Дар калонтарин ноҳияи вилояти Суғд – ноҳияи Бобоӌон Ғафуров ба тибби оилавӣ бештар таваӌӌуҳ мекунанд. Хабарнигори мо бо Қосимова Малика Султоновна - сарвари шабакаҳои кумаки аввалияи тибби санитарӣ (КАТС)-и ноҳия суҳбат кард.
- Ноҳияи Бобоӌон Ғафуров аз ӌиҳати миқдори аҳолӣ дар вилояти Суғд калонтарин аст, яъне дар ҳудуди он 375 ҳазор нафар мардум зиндагӣ мекунанд. Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар кадом сатҳ аст?
- Бале, ноҳия калон буда, 12 ӌамоати шаҳраку деҳот дорад, дуртарин деҳа аз маркази ноҳия деҳаи Зиёев аст, ки 120 километр масофа дорад. Дар ноҳия 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 31 маркази саломатии деҳот, 50 хонаи саломатӣ, 6 маркази махсусгардонида, 1 стансияи ёрии таъӌилӣ, 13 нуқтаи ёрии таъӌилии деҳот дорем. Дар ҳамаи сохтори КАТС 1727 нафар кор мекунанд, ки 250 нафарашон табиб, 1127 нафар ҳамшира мебошанд. Қариб 76 дарсади табибон ва 66 дарсади ҳамширагон дараӌаи олии тахассусӣ доранд. Ҳозир дар донишгоҳҳои олии тиббии ӌумҳурӣ ва хориӌи кишвар 600 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳияи Бобоӌон Ғафуров таҳсил доранд, ки солҳои оянда мо аз кадр танқисӣ нахоҳем кашид. Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар нимаи якуми соли равон дар ноҳия нисбати ҳамин давраи соли гузашта миқдори касалиҳои сироятӣ, фавти кӯдак 2 баробар, зоиши хонагӣ 5 баробар кам шудааст.
- Воқеан, ин нишондиҳандаҳо фараҳбахш мебошанд. Кадом омилу сабабҳо боиси кам шудани бемориҳо гардидаанд?
- Мақсади асосии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ пешгирии касалиҳо мебошад. Дар назди шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 7 маркази амудӣ фаъолият мебаранд: маркази тарғиби тарзи ҳаёти солим, маркази мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам, маркази ҳимоя аз бемории сил, маркази эмгузаронӣ, маркази бемориҳои руҳию наркологӣ, маркази ҳамбастагии кӯдакон, маркази солимии репродуктивӣ. Бо ҳамдастии ин марказҳо ва ӌалби кормандони дигари тиб мунтазам дар маҳалҳо дукончаҳо ва корвонҳои саломатӣ ташкил карда мешаванд, ки боиси то андозае баланд гардидани маърифати тиббии мардум гаштаанд. Ба фикри ман, рушди тибби оилавӣ ҳам дар ин самт омили муҳимест. Аввалҳо бисёриҳо моҳияти тибби оилавиро дарк намекарданд, ҳатто зид ҳам буданд. Бубинед, алҳол ба ҳар 600 нафар аҳолӣ 1 ҳамшираи тиббӣ ва ба ҳар 1200 нафар як духтури тибби оилавӣ вобаста карда шудааст. Табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ бо шароити зист ва ҳамаи аъзои хонаводаи вобаста будаашон, аз кӯдаки навзод то пири он шинос ҳастанд, кадом касалӣ доштанашонро медонанд. Азбаски аз ҳамаи соҳаҳои тиб дар курсҳои такмили ихтисоси тибби оилавӣ огаҳӣ пайдо кардаанд, метавонанд бевосита кумаки аввалия расонанд, дар сурати вазнин будани аҳволи бемор онро ба қабули духтурони соҳавӣ мефиристонанд.
- Вазъи бинову иншооти сохтори КАТС, таъминот бо таӌҳизоти муосири тиббӣ дар ноҳия чӣ гуна аст?
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронӣ ва паёмҳои худ таъкид мекунанд, ки сарвати бебаҳои давлат ин саломатии миллат аст. Бинобар ин дар ноҳияи мо ба масъалаи сохтан ва таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ таваӌӌуҳи хос зоҳир карда мешавад. Дар доираи чорабиниҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоӌикистони азиз мо бо дастгирии мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва МИҲД-и ноҳия, соҳибкорони саховатманд чанд биноро сохта, ба истифода додаем. Баъди супориши Пешвои миллат соли 2018 дар ҳудуди ноҳия 15 нуқтаи хатна мавриди истифода қарор гирифтанд, ки бо таӌҳизоти беҳтарин ва воситаҳои дилхушии кӯдакон таъмин мебошанд ва хизматрасонӣ дар онҳо ройгон аст. Маркази саломатии ноҳиявӣ соҳиби бинои нави дуошёна бо 5 ҳуӌраи корӣ ва маӌлисгоҳ гардид. Дар деҳоти Чашмасор 2 хонаи нави саломатӣ сохта, бинои маркази саломатӣ аз таъмир бароварда шуд. Умуман 20 маркази саломатӣ аз таъмири ӌорӣ ва маркази саломатии деҳоти Ғозиён ва шуъбаи ёрии таъӌилии он аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. 15 асбоби сабти барқии дил, дастгоҳҳои рентгению флюрографӣ, таӌҳизот барои таҳлилгоҳҳо, ҳуӌраҳои физиотерапевтӣ аз ҳисоби буӌети маҳаллӣ ва маблағҳои махсуси КАТС харидорӣ кардем ва онҳоро дар муассисаҳои тиббӣ насб намудем. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки беморон бевосита дар маҳалли будубоши худ аз хизматрасониҳои муосири тиббӣ баҳравар шаванд. Алҳол тибқи нақшаи соли равон сохтмони ду бинои иловагӣ дар маркази саломатии «Хуӌанд»-и деҳоти Исфисор, маркази саломатии «Бахт-и деҳоти Хистеварз, маркази саломатӣ дар деҳоти Зарзамин, маркази саломатии 3-ошёна дар шаҳраки Ғафуров, 1 ошхона барои кормандон, нуқтаи ёрии таъӌилӣ дар деҳоти Исмоил, 2 хонаи саломатӣ ва 6 нуқтаи таваллуд дар маҳалҳои дурдасттарини ноҳия бо суръату сифати баланд давом доранд.
- Табиби идеалӣ аз назари Шумо кист?
- Тавре ки пири табибони Машриқзамин, фарзанди фарзонаи халқи тоӌик Абӯалӣ ибни Сино ҳам фармудаанд, нахустин василаи табобат сухан аст, сухани ширин. Бояд табиби имрӯз хоксортарин фарди ӌомеа бошад, ба беморон бо беҳтарин усул муошират кунад, зинҳор дили шикаста ва асаби хастаи худро назди бемор ба намоиш нагузорад. Беморро, ки бо ҳазор умед ба назди табиб меояд, ноумед насозад.
Суҳбатнигор
Ӌ. ЮСУФӣ