Шукрона Шоимардова:
Дар ин рӯзҳои ҳассос ва сарнавиштсоз, ки ӌаҳониён ба бемории ҳамагири нав - вируси COVID - 19 дастбагиребонанд, табибони ҳозиқу шафиқ дар бемористонҳои кишвар ба хидмати халқ камар бастаанд. Ба гунаи афсароне, ки дар набард бар зидди душманон синаи хешро сипар менамоянд ва аз хатари мубтало гардидан наҳаросида, мекӯшанд, ки ба маризон шифо бахшанд.
Хомӯшона, бидуни шиква рисолати азалии хешро сомон медиҳанду ба қасами хеш содиқанд. Рӯзҳову ҳафтаҳо аз дидори азизони хеш: ҳамсару фарзандон, волидону пайвандон ва ӌумла ёру дӯстон дуранд, ба умеди беҳтарин рӯзҳои дидори ӌигарбандон бо модар, ҳамсарон ба ҳамдигар ва падарон ба фарзандон, то боз ҳам ба дидори хуршедӣ бирасанд ва аз чашмаи меҳру садоқат ниюшидан намоянд.
ӯ аз шумори пизишконест, ки ӌони худро бар ивази ӌони беморон ба гарав гузошта, монанди аксари ҳаммаслаконаш шифохонаро хонаи дувуми хеш қарор додааст.
Шукрона Шоимардова шурӯъ аз соли 2016 дар таваллудхонаи МДМТ «Истиқлол» - и Душанбе ба ҳайси табиби акушер - гинеколог фаъолият менамояд. Бо пайдо шудани бемории COVID - 19 тасмим гирифт, ки дар паҳлуи табибони сироятшинос қарор гирифта, ба маризон шифо бахшад ва ба савгандаш содиқ бимонад. Кунун муддатест, ки ӯ дар роҳи мубориза бо бемории нави коронавирус ва барқарор намудани саломатии маризон дар бинои 7-и муассиса ӌидду ӌаҳд менамояд.
Рӯзҳои аввали хуруӌи беморӣ аҳли хонаводаро андаке тарсу ваҳм фаро гирифта буд. Вале баъди андешаи амиқ дарк кард, ки ӌасорати духтуриро набояд аз даст дод ва чун кӯҳҳои сарбафалак роҳи ин бемориро мебояд сипарвор гирифт. Чеҳраҳои ғамолудаву дидаҳои интизори мардум аз мадди назараш дур намерафтанд. Дар моварои ҳарб бо дарди дармондагон нисбат ба тақдири ҳар яки онҳо бетафовут набуд.
Рӯзи аввал бо беморони ин маризӣ аз хотираш зудуда намегардад. ӯ, ки ҳамеша бо бонувон сару кор дорад, дар ин сангари набард қишрҳои гуногуни ӌомеаро вохӯрд, ки аз ӯ илтиӌо менамуданд, то ба дардашон даво бахшад. Ҳар гаҳе дарди маризе шиддат мегирифту аз ӯ хоҳиши таскин бахшидани дардашро мекард, пайи дармон мешуд, аммо дарун - дарун мегирист ва аз даргоҳи Илоҳӣ илтиӌо менамуд, ки қадами нопоки ин маризиро батамом пок созад.
Дар симои ҳар як бемор шахси наздиктарини хешро медиду дарди эшонро дарди худ мепиндошт ва рӯҳан азоб мекашид. Бо гузашти чанд муддат дигар дар вуӌудаш аз тарс дарак намонд ва дарк сохт, ки дар лобалои ин беморӣ мебояд бо ӌасорати бузург истодагарӣ кард. Пас аз ин, ба ҳар як бемор бо лутфу меҳрубонӣ мефаҳмонд, ки иродаи устувор ва нотарсӣ нисфи табобат аст.
Ҳар рӯзи кориро аз аёдати беморон шурӯъ менамояд. Ба қавли ӯ, ба ҳар як духтур нигоҳубини 20 бемор рост меояд, ки давоми 8 соати корӣ ба як по рост истода, вазъи сиҳатии онҳоро назорат мебаранд ва доруву дармон мегузаронанд. Пас аз хоб рафтану барқарор намудани қувваи корӣ боз дубора пайи коранд. Чунин ҳол давоми 14 рӯз идома меёбад. Тамоми шаб навбатдорӣ намудан ва мунтазам беморонро нигоҳубин кардан, агарчи сангин аст, дарк месозад, ки рисолати ӌонии онҳост. Дар ин лаҳзаҳо барои Шукрона дур будан аз канори ӌигаргӯшаҳояш гарон аст. Тамоси телефонӣ ва дидор тариқи он ба ӯ имкон медиҳад, то заррае ҳам бошад, хумор бишканад.
- Дурӣ аз наздикону пайвандон маро дилреш месозад, аммо бо дарки вазъ ва масъулияти хидматӣ рӯҳбаланд мегардам, ки ба таври худ қаҳрамонӣ мекунем. Бештар фарзандон хоҳиши зиёди дидорро доранд ва мехоҳанд маро сахт ба оғӯш бигиранд. Аммо назди иӌрои ин хоҳиш дармондаем, зеро мебояд аз эҳтиёт кор бурд. Пас аз 14 рӯзи рухсат шудан ҳамоно худро аз пайвандон канор мегирам, то мабодо ба онҳо осебе расад. Ин ҳолат барои модару фарзандон ниҳоят гарон аст, - мегӯяд Шукрона.
Ба ин бонуи фидоӣ давобахшӣ ба бемороне, ки мунтазири ёрии ӯянд, волотар аз ҳама кор аст. Чун дарк месозад, ки маризонро низ мисли ӯ дар хона интизоранд. Дар ин даврони пуризтироб ҳеӌ гоҳ фикри канор гузоштани пеша накардааст. Бо риоя намудани қоидаҳои бехатарию муҳофизатӣ ба дарди дардмандон дармон мебахшаду худро саломат нигаҳ медорад. Ҳар гоҳе, ки маризе шифо меёбад, рӯҳи наве ба ӌонаш медамад.
Дар фарӌом аз ҳамватанон даъват ба амал овард, то баҳри ҳифзи саломатии худ ӌиддан камар баста, тавсияи табибонро риоя намоянд. Ба таҳлука дода нашаванд, зеро дар бисёр мавридҳо тарсу ваҳм бемориро дар вуӌуди инсон шиддат мебахшад. Нияти нек ва андешаҳои нек имкон фароҳам меоранд, то мардум аз ин беморӣ офият бимонанду кори табибон низ саҳл гардад.
- Бо ҳама душвории вазъ дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иӌтимоии аҳолии кишварро эҳсос мекунем. Ғайр аз ин, зиёд мардумони саховатпеша ба мо дасти ёрӣ дароз менамоянд, ки аз ин хеле сарфарозем. Нафаре аз ғизо ва лавозимоти тиббӣ танқисӣ намекашад, бахусус табибон. Танҳо мебояд аз эҳтиёт кор гирифта, саломатии худро ҳифз намуд, - меафзояд Шукрона Шоимардова.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