Бо Ватан ҳастам
- Соли 1992, пас аз хатми ординатураи клиникии Институти тиббии № 1 ба номи академик И.П.Павлови шаҳри Санкт -Петербург аз се толибилми тоӌик дархост шуд, ки кунун дар Тоӌикистон ӌанг асту корро ҳамин ӌо идома диҳед. Иқрор омадем, ки дар ҳама ҳолат бо Ватан будан вазифаи фарзандии мост. Чун тайёраҳо ба Тоӌикистон парвоз намекарданд, бо қатора ба роҳ баромадем, - бо эҳсос ёд меорад Баҳринисо Исоева, номзади илмҳои тиб, мудири кафедраи беҳдошт, эпидемиология ва бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон.
Рӯзгори ин бону чун тасмаи филм пур аз моӌарост. Айёми ӌанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки аксарият тарки пеша намуда буданд, зери борони тир мардонавор сӯи коргоҳ мешитофту дар хизмати халқ буд.
Дар оғоз пайи ӌустуӌӯи кор Баҳринисо ба таваллудхонаи № 1-и шаҳри Душанбе муроӌиат намуд. ӯро ба раёсати тандурустии шаҳр фиристоданд. Пас аз суҳбат роҳбари идора Ӌумъабой Сангинов ба ӯ тавсия дод, ки ҳамчун сармутахассис дар раёсат ба фаъолият оғоз намояд.
Посдори пеша
- Азбаски ӌавон будам, тарс аз он доштам, ки аз уҳдаи вазифаи пурмасъулият баромада наметавонам. Аммо Ӌ. Сангинов бовар кунонд, ки мушкиле пеш ояд, метавонам аз онҳо маслиҳату машварат пурсам. Сол душвору пуртаҳлука буд. Идораи мо дар маркази шаҳр (ҳоло боғи устод Рӯдакӣ) воқеъ буду масофаи зиёдро пиёда тай намуда, ба коргоҳ мерасидем. Муҳаббат ба пеша, ба хотири беҳдошти сиҳатии мардум сӯи коргоҳ мешитофтем, агарчи маош намегирифтем. Хуруӌи бемориҳои сироятӣ - домана, вараӌа ва бемории гелиотропӣ зиёд буданд. Шаборӯз кор мекардем ва ҳатто хона ба хона мегаштем, - мегӯяд Баҳринисо.
ӯ ин пешаро аз бибии меҳрубонаш мерос гирифтааст. Тамоми аҳли деҳаи Ғиӌовак ва гирду ванаи ноҳияи Данғара холаи Шарифаро чун момодоя ва табиби маҳал хуб мешинохтанд. Баҳринисои хурдакак шабу рӯз бибиашро ҳамроҳӣ мекард. Медид, ки мардум чи қадар ба табибон ниёз доранд. Аз эҳтироми мардум нисбат ба бибии доною мададрасонаш ифтихор дошту дар дил орзуи духтур шуданро мепарварид.
Шуълачаи меҳр дар дилаш фурӯзон шуду бо роҳнамоии падараш орзуи Баҳринисо ӌомаи амал пӯшид. Қиблагоҳ барои таҳсили хуб гирифтани фарзандон ба шаҳри Душанбе кӯч баст. Баҳринисо низ бо баҳои аъло МТМУ № 77-ро ба поён бурда, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоӌикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд. Пас аз хатми донишгоҳ дар беморхонаи вилоятии шаҳри Левакант таҳсили интернатура карда, сазовори ихтисоси акушер-гинеколог гашт ва тибқи роҳхат ба ноҳияи Абдураҳмони Ӌомӣ фиристода шуд ва муддати се сол ба ҳайси акушер - гинеколог дар беморхонаи минтақавии Ӌамоати деҳоти Яккатут фаъолият бурд.
Барои сайқали дониш солҳои 1990–1992 дар ординатураи шаҳри Санкт- Петербург таҳсил намуд. Баъди се соли фаъолият дар раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Баҳринисо қарор дод, то боз ба илм бипайвандад. Баъди озмоишу пажӯҳишҳои зиёд таҳти роҳбарии устодаш М. К. Абдураҳмонов дар мавзӯи «Истифодаи антиоксидантҳо ҳангоми табобати комплексии илтиҳоби узвҳои занона» рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд.
Ёрӣ ба кишвари ӌангзада
Баъд аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ба ҳайси ассистент дар кафедраи акушерӣ-гинекологии № 2 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ба фаъолият пардохт.
- Рӯзе ҳайати дафтари хориӌие омада, пешниҳод намуданд, ки барои кор дар марзи Афғонистон акушер-гинеколог зарур аст. Ин дархостро қабул кардам ва ду сол бо онҳо кор кардам. Тӯли фаъолият бо момодояи бритонӣ Валери Поуэл дӯстӣ пайдо намудам. Рӯзе ӯ пешниҳод кард, ки дар вилояти Тахор барномаи омӯзишии момодояҳои маҳал шурӯъ мегардаду оё ман хоҳиши бо онҳо пайвастанро дорам? «не» гуфта натавонистам. Ҳамин тавр, сӯи Афғонистон роҳ пеш гирифтем ва барои баланд бардоштани донишу малакаи момодояҳои маҳаллии ин кишвари ӌангзада дар вилоятҳои Бағлон, Қундуз ва Тахор фаъолият бурдем, - иброз дошт Баҳринисо Исоева.
Аз сафари Баҳринисо ба Афғонистон волидон сахт нигарон буданд. Падар зиёд мехост, ки ӯ ба зодгоҳ баргашта, дар тарбияи мутахассисони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон саҳм гирад. Ба хотири дуои падар ӯ ба зодбум баргашт. Дар вохӯрии аввалин бо ректори донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон итминон ҳосил кард, ки роҳи дурустро интихоб намудааст.
Шурӯъ аз соли 2018 номзади илмҳои тиб Баҳринисо Исоева ба ҳайси мудири кафедраи беҳдошт, эпидемиология ва бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон фаъолият мебарад.
Имрӯзи донишӌӯён
- Ростӣ, ба донишӌӯёни имрӯза баъзан ҳасад мебарам, ки ин қадар имконияти зиёд доранд. Таӌҳизоти замонавӣ, василаҳои электронӣ, интернету дигар технологияҳои пешрафта барояшон фароҳам аст. Онҳо хеле пешрафтаанд ва ҳам забондону фаҳмиши хуб доранд. Аз он бештар хурсандам, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар духтарон барои таҳсил ӌалб шудаанд. Дар замони мо духтарони минтақаҳои дурдаст дар дошишкадаҳо қариб ки таҳсил намекарданд, - ироа намуд табиби ҳозиқ.
Баҳринисо Исоева модари ду гулдухтар ва 5 набера буда, хушҳол аст, ки фарзандон низ баҳри ӌомеа нафърасонанд. ӯ ҳамчун модар ва бибии хушбахт аз сулҳу суботи кишвар меболаду шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ менамояд.
- Ҳоло дар кишвар нарасидани 13 ҳазор духтур ба чашм мерасад. Хушбахтона, ба наздикӣ клиникаи донишгоҳ бо таӌҳизоти муосир, озмоишгоҳҳои вирусологиву иммунологӣ бо 80 кат барои беморони сироятёфта ба фаъолият шурӯъ менамояд. Донишӌӯён дарсҳои назариву амалиро метавонанд дар ин клиника гузаронанд. Умед мебандем, ки ин даргоҳ беҳтарин мутахассисони соҳаи тибро тарбият хоҳад кард, - афзуд дар фарӌом Баҳринисо Исоева.
Фарзона ВОСЕЕВА,
ноҳияи Данғара