Бонувони шифокор
ё посухи 3 посбони саломатӣ
Соли 2020 башарият дар доми балои бемории нави вогире уфтод, ки сабабу омилҳо, муҳаррикон ва роҳҳои наӌот аз онро пажӯҳишгарон то кунун ӌустуӌӯ доранд. Дареғо, ки пойи номубораки вируси манҳуси корона ба кишвари орому осудаи мо ҳам расид ва низоми кору рӯзгорро то андозае халалдор кард. Хушбахтона, бо андешидани тадбирҳои муфид аз ӌониби Ҳукумати кишвар ба ин бало пирӯз хоҳем шуд. Бонувон – афсарону аскарони сипоҳи саломатӣ баробари дигар шифокорон дар вилояти Суғд низ далерона мубориза мебаранд.
Барои воқиф шудан аз корнамоиҳои бонувони ӌоннисор ба се нафар аз онон бо ду суол муроӌиат кардем.
1. Чӣ шуморо водор сохт, ки пешаи шифокориро интихоб намоед?
Дилафрӯз Ҳасанова – пизишки ӌарроҳ, муовини сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ:
- Модарам Раъно Азаматова ҳамшираи шафқати шуъбаи ӌарроҳии калонсолони беморхонаи марказии ноҳия буданд. Падарам полковники мустаъфии милитсия, номзади илми равоншиносӣ, рӯзноманигор Ҳасанӌон Ҳасанов мебошанд.
Ман бештар ба касби модар ҳавас доштам. Ҳар гоҳе ки ба ӌойи корашон мерафтам, хилъати сафед дар бар ба чашмам мисли фаришта менамуданд ва ҳар боре ки шифоёфтагон ба он кас изҳори сипос менамуданд, ҳавасам меомад. Аз он пас тасмим гирифтам, ки касби модарро интихоб мекунам.
Баъди хатми мактаби шаҳраки Бӯстон шомили омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуӌанд гардидам. Соли 2001 омӯзишгоҳро хатм ва дар шуъбаи ӌарроҳии калонсолон, ҳамон ӌое, ки модарам кор мекарданд, ҳамшираи шафқат шудам. Бо маслиҳати мудири вақти шуъба, пизишки номдори кишвар шодравон Саидшоҳ Акрамов, исрори модар ва розигии падар соли 2006 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоӌикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳуӌӌат супурдам ва ба орзуи деринаам расидам.
Соли 2012 донишгоҳро хатм ва интернатураро дар беморхонаи якуми шаҳри Душанбе гузаштам. Соли 2013 корро дар шуъбаи ӌарроҳии калонсолон ба сифати ӌарроҳ оғоз кардам, ки баъдан мудири амалиётхона таъйин шудам.
Аз соли 2017 муовини сартабиби ноҳия мебошам ва ба ӌарроҳӣ низ машғул ҳастам.
Фирӯзаи Нормуҳаммад – ҳамшираи шафқати беморхонаи марказии шаҳри Панӌакент:
- Орзуҳоям дар овони мактабхонӣ зиёд буданд: гоҳ мехостам муаллима бошам, гоҳе ҳуқуқшинос ва гоҳе духтур.
Шомили омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панӌакент шуда, онро соли 1996 хатм кардам. То соли 1999 дар шуъбаи ӌарроҳии асаби беморхонаи марказӣ ҳамшираи шафқат будам. Пас, маро ба шуъбаи бемориҳои гӯш, гулу ва бинию чашм гузаронданд. То ин дам дар шуъбаи мазкур ҳамшираи калони тиббӣ мебошам. Азбаски ба омӯхтан шавқи беандоза дорам, баробари идомаи кор ғоибона омӯзишгоҳи омӯзгории Панӌакент, Донишкадаи омӯзгории Тоӌикистон дар шаҳри Панӌакентро бо ихтисоси таъриху ҳуқуқ, Донишгоҳи давлатии Хуӌандро бо ихтисоси химияву биология хатм кардаам.
Малоҳат Абдуллоева – ҳамшираи шафқати маркази саломатии №5, шаҳри Хуӌанд:
- Дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадаам. Модарам орзу доштанд, ки баъди хатми мактаб ҳамшираи шафқат шавам ва дар пиронсолӣ ба волидон хизмат расонам. «Агар кор ҳам наёбӣ, ҳеӌ набошад, аҳли оилаи худатро табобат мекунӣ,» – мегуфтанд модарӌонам. Бе дудилагӣ ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуӌанд ҳуӌӌат супурда, донишӌӯ шудам.
