Тадбирҳои сари вақт андешидаи роҳбарияти давлати Тоӌикистон дар робита бо ӌилавгирӣ аз паҳншавии вируси нави COVID - 19 имкон доданд, ки ӌомеа аз лиҳози равонӣ ва имконоти беҳдоштиву иқтисодӣ ва иӌтимоӣ ба таҳдидҳои ин вабо омода бошад.
Аз тарафи дигар, ба бовари олимони вирусшиноси тоӌик вируси нави тоӌдор дар ҳоле ба Тоӌикистон расид, ки дар роҳи ҳаракат тағйироти генетикӣ аз сар гузаронда, «ӌаҳолати камтар» дошт. Амалӣ шудани чораҳои пешгирии саривақтиву муассир ва омилҳои табиӣ боис шуданд, ки ҳолатҳои сироятёбии одамон бо вируси нав дар кишвар камтар бошад. Коршиносони дохилу хориӌ дар баробари ин тадобир, ки сабаби муваффақ шудан дар мубориза бо вируси нав гардиданд, дастӌамъиро омили пирӯзӣ бар пандемия дар Тоӌикистон арзёбӣ менамоянд.
Дар оғози хуруӌи бемории нав нахуст кумакҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расиданд.
Ба мақсади пешгирӣ аз сироят ва муолиӌаи саривақтии беморон, ҳавасмандгардонии табибон ва дигар кормандони соҳаҳои иӌтимоӣ 15 - уми майи соли равон аз номи Пешвои миллат корвони иборат аз 45 мошини пурбор вориди вилоят гардид. Ин ёрии бесобиқаи хайриявиро, ки намунае аз ғамхориҳои беназири Сарвари давлат нисбат ба табибон ва беморон аст, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят намояндагони мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатӣ ва сокинон гарм истиқбол намуданд. Маводи ғизо дар ҳаӌми 500 тонна, иборат аз орд, биринӌ, равған, шакар, макарон, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар намудҳои хӯрока бо маблағи умумии 3 миллион сомонӣ ба ниёзмандон расонда шуд.
Тавассути корвон ба маблағи 2 миллион сомонӣ зиёда аз 50 намуди дорувории зарурӣ, сарулибоси тиббӣ ва муҳофизатӣ, ниқоб, дастпӯшак, моддаҳои безараргардонии зиддиуфунӣ, як мошини ёрии таъӌилӣ ва воситаҳои дигари техникӣ ба муассисоти тандурустии вилоят ворид шуда, маводи ғизо, доруворӣ ва воситаҳои техникӣ таҳти назорати Ситоди ӌумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID – 19) мақсаднок ва ба таври шаффоф тақсим гардиданд.
Қаблан бо супориши Президенти муҳтарами кишвар ба тамоми соҳаҳои иӌтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят иловатан 500 тонна ангишт ҳамчун ёрӣ ворид гашт.
Корхонаи ордбарорӣ, ки чанд сол пеш бо ҳидояти Сарвари давлат дар ноҳияи Шуғнон сохта шуд, тайи ин муддат фаъолияти муътадил дошта, дар танзими нархи орд нақши бориз дорад.
Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иӌтимоии аҳолии ӌумҳурӣ дар қатори дигар кумакҳо ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят доруворӣ, дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва ҳароратсанӌҳои фосилавӣ дастрас намуд. Маблағи умумии кумакҳо зиёда аз 330 ҳазор сомониро ташкил дод.
Табибоне, ки бевосита бо беморони сироятёфта ва ё ашхоси нишонаҳои беморӣ дошта, сару кор доранд, дастгирии маънавӣ меёбанд ва ҳар ҳафта барои истироҳат ба маҳали обҳои гарми Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим ва Ӌелондеҳи ноҳияи Шуғнон фиристода мешаванд.
Воридоти кумакпулии аҳолӣ, соҳибкорон ва кормандони идораву муасссисаҳо ба суратҳисоби махсуси бонкии мубориза алайҳи коронавирус наздик ба 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағҳо аз ин суратҳисоб барои муътадил нигоҳ доштани фаъолияти беморхонаи ноҳиявии Мурғоб, хариди сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои муассисаи ёрии таъӌилии тиббии шаҳри Хоруғ, маводи доруворӣ, ғизо ва либосҳои муҳофизатӣ барои беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъа ва беморхонаи муваққатӣ ӌудо гардиданд. Аз ин суратҳисоб барои пардохти музди меҳнати гурӯҳҳои иловагии пизишкон дар муассисаҳои ёрии таъӌилӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ маблағҳои муайян масраф гардиданд.
Ҳамкории судманди мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо шарикони рушд яке аз омилҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав арзёбӣ мешавад.Дар доираи ин ҳамкорӣ агентии Оғохон оид ба макони зист барои табибон ва муассисаҳои тандурустии вилоят либоси махсус, хлор ва дигар муҳимоти зидди паҳншавии короновирус дастрас намуд.Теъдоде аз либоси зиддисироятӣ бо фармоиши агентӣ дар корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар» - и ноҳияи Дарвоз омода шуданд.Чунин кумакҳо ва ташкили ташхиси ройгони томографӣ аз ӌониба ширкати «Помирэнерӌӣ» амалӣ гардид. Ҳамчунин, Ӌамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоӌикистон ба беморхонаи ноҳиявии Ванӌ дастгоҳи нафаскашии сунъӣ тақдим намуд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои ёрӣ ба ниёзмандон хазинаи махсус таъсис дода, 100 корманди донишгоҳ маоши якрӯзаи худро ба ин хазина эҳдо намуд.
Аз рӯзи расман эълон шудани хуруӌи коронавирус дар Тоӌикистон ризокорон чун неруи муташаккили ӌомеа фаъолияти шоистаи таҳсин анӌом медиҳанд.Мардум ба ризокорон, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, неру ва малакаи худро бемузд ва бе ӌуброни хароӌот ба манфиати ӌомеа сарф мекунанд, бо эҳтироми махсус менигарад ва талабҳои онҳоро иӌро менамоянд. Ризокорон дар тақсими маводи доруворӣ, зиддиуфунӣ, маълумотномаҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ саҳми арзанда мегузоранд. Масалан, танҳо ризокорони Ӌамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон дар безараргардонии 120 манзили истиқоматӣ, 20 мағоза, бинои «Амонатбонк», бунгоҳҳои саломатӣ, дорухонаҳо, ширкатҳои мобилӣ ва барқӣ, корхонаи ордбарорӣ, толори варзиш ва терминали мусофиркашӣ ширкат варзида, ба 13 хонаводаи ниёзманд маводи ғизо иборат аз орд, равған, шакар, пиёз, картошка кумак намуданд. Гурӯҳе аз ин ризокорон дар ҳамкорӣ бо кормандони БДА дар назди постгоҳ истода, бо ронандагони ӌавон ба манзури ӌилавгирӣ аз беҳудагардӣ ва риояи қоидаҳои бехатарии гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.
Дастӌамъӣ ва иттиҳод омили пирӯзӣ бар ҳама чиз - ӌаҳолат, ӌанг, буҳрони иқтисодӣ ва иӌтимоӣ ва тоӌвируси COVID-19 аст.
М. САИД,
ВМКБ