Дар вилояти Суғд мавҷи бемории COVID - 19 хеле паст шуд ва зиндагӣ тадриҷан ба маҷрои муқаррарии хеш бармегардад. Паҳншавии бемории нави сироятӣ имтиҳони ҷиддие буд барои ҳама: роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, масъулони соҳаҳои гуногун, махсусан, кормандони тандурустӣ. Аммо таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки хотирҷамъ набояд шуд, зеро эҳтимоли омадани мавҷи дувуми COVID-19 маҷуд аст.
Овозаи Рустам беҳ аз Рустам…
Як дӯстам, ки аз доми балои COVID -19 ҷон ба саломат бурд, зимни арзи сипос ба заҳмати табибон ривоятеро аз даврони бостон нақл кард: дар замони қавми Од, ки инсонҳои кӯҳпайкар будаанд, Рустами Дастон дар сояи дарахте меосудааст. Ногоҳ марди бузургҳайкали ҳаросону гурезон назди ӯ мерасад. Рустам дар муқоиса бо ӯ кӯдакеро мемонд дар назди пил. Рустам мепурсад, ки сабаби фирори девпайкар чист. Мегӯяд: «Магар нашнидаӣ, ки Рустами паҳлавон ба диёри мо омадааст ва ҳама аз тарси ӯ паноҳ меҷӯянд».
- Соли равон ҳам дар ҷаҳон бо овозаи бемории нави сироятии номаълум – COVID – 19, барангезандааш вируси корона будааст, - идома дод суханашро дӯсти хушсуханам. - Азбаски ҷаҳони имрӯз туфайли пешрафти василаҳои иртиботӣ, нақлиётӣ, иттилоотӣ мисли як деҳкада шудааст, ин вирус аз Чин дар як фурсати кӯтоҳ ба кулли кишварҳои ҷаҳон паҳн гардид. Қадами наҳсбораш ба кишвари мо ҳам расид ва аксариятро воҳимаю биму таҳлука фаро гирифт…
Ҳангома барбод рафт
Дар вилояти Суғд ҳам мисли дигар нуқоти кишвар ҳангома мардумро ба бозору дуконҳои орд ва дорухонаҳо кашонд. Растаи ордфурӯшии бозори машҳури «Панҷшанбе»- и Хуҷанд ба арсаи маҳшар табдил ёфт. Тоҷирон нархро дар чанд соат осмонӣ карданд. Мардум заруру нозарур дар навбатҳои тӯлонӣ истода, орд харида захира мекарданд. Нархи ҳазориспанду сирпиёз, ки маводи табиии зиддивирусӣ ҳисобида шуд, ба маротиб боло рафт.
Ҳарчанд пизишкони олам ҳанӯз доруи зидди ин бемориро пайдо накардаанд, мардум ба дорухонаҳо ҳуҷум карда бо салоҳдиди худ доруи бисёре харид мекарданд. Доруфурӯшон ҳам аз фурсат истифода бурда, нархро ба арш бардоштанд. Аммо, хушбахтона, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки намегузоранд дар кишвар касе гурусна монад. МИҲД - и вилояти Суғд бо ташкили ярмаркаҳои фурӯши орду дигар хӯрокворӣ, нишон додани анборҳои пур аз орду гандуми корхонаҳои истеҳсоли орд ба воситаи телевизон, тавонист беасос будани овозаю ҳангомаҳоро исбот намояд. Дар ин росто мақомоти дахлдор ҷилави доруфурӯшони ҳаннотро гирифтанд.
Тавре прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти матбуотӣ гуфт:
- Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави Covid-19 24 санади эътиноӣ бароварда, 88 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Инчунин, 48 ҳолати ба фурӯш баровардани 986 адад дорувории муҳлати истеъмолиаш гузашта ва 2869 адад бе сертификат ошкор ва аз муомилот гирифта, несту нобуд карда шудааст.
Воҳима
Расонаҳои хабарии дунё дар бораи сирояти бемисли бемории нав хабару наворҳои мудҳиш паҳн ва нотавонии ҳатто давлатҳои абарқудратро дар рӯёрӯй бо ин вабо нишон медоданд. Вақте ки дар бораи нахустин гирифторони бемории нав дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ки онро илтиҳоби дутарафаи шуш ҳам номиданд, хабар интишор шуд, воҳимаи мардум бештар гардид. Масъулони раёсати тандурустии вилоят барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти фаврии матбуотӣ ороста, хоҳиш карданд, ки дар инъикоси масъалаҳои марбут ба бемории нав мулоҳизакор бошанд, то мардум ба таҳлука наафтанд.
Иқрор шудан зарур аст, ки то расман эълон шудани пайдоиши COVID-19 дар бемористонҳои шаҳру ноҳияҳо омодагии ҷиддӣ мерафт. Нахуст ононеро, ки ба воситаи 17 гузаргоҳи марзӣ вориди вилоят мегардиданд, ба карантини 14 - рӯза фаро мегирифтанд. Дар беморхонаҳо ва шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ корҳои тайёрӣ ба қабули беморон анҷом дода мешуданд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд 4 госпитал: беморхонаи клиникавии вилоятӣ, таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи шаҳрии №2 ва беморхонаи сироятии шаҳрӣ ба қабул ва ташхису табобати беморони эҳтимолӣ махсус гардонда шуданд. Аввалҳо касе, ки каме ҳарорати баланд дошт ё сулфаи хушк мекард, ҳамоно барои бистарӣ шудан талош меварзид, ки дар натиҷа ин госпиталҳо пур шуданд ва аксари беморон шифо ёфтанд. Баъдан маълум шуд, ки дар шароити хона ҳам намуди сабуктари ин бемориро табобат кардан мумкин будааст ва оҳиста - оҳиста мардум бештар ин тарзи табобатро бо ёрии табибони оилавӣ интихоб карданд.
Табибони ҷоннисор
Корномаи пизишкону парасторон, ки барои наҷоти ҷони мардум ҷони худро дар хатар гузоштанд ва бархе ҳам онро аз даст доданд, дар сархати гузоришҳо қарор дорад. Шоирон дар васфи эшон шеър менависанду ҳофизон суруд мехонанд. Махсусан, дар аввалин рӯзҳои паҳншавии COVID-19, ки либосҳои муҳофизатӣ, таҷҳизоту дорувориҳои муосир камтар дастрас буданд, надоштани таҷрибаи кофӣ дар мубориза бо ин касалии номаълум кори онҳоро бамаротиб душвор гардонд. Онҳо дур аз аҳли хонавода, 14 шабонарӯз заҳмат мекашиданд ва боз 14 рӯзи дигар маҷбур буданд дар карантин монанд.
«Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии вилоят, дар навбати аввал, ба табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ, ки барои табобати беморон фидокорона заҳмат кашиданд, изҳори сипос менамоям», - гуфтанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд рӯзи 3 июли соли равон.
- Албатта, фидокорию ҷоннисории кормандони соҳа, ки дар хати пеши мубориза барои ҳифзи ҷони мардум аз ин вабо қарор доштанду доранд, сазовор қадршиносӣ хоҳанд шуд, - мегӯяд сардори раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода.
Таъминот
- Дар шаш моҳи соли 2020 аз ҳамаи сарчашмаҳо 99 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ харид ва дастрас шудааст, аз ҷумла аз буҷети маҳаллӣ 1,5 миллион сомонӣ, аз ёриҳои башардӯстона 1,3 миллион сомонӣ, - зикр кард Фаррух Мақсудзода.
Дар давраи мубориза бар зидди COVID-19 бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳамкорӣ бо ҶСШК «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» 10 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 8140 либоси махсуси муҳофизатии тиббӣ, 429 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ, 6200 қуттӣ дорувории гидросилхлорхинин, 99600 ниқоби тиббӣ ройгон ворид шудаанд.
Аз фонди хайриявии МИҲД-и вилоят 5000 либоси махсуси муҳофизатӣ ройгон гирифта шуд. Муассисаҳои тибби вилоят аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ ниқоби яккарата, либоси муҳофизатӣ, айнаку дастпӯшак, 3 дастгоҳи нафаси сунъӣ, ҳароратсанҷи фосилавӣ, доруворӣ гирифтанд. Соҳибкорони саховатманд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мардум низ дар ин мубориза духтуронро танҳо нагузоштанд.
Мушкили асосии соҳа
Дар вилоят 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонда ва 255 муассисаи хусусӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо 5276 табиб ва 17945 корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.Нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 19,5 ва бо кормандони миёна 66,4 нафар аст. Дар ҳамин ҳол, нишондоди таъминот бо табибон дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 10,5, Деваштич 10,7, Айнӣ 11,5, Мастчоҳ 11,8, Бобоҷон Ғафуров 12,6 ва Кӯҳистони Мастчоҳ 12 нафар мебошад, ки аз сатҳи миёнаи вилоят хеле паст аст. Дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Спитамен таъминот бо кормандони миёнаи тиб мутаносибан 41,2, 43,1 ва 43,2 нафарро ташкил медиҳад. Бо ин вуҷуд имсол дар ноҳияи Мастчоҳ филиали коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷандро бастанд.
Умуман, ба қавли сардори раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, муассисаҳои тиббӣ ба 802 нафар мутахассиси дорои маълумоти олӣ, аз ҷумла ба 326 нафар табиби оилавӣ, 58 нафар табиби наҷот ва беҳискунӣ, 28 нафар табиби ташхиси шуоӣ, 25 нафар табиби бемориҳои сироятӣ, 47 нафар табиби равонӣ ва нарколог ниёз доранд.
Дар соли таҳсили 2019 - 2020 ҳамагӣ 243 нафар хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва донишгоҳҳои тиббии хориҷи кишвар ба омӯзиши интернатура ва ординатураи клиникӣ фаро гирифта шуданд. Баъди ин омӯзиш 33 нафар мутахассиси ҷавон, аз ҷумла 5 нафар (15,1 %) бо ҷои корӣ таъмин карда шуд ва қабули онҳо тибқи роҳхати вазорат идома дорад. Фарз кардем, ки боз 50 - 70 нафар ба кор мегиранд, ҷамъ 100 нафар мешавад. Бо ин суръат ин мушкил дар 8 - 10 соли оянда шояд ҳал шавад. Инчунин, ба нафақа баромадани духтурон, ба Россия ва дигар кишварҳо даъват шудану рафтани пизишкони болаёқатро ба назар гирем, мушкил андар мушкил мешавад.
Коршиносон муътақиданд, ки роҳи ягона ва осони ҳалли ин мушкил, мисли охири солҳои 90 - уми асри гузашта дар Хуҷанд таъсис додани филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад. Оё дар вилоят барои анҷоми ин иқдом шароит ва имконият мавҷуд аст? Мувофиқи маълумот алҳол дар вилояти Суғд 75 нафар олими соҳаи тиб кору зиндагӣ мекунад, ки 5 нафар доктори илми тиб аст. Инчунин, дар Хуҷанд шуъбаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, маркази таълимӣ-табобатии «Тибби оилавӣ» - и вилоят, марказҳои байниноҳиявии тибби оилавии шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва Панҷакент амал мекунанд, ки заминаи хубе барои таъсиси филиали донишгоҳи тиббӣ шуда метавонанд. Таъсиси ин филиал метавонад аз шаҳру вилоятҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон ҳам ба тариқи шартномавӣ донишҷӯёни зиёдро ҷалб кунад.
Ҷӯёи СУғдӢ,
вилояти Суғд