбар - сартабиби ҶДММ «Осоишгоҳи Баҳористон» - и шаҳри Гулистон Гулнора Ғафурова рӯзҳои шанбе дар дармонгоҳи деҳоти Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навбатдорӣ мекардааст ва занону духтарони бисёре ба қабулаш меомадаанд, ростӣ, бовар накардам.
Аз 27-уми апрел то 1-уми июни соли равон осоишгоҳ бинобар пайдоиши бемории COVID - 19 баста шуд ва Гулнора Холматовна боз ҳам ба ёрии табибони дармонгоҳи ин деҳот, ҳамчун пизишки мушовир дар ҳайати чорнафара ба хонаҳои беморон рафта, ба табобат машғул шудааст. Раҳбари осоишгоҳ ҳам гуфтааст, ки ҳар моҳ даҳ баробари ҳамон музди якрӯзаи навбатдорӣ дар дармонгоҳи деҳот маошатро медиҳам, аммо рӯзҳои шанбе дар осоишгоҳ бимон, қабул накардааст. Инро ҳам дур аз ҳақиқат донистам.
Дар ҳузури ман як марди дамгирандаи 62-соларо, ки аз вилояти Хатлон омада будааст ва мехостааст, ки зудтар сутунмуҳраи ӯро ба воситаи Детокс - ваннаи кашандаи зериобӣ, ки алҳол дар ҷумҳурӣ ягона аст, табобат кунанд.
Табиб бо забони шевои тоҷикӣ мефаҳмонд, ки барои гирифтани ин намуди табобат аввал саломатии ӯро ҳаматарафа ташхис кардан лозим, ки ба ин муолиҷа тоб оварда метавонад, ё на. Зеро таваккалӣ ин ё он табобатро анҷом додан шояд натиҷаи баръакс диҳад. Хулоса, беморро бовар кунонд, ки агар натиҷаҳои ташхис мусоид бошанд, ҳатман ӯро ба воситаи ин дастгоҳи нав табобат хоҳанд кард. Мард розӣ аз ҳуҷра берун шуд…
Баъди қабулу гусели чанд каси дигар Гулнора бо узрхоҳӣ ба ман рӯй овард: «Бубахшед, ки интизорӣ кашидед.» Боке нест, - вақти мо бисёр аст» гуфтам ва якбора шубҳаҳоямро баён доштам.
Ҳамааш рост будааст
- Дилбастагии ман ба дармонгоҳи деҳоти Холматов сабаб дорад, - бо андак хиҷолат посух дод сартабиб Гулнора Ғафурова. – Баъди хатми собиқ филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, маро мувофиқи тақсимот ба дармонгоҳи ҳамин деҳот ҳамчун акушер - гинеколог, яъне табиби амрози занона фиристонданд. Баъди 1 сол мудири дармонгоҳ шудам ва 12 сол табобату роҳбарӣ кардам. Бо мардуми деҳа, хусусан, бо бонувон унс гирифтам, якеро модар, дигареро хоҳару дугона хондам, ғамшарику шодишарикашон шудам.
Соли 2011 осоишгоҳи «Баҳористон» кушода шуд ва маро ҳамчун пизишки амрози занона ба кор даъват карданд. Вақти гусел ҳамкоронам ва алалхусус, бонувони деот, ки мизоҷони доимиям буданд, ашк рехтанд ва ман ҳам худро дошта натавонистам. Ба онҳо ваъда додам, дар куҷое бошам, ҳафтае як бор ба деҳа меояму шуморо табобат мекунам. Дар 5 соли фаъолият дар «Баҳористон» ва инак, чор соли сартабибӣ ваъдахилофӣ накардаам. Бовар кунед, ин кори иловагӣ ба хотири пул нест, духтурон медонанд, моҳе чор маротиба навбатдорӣ кардан чӣ қадар пул меистад. Ҳамроҳ шудан ба дастаи муборизони зидди COVID ҳам комилан ихтиёрӣ буд ва хостам дар рӯзҳои душвору сахт дар паҳлуи ҳамкасбони деҳотиям бошам. Ҳатто ҳампешаҳоям намехостанд, ки ман ба дастаи зидди COVID ҳамроҳ шавам. Мабодо аз ин касалӣ сироят ёбед, овоза бисёр мешавад, ки сартабиби «Баҳористон»- и машҳур ба вирус мубтало шудааст», мегуфтанд. Аммо ман ба гапам истодам. Воқеан, аз ҳамон дастаи чорнафараи мо, се нафар аз вируси корона сироят ёфт, вале онҳо, хушбахтона, зуд табобат гирифта, сиҳату саломат монданд.