Соли 1990 баъди хатми омӯзишгоҳ шаш моҳ дар маркази ноҳия ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор кардам. Баъди ба шавҳар баромадан ба шаҳри Хуӌанд кӯчидем. Аз соли 1994 дар маркази саломатии № 5 дар вазифаи ҳамшираи таҳлилгар фаъолият дорам.
2. Муассисаи шумо ба ҳуӌуми коронавирус омода буд ё на?
Дилафрӯз:
- Дар ноҳияи Мастчоҳ, дар охири роҳи Душанбе – Хуӌанд - Чаноқ посгоҳи марзии Фотеҳобод воқеъ аст ва нахустин мусофирони ба кишвар воридшударо дар шуъбаҳои сироятӣ 14 - рӯза карантин кардем. Сипас, ба омодашавии ӌиддӣ оғозидем. Таъӌилан 80 кати табобатиро ба қабули беморони эҳтимолӣ омода намудем, ҳамаи духтурону кормандони миёна ва хурди тибро ба омӯзиш фаро гирифта, онҳоро бо дастуру маълумотномаҳо, воситаҳои инфиродии муҳофизат таӌҳизонидем. То 21 майи соли равон 69 беморро ба табобат фаро гирифтем, 46 нафар комилан сиҳат шуда, ӌавоб шуд, 23 нафар табобат гирифта истодааст, ки ҳолати 4 нафар нисбатан вазнин аст. Хушбахтона, ягон ҳодисаи фавт нест. Бояд гуфт, ки аз ӌониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳия, саховатмандони олиҳиммати диёр, мардуми одӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ғамхориҳои бесобиқа зоҳир карда шуданд.
Малоҳат:
- Бо мавӌуд будани вируси нави корона дар Тоӌикистон ҳар рӯз қариб 500 нафар ва аксар бо шикоят аз табу сулфа ба маркази саломатии мо муроӌиат мекард, ки ин ғайримуқаррарӣ буд. Азбаски сартабиби марказ, пизишки ҳозиқ ва инсони кордон Музаффар Наӌимов дар ӌамъомадҳои қаблӣ аз омадани чунин хатар моро огоҳонда буданд, тадбирҳои муҳофизатӣ андешида, муроӌиаткунандагонро бо сухани хуш, бе воҳимаю ҳангома қабул ва роҳи табобатро мефаҳмондем, тасаллӣ медодем. Тавсия медодем, ки дар ин шароит беҳтар аст, дар хона бимонанд ва духтурону ҳамшираҳои тибби оилавиро даъват намоянд.
Оҳиста - оҳиста мардум фаҳмид, ки дар хона нишастан, ба қоидаҳои гигиению санитарӣ риоя кардан, табибонро ба хона даъват намудан беҳтар аст аз он, ки ӌони худу дигаронро ба хатар монда, баҳудаю беҳуда ба маркази саломатӣ оянд. Алҳол шумори муроӌиаткунандагон рӯзе 200 -300 нафар аст ва он торафт кам шуда истодааст.
Фирӯза:
- Азбаски яке аз нишонаҳои бемории навзуҳур дарди гулу аст, дар нахустин рӯзҳои баъди эълони расмии пайдоиши коронавируси нав дар ӌумҳурӣ сафи муроӌиаткунандагон ба шуъбаи мо афзуд. Ин ғайричашмдошт ҳам набуд. Сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Маҳмадмурод Сафаров, мудири шуъба Муртазо Ӌӯразода хеле пештар моро ба ин ҳолат тайёр карда буданд. Тамоми ҳуӌраҳо ва атрофи беморхона, шурӯъ аз таги дарвоза, таъӌилан безарар гардонда шуданд. Ҳатто ба посбон низ либоси махсуси муҳофизатӣ пӯшондем. Бе ниқобу дастпӯш ворид шудан ба шуъба қатъиян манъ гардид. Дар шуъбаи мо 30 нафар дар посбонии саломатии мардуми шарифамон мебошад: 8 духтур, 14 ҳамшираи шафқат, 8 оростакор.
Ҳар се хоҳарони шафқат ба суоли сеюм: «Мардум ба шумо чӣ ёрӣ бирасонанд?» тақрибан як хел посух доданд: «Дар хона нишастан ва қоидаҳои тозагиро риоя кардани мардум беҳтарин ва бузургтарин ёрӣ ба шифокорон аст».
Ӌӯёи Суғдӣ, вилояти Суғд
Бонувони шифокор
ё посухи 3 посбони саломатӣ