Мукофоти амал
Имрӯз ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаву хонаҳо дар хизмати мардум қарор доранд. Онҳо ҳаёти хешро зери хатар гузошта, муқобили бемории сироятии COVID - 19 шабонарӯз фидокорона мубориза мебаранд. Онҳо ба хотири наҷоти одамон тамоми донишу қувва ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намуда истодаанд.
Дар ҳама давру замон кормандони соҳаи тиб ҳамеша эҳтироми хоссаро сазоворанд. Зеро онҳо бо чизи аз ҳама муҳим - ҳаёт ва саломатии инсон сару кор доранд. Ҳамширагӣ низ аз ҷумлаи он касбҳоест, ки на танҳо саводнокӣ ва масъулият, балки ҳисси ҳамдардӣ ва раҳмдилиро талаб мекунад.
Ҳамшираи шафқат ҳам як ҷузъи муҳим ва таркибии соҳаи тиб маҳсуб меёбад. Онҳо аксаран дар таъмини хизматрасонии тиббӣ барои беморон дар сафи пеш меистанд. Дар ҳоле, ки корҳояшон шояд назарнорас мемонанд, онҳо ёварони наздиктарини табибанд ва ёрии бевоситаро ба беморон дар вақти табобат маҳз онҳо мерасонанд.
Фарзона Талбиева аз зумраи ҳамшираҳои шафқатест, ки ҳини вабои навомада масъулияти ба дӯш доштаро бо сари баланд иҷро намуда истодааст.
Ӯ соли 1988 дар шаҳри Душанбе чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе таҳсил намуда, тахассуси кори момодоягиро соҳиб мегардад. Сарфи назар аз реҷаи сангини кор ӯ ҳамеша чеҳрааш кушода асту ба оянда некбин.
- Ҳанӯз аз овони наврасӣ дар дил орзуи ҳамшираи шафқат шуданро мепарваридам. Ба ин апаам Зарина, ки ҳамшираи тиб аст, сабаб гардид. Аз хурдсолӣ бо ҳамсолонам аз шохчаҳои дарахту қалам сӯзандору месохтаму лӯхтакчаву дугонаҳоямро табобат мекардам. Бо гузашти айём бузург шудему дугонаҳоям «духтурбозӣ» – и худро дар кӯдакӣ монданд. Ман он бозии кӯдакиамро касби хеш интихоб намудам. Рӯзи ҳамшираи шафқат доираи васеи вазифаҳоро дар бар мегирад. Қисми зиёди мардуми минтақаи кориям маро мешиносанд. Азбаски ман дар он ҷо зиндагӣ мекунам, онҳо метавонанд ҳатто шабона биёянд. Аъзои оила баъзан эътироз мекунанд, вале хизмат ба мардум ба ман писанд аст. Охир ёрӣ расондан ба одамон, меҳрубонӣ, шафқат ва раҳмдилӣ вазифаи асосии касби мост, - мегӯяд Фарзона.
Ӯ дар маркази саломатии «Сарикиштии Поён»- и Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси ҳамшираи шафқат фаъолият менамояд. Масъулиятнокӣ, кордонӣ ва садоқаташ ба кор боис гардид, ки солест мудирии бунгоҳи саломатиро низ ба зиммааш вогузор намудаанд.
- Дар соҳаи тандурустӣ нақши дуюмдараҷа ва ё начандон муҳим вуҷуд надорад. Мубориза барои ҳаёт ва саломатии инсон аз ҳар мутахассис вобаста аст ва дар бештари маврид ин муваффақият аз кормандони миёнаи тиб алоқамандӣ дорад. Ягон пизишк, ҳатто мутахассиси дараҷаи олӣ наметавонад бидуни ёвари боэътимод, кори худро хуб анҷом бидиҳад. Кори ҳамшираи шафқат дар пасманзари фаъолияти густурдаи табиб шояд дар назари аввал на он қадар намоён бошад, вале дар асл кори ниҳоят сангин ва масъулиятталаб буда, сазовори эътирофу эҳтиром аст, - мегӯяд сартабиби маркази саломатии «Сарикиштии Поён» Фирӯз Табаров.
Нигоҳубини ҳамаҷонибаи беморон, тартиби гуногуни гузарондани ташхис ва реҷаи табобатӣ - ҳама бар дӯши нозуки ҳамшираи тиб мебошад. Ин пеша башардӯстиву меҳрубонӣ, сабру садоқати бештарро тақозо менамояд. Одатан ҳамшираҳо одамони хоксоранд. Ҳамшираи воқеӣ фариштаест ва дар ин баробар масъулиятшинос.
- Дар бунгоҳ бо ман ҳамшираҳои ботаҷриба, устодам Сарварой Қосимова ва Саломат Авазова кор мекунанд. Ман аз онҳо нозукиҳои кори ҳамширагиро омӯхтаам. Дар ҳудуди минтақаи хеш ба 3 ҳазор нафар аҳолӣ хизматрасонии тиббиро амалӣ менамоем, - мегӯяд Фарзона.
- Тайи солҳое, ки Фарзона бо мо кор мекунад, худро ҳамчун корманди масъулиятшинос, уҳдабаро ва заҳматталаб муаррифӣ намудааст. Бонуи ҳалиму меҳрубон аст. Ба кори худ муносибати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Бемороне, ки аз табобату нигоҳубини ӯ бархӯрдор гаштаанд, изҳори сипос ва ризоият баён месозанд, ки бароямон ифтихор аст. Таҳияи ҳисоботи оморӣ ва ҳуҷҷатгузории бунгоҳ намунаи хуби коргузории ӯст, ки дигар ҳамкасбон аз ӯ меомӯзанд, – мегӯяд сартабиб Ф. Табаров.
Дар давоми солҳои корияш ӯ курси табиби оилавиро низ хатм намуд. Тавре ҳамкорон иброз медоранд, донистани ному насаби ҳар як бемор, чӣ пиру чӣ барно, боз ҳам аз ҳушёриву зиракӣ ва масъулиятшиносии Фарзона гувоҳӣ медиҳад.
- Фарзона ҳамшираи дилёбу ширинзабон аст. Тавре мегӯянд, бо як дидани чеҳраи кушоду табассуми ширинаш беморон аллакай худро солим ҳис мекунанд. Давоми фаъолияташ собит намуд, ки ба касби хеш содиқ буда, ҳамеша дар пайи худомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷаҳд мекунад, - мегӯяд Нурулло Сафаров, духтури оилавии маркази саломатии мазкур.
- Пас аз ташхис муайян гардид, ки ба илтиҳоби дутарафаи шуш гирифтор шудаам. Ҳарчанд духтурон бистарӣ шуданамро тавсия доданд, розӣ нашудам. Доруву дармон гирифта ба хона баргаштам. Бо ҳолати вазнин, шубҳа дар дил ба Фарзона занг задаму аз хулосаи ташхисам огоҳаш намудам. «Ҳозир ба наздатон меоям, холаҷон», - гуфту чанде пас расида омад. Бо диданаш хурсанд шудам, зеро пас аз паҳн гардидани бемории COVID - 19 дар Тоҷикистон аз шахсони ба илтиҳоби шуш гирифторшуда бисёриҳо дурӣ меҷустанд.
Фарзона ба ман ва ҳамзамон ба дигар беморон низ сӯзандору мегузаронду дору мечаконд. Ҳар рӯз се маротиба ба аёдатам меомад. Бо доруву дармон ва суҳбатҳои гарм маро болида медошт ва тарсу ҳаяҷонро аз ман дур месохт, - мегӯяд бону Зарина Ғиёсова.
Фарзона соҳиби ду духтараки дӯстрӯ - Сумая ва Оиша мебошад. Тавре ӯ мегӯяд, ягон кори ғайриодӣ накардааст, танҳо рисолати ба дӯш доштаашро ба сомон мерасонад. Мардуми маҳаллаи «Завод» ва «Бӯрёбоф» ҳамеша дар ҳаққи ӯ ва фарзандонаш дуои нек мекунанду дӯсташ медоранд ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Зеро ӯ воқеан ҳам арзандаи эҳтиром аст.
Тавре Фарзона Талбиева ироа медорад, мукофоти асосӣ барои ҳамшираи шафқат дидани бемори табобатёфта мебошад.
сабрина сафар,
ноҳияи Рӯдакӣ