Роҳбари ҷӯянда
Гулнора Ғафурова баъди соли 2016 муовини аввали директор – сартабиби осоишгоҳи «Баҳористон» таъйин шуданаш тамоми донишу малакаи пизишкӣ ва таҷрибаи роҳбарияшро барои дар сатҳи баланд ташкил кардани кори ташхисию табобатӣ равона намуд. Дар як муддати кӯтоҳ тавонист 100 нафар беҳтарин корманди тибро, ки 18 нафараш пизишк мебошад, дар ҷомеаи аҳл ба ҳам оварад ва бо истифода аз навтарин дастовардҳои илми тиб ононро ба хидмати мизоҷон омода созад.
- Ҳар сол дар мавсими тобистон беш аз ҳазор нафар ниёзмандон аз дохил ва хориҷи кишвар дар «Баҳористон» дам гирифта, саломатияшонро мустаҳкам мекарданд, - мегӯяд ӯ. – Афсӯс, ки бо сабаби пандемияи COVID - 19 мо низ ба таътили маҷбурӣ баромадем. Танҳо аз 1-уми июн дубора ба фаъолият пардохтем. Табиист, ки беш аз нисфи мизоҷони худ, хусусан, аз хориҷи кишварро аз даст додем. Бисёр шартномаҳои хуби робита бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо асабшиносони Москва ва ташхисгарони Тошканд имзо карда будем, бинобар баста шудани марзҳо, аз амал мондаанд. Аммо дунё ба умед, мо барои ҷалби бештари мизоҷон тамоми тадбирҳоро андешида истодаем. Махсусан, дастгоҳу таҷҳизоти навтарини ташхису табобатро харидаем, ки дар кишвари мо монанд надоранд.
«Баҳористон» туфайли раҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тақрибан дар ҳар сафари худ ба вилояти Суғд ба «Баҳористон» меоянд, ба як гӯшаи биҳишт дар соҳили «Баҳри тоҷик» табдил ёфтааст.
Марҳилаи табобатӣ 10 рӯз аст ва мо ба мизоҷон барномаҳои махсуси табобатии зеринро пешниҳод мекунем: «Дили солим» – системаи гардиши хун, «Нафаси озод» – узвҳои нафаскашӣ, «Асабҳои ором» – системаи асаб, «Меъдаи солим» – узвҳои ҳозима, «Оилаи хушбахт» – узвҳои таносул, «Роҳгардии хушхиром» – системаи мушаку устухон, «Зиндагии хуш» – системаи шоша, «Табъи хуш» – системаи эндокринӣ, ҳозима. Инчунин барномаи санаторию курортии «Истироҳати курортӣ» барои то 6 рӯз барои калонсолон ва «Кӯдакии хушбахтона» барои хурдсолон дорем.
Духтури дараҷаи олӣ Гулнора Ғафурова, ки бо таҷрибаи пешқадами ташкили хидмати санаторию курортии ҷаҳон ошност, мехоҳад, ки мардуми мо ҳам пеш аз омадан ба осоишгоҳ корти пурраи тиббӣ дошта бошанд.
- Дар кишварҳои пешрафта корти саломатӣ мавҷуд аст, ки баробари шиносномаи шаҳрвандӣ ҳифз карда мешавад. Хуб мешуд, ки шаҳрвандони мо низ қабл аз омадан ба осоишгоҳҳо пешакӣ аз ташхиси пурраи тиббӣ гузашта, дарди худро аниқ намоянд ва бо корти тайёр биёянд. Он гоҳ як - ду рӯзи қимати худро сарфи ташхис накарда, якбора табобатро оғоз намоянд. Ин амал, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳост, - мегӯяд сартабиб.
Пеш аз ҳама –
пизишк, ҳамсар, модар
Тавре Гулнорабону мегӯяд, ӯ нахуст пизишк аст, табиби бонувон ва ҳеҷ гоҳ, бо вуҷуди серкорию ташвиши роҳбарӣ, аз кори амалии тиббӣ даст накашидааст. Худ, ки ҳамсару модари меҳрубони хонаводаи хушбахт аст, мехоҳад ҳамаи оилаҳо солиму бардам ва шоду хуррам бошанд.
Воқеан, шавҳари ӯ Абдурашид Ғафуров низ яке аз табибони машҳури вилояти Суғд аст ва дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд эҳёгар - анестезиолог мебошад. Се фарзанд доранд: Абдуҷалил - ҳуқуқшинос, соҳиби як духтар аст. Духтараш Рухшона Рашидӣ донишҷӯйи соли чаҳоруми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, ҷарроҳии пластикиро омӯхта истодааст. Писари хурдӣ Ҷовидон дар синфи 3-юми мактаби «Амид»- и шаҳри Хуҷанд мехонад ва орзуи ҳавонавард шуданро дар дил мепарварад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Гулистон